logo

фарҳанг

ПАРЧАМ. ДАЪВАТ БА МУТТАҲИДӢ

Ба бостоншиносон муяссар гардидааст, ки танҳо таърихи беш аз 4 000 - солаи пайдоиши парчамро собит созанд. Тибқи назари муҳаққиқон, нахустин ливоҳо дар қадимтарин давлатҳо – Бохтар, Эрон, Чин, Миср ва Рим пайдо шудаанд.
Зуҳури дирафш миёни мардуми ориёинажод ба замонҳои хеле қадим ишора менамояд. Дар пайи ҷустуҷӯиҳои бостоншиносӣ, дар қисми шарқии Эрони бостон парчами филизӣ пайдо гардид, ки ба асри III пеш аз милод тааллуқ дорад. Дар он сурати шер ва офтоб акс ёфтааст, ки яке аз қадимтарин дирафш дар таърихи инсоният ба шумор меравад.
Парчамҳо дар ибтидо шакли имрӯзаро надоштанд, яъне, на аз матоъ, балки аз ашёҳои гуногун ва дар шаклҳои мухталиф сохта шуда,  муносибати одамонро ба ин ва ё он ҷамъият ифода мекарданд. Маъмулан, дар қисми болоии чӯбнайзае сипар, тасвири як ҳайвон, як даста пари паранда ва ё пӯсти ягон ҳайвони ваҳшӣ насб карда мешуд. Бо пешрафти шуури инсонӣ ба шаклу мазмуни дирафшҳо дигаргуниҳо ворид гардиданд.
Мувофиқи назари муҳаққиқон, ливои матоӣ аввалин маротиба аз тарафи румиҳо таҳия шудааст. Парчами онҳо шакли чоркунҷа дошт. Бар сари найза чӯберо ба таври уфуқӣ насб карда, дирафшро бар он мебастанд. Чунин парчамҳо миёни ҳама ҷомеаҳои инсонӣ то асрҳои миёна маъмул шуд.
Нуктаи дигари ҷолиб ин аст, ки дусад сол пеш парчам чун нишони расмии давлат шинохта намешуд. Имрӯз бошад, тамоми давлатҳо парчам доранд ва онро болои кохҳои баланд барафрохта, ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ эҳтиром менамоянд.
Муқаддас будани парчамро рамзҳояш ифода мекунанд. Масалан, кабутар рамзи сулҳ, гулчанбари сар ё тоҷи ифтихор рамзи шаъну шарафи инсонӣ,  муҷассамаи зани чашмбаставу дар як даст мизон ва дар дасти дигар шамшер рамзи адолати судӣ ба ҳисоб меравад. Дар парчами давлатии Ҷопон доираи сурх ҳамчун рамзи кишвари тулӯи офтоб тасвир шудааст.
Муҳимтарин хосияти рамз дар дирафш моҳияти фарҳангӣ - идеологӣ доштани он аст, ки аз азал то имрӯз вазифаи даъват ба муттаҳидиро доштанд.
Таҳияи Бахтовар КАРИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2018    №: 228    Мутолиа карданд: 987
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед