logo

туризм

САЙЁҲӢ. НАТИҶАҲО БЕШТАР АЗ ИНТИЗОРИҲО

Сайёҳӣ барои  ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифии  таъриху фарҳанг ва сарватҳои  табиию анъанаҳои миллӣ дар ҷаҳон аз бахшҳои муҳим  ба ҳисоб меравад. Бо мақсади тараққӣ додани соҳа муаррифии  шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат  дар арсаи байналмилалӣ ва ба  ин  васила  ҷалб намудани  сармоя барои соҳаҳои дигари иқтисоди миллӣ  бо  иқдоми  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.
Ин ташаббус барои соҳибкорону ҳунармандони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои фарохи фаъолиятро фароҳам овард. Ширкатҳои сайёҳӣ аз дастгириҳои навбатии давлату Ҳукумати Тоҷикистон бархурдор шуда, фаъолияти чашмрас нишон дода истодаанд. Ҳамин аст, ки  дар як муддати кӯтоҳ дар самти сайёҳӣ пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Гузашта аз ин, тадбири мазкур  барои тарғибу ташвиқи васеи мавзеъҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва анъанаҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд.
Баробари дастовардҳои ба дастомада барои боз ҳам  тақвият додани хизматрасонии сайёҳии дохилӣ  давлату Ҳукумат ба беҳбудии инфрасохтори он, омӯхтани таҷрибаи давлатҳои дигар,  ҷалби мутахассисони кордон ва  сармоягузорӣ  таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ин росто, бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имтиёзҳои назарраси андозию гумрукӣ пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, тибқи муқаррароти махсуси қонунгузорӣ ширкатҳои сайёҳӣ давоми панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ -  меҳмонхона, осоишгоҳ,  истироҳатгоҳҳо, марказҳои хизматрасонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуданд. Ҳамчунин,  меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомошинаҳои нави сабукрав 50 дарсад коҳиш ёфт, ки ин амал ҳавасмандии соҳибкоронро ҷиҳати фаъолият дар ин бахш ва рушди инфрасохтори он  бештар менамояд.
Дар кишвар ба омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ беш аз даҳ муассисаи олии таълимӣ ва миёнаи махсус машғуланд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол сафи мутахассисони бомаҳорат дар ин бахши ояндадори мамлакат зиёд мегардад. Аз ҷумла, баҳри омӯзиши таҷрибаи кишварҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта мунтазам мутахассисони соҳибтаҷрибаи давлатҳои дигар даъват карда мешаванд.
Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони 78 кишвар низоми содакардашудаи раводиди электронӣ ҷорӣ шудааст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, воридоти сайёҳон ба кишвар  сол аз сол зиёд мешавад. Агар соли 2017 ба ҷумҳурӣ беш аз  400 ҳазор сайёҳ ташриф оварда бошад, ин нишондиҳанда танҳо дар  нимаи аввали соли ҷорӣ 900 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.  Тибқи Консепсияи рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2019 то соли 2020 воридоти сайёҳон ба ҷумҳурӣ  то 1 миллион нафар пешбинӣ гардидааст. Нишондиҳандаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати  ҳамаҷониба  дода, барои  рушди  он заминаҳои заруриро фароҳам овардааст ва натиҷаҳои бадастомада бештар аз интизориҳост.
Афзалшоҳ ҲАФИЗЗОДА, донишҷӯйи курси сеюми
факултаи иқтисод ва идораи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2018    №: 230    Мутолиа карданд: 1251
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед