фарҳанг
ПАРЧАМ. РАМЗИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлатдорӣ боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар шахси худогоҳ аст. Бо дидани алвонҷхӯрии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замири ҳар фарди ватандӯсту хештаншинос ҳисси ғурури миллӣ бедор мешавад.
Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз замонҳои қадим барои ифодаи мавқеъ ва манзалати худ аз парчам истифода бурдааст. Ба ёд оварем асари мондагори Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ – «Шоҳнома»-ро: маҳз Коваи Оҳангар пешдомани чармии худро гирифта, аз он парчам сохт ва барои хотима гузоштан ба беадолатиҳо камар баст. Яъне, орзую омол ва хоҳишҳои башарии худро мардуми мо аз азал тавассути парчам ифода мекард.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун муаррифгари кишвар дар тамоми вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатӣ, сафорату намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар парафшон аст. Парчами мо ифодагари нангу номи мо буда, дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзи соҳибихтиёрии мост.
Боиси сарфарозист, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва ҳамасола дар Ватани маҳбубамон ин сана ҳамчун ҷашни миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Имрӯз Парчами зебои Тоҷикистон дар кулли муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшон буда, ифодагари истиқлолият, озодӣ, сулҳу субот ва сарсабзии кишвар аст.
Мутриба ТӮЙЧИЗОДА, омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.11.2018 №: 228 Мутолиа карданд: 927