logo

ҳуқуқ

24 НОЯБР. РӮЗИ БАШОРАТИ СОҲИБИХТИЁРӢ

Суҳроб РӮШАНЗОДА, раиси суди ноҳияи  Сино

Дар қатори чандин ҷашну санаҳои афзунгари эҳсоси ифтихормандиву сарфарозии миллати тоҷик, ки моҳият ва таъйиноти барҷастаи ватандӯстона ва истиқлолпарастона доранду баҳри  ҳамбастагиву сарҷамъии ҳамватанон равона гардидаанд, таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ низ ҷойгоҳ ва мақоми хосро соҳиб аст. Ҳамчун санаи барои мардуми Тоҷикистон муқаддас Рӯзи Парчами давлатӣ боз як нишонаи равшан ва рукни мустаҳками соҳибдавлатӣ ва мустақилият буда, арзиши маънавии он дар ҷодаи иттиҳод, ризоияти аҳли ҷомеа ва сафарбарии миллӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву ормонҳои волои ватандорӣ  хеле бузург аст.
Табиист, ки эҳтиром ба парчам ҳамчун як ҷузъи муқаддасоти миллӣ дар вуҷуди ҳар соҳибватани огаҳдилу худшинос ҳисси азалӣ ва ифтихори абадист, аммо ба гунаи санаи алоҳидаи давлатӣ ҳамчун ҷашн таҷлил намудани Рӯзи Парчам гувоҳи барҳақ ба фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, маданияти ибратбахши сиёсӣ ва садоқати саршори ватанхоҳию меҳанпарастӣ аст.
Бо дарки ҳамин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳанӯз соли 2009  сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатиро зарур шумурданд, ки нишоне аз шинохти воқеии рисолати  муттаҳидкунандаву ҳидоятгари парчам аз ҷониби Сарвари давлат аст.
Мардуми шарафманду ободгари Тоҷикистон парчами миллии хешро рамзи раҳнамоӣ ба сӯи пешрафт, шукуфоӣ, дастоварду музаффарият, рушди устувор, эҷоду таҳкими ҷомеаи амн, давлатдории қавӣ ва фардои пурсаодату дурахшон қарор дода, зери сиёсати оянданигароёнаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами хеш бо ҳам азми иттиҳод бастаанд ва ҷониби фатҳи зинаҳои нав ба нави тақвияти истиқлолияту озодӣ ҳаракат доранд.
Ҳар сокини мамлакатамон ба  ҷозиба,  шукӯҳу неруи илҳомбахши Парчами давлатӣ эътимод намуда, нақшу таъсири онро дар бедор сохтану  ангезиш додани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва садоқати ватандорӣ пураҳамият медонад ва аз ҳамин мавқеи фикрӣ кору амал намуда, иродатмандонаву собитқадамона дар ҷодаи азму талоши мулксозиву тараққиётгароӣ пеш меравад.
Чунин муносибат ва чунин андешамандӣ натиҷа ҳам меоварад, вақте  варзишгарони мо барои пирӯзӣ дар зӯрозмоиҳои бонуфузи варзишии сайёра Парчами давлатии хешро ҳамроҳ мегиранд, бо он меҳру дилбастагие, ки ба Парчами миллии хеш доранд, зафарманд мегарданд, ҳамроҳу ҳамнафас бо Парчами давлатиашон рӯи сакуи мақомҳои ифтихорӣ мебароянд ва ба ҷаҳону ҷаҳониён аз давлату миллати хеш башорати соҳибихтиёрӣ медиҳанд. Дар дигар арсаҳо низ парчам ба ҳамватанони мо дар майдони кору амали созанда, ифтихор ва мададгорӣ мебахшад.
Басо ҳақиқатнигорона хоҳад буд, агар гӯем, ки он ҳама дастовардҳои азим, пешрафтҳои бузургу таърихие, ки мо дар 27 – соли соҳибистиқлолӣ ноил гардидем, таҳти сарварии шуҷоатмандона ва оқилонаи Пешвои миллат ва зери партавфишонии Парчами серангаи давлатиамон ба воқеият табдил ёфтанд. Дар маросими ба истифода додани чархаи нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» вақте  ҷилои садҳо адад парчами болои сари бунёдгарони ин «Кохи нур»-ро медидем, вуҷудамон саршори эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихор мегардид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2018    №: 229    Мутолиа карданд: 945
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед