ҳуқуқ
МИЛЛАТ ВА ПАРЧАМ
Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Парчамдориву парчамбардории халқи мо таърихи қадима дошта, аҷдодонамон аз ибтидои тамаддуни башарӣ соҳиби рамзу нишони худ буданд. Дар ин миён Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус буд. Бозёфтҳои таърихӣ, ҳафриёту навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то замони мо ба мерос расидаанд, далели ҳамин гуфтаҳост.
Ба пайдоиши парчам дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик мутафаккирону адибони зиёде ишора кардаанд, ки муҳимтарини онҳо Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Ин мутафаккири барҷастаи тоҷик пайдоиши парчамро ба муборизаи Коваи оҳангар алайҳи зулму истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад. Дар «Шоҳнома» - и безаволаш, ки яке аз асарҳои ватандӯстию мардонагист, Фирдавсӣ доир ба муборизаи Коваи оҳангар ва қаҳрамониву ватандӯстии ӯ маълумоти муфассал додааст. Яъне, Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш карда, мардуми ситамдидаро барои мубориза даъват намуд ва халқ низ зери он дирафш ҷамъ омаданд. Кова шӯришгаронро ба назди Фаридун, ки вориси қонунии сулолаи Пешдодиён буд, овард ва Фаридун дирафшро бо 4 ситораи тилло, сангҳои қиматбаҳо, лентаҳои сурху зард ва бунафш оро дода, номашро Дирафши Ковиёнӣ гузошт. Аз ҳамон замон сар карда, парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул гардид.
Дар асри XX дар баробари Парчами давлати шӯравӣ, Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ парафшон буд. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар як ҷумҳурии аъзои онро мебоист, ки парчами ягонаи худро қабул кунанд. Ҳамин буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тоза соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардида буд, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 парчами ягонаи худро қабул кард. Он яке аз рамзҳои муҳими давлатдории муосири мо, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои намояндагони тамоми халқҳои муқими Тоҷикистон гардид.
Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи баргузории чорабиниҳои идона ба муносибати ба 15 - умин солгарди қабули Конститутсия соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад. Аз ҳамон сол инҷониб, мардуми шарафманди тоҷик ҳар сол 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар фазои сулҳу ваҳдати комил ҷашн мегиранд.
Воқеан, Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои давлату миллат, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқамон мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди равшанзамири ин Ватани биҳиштосоро зарур аст, ки нисбат ба рамзҳои давлатӣ, алалхусус Парчами давлатӣ эҳтироми зиёд дошта бошанд.
Ғолиб ДАМОНЗОДА, корманди Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.11.2018 №: 229 Мутолиа карданд: 976