фарҳанг
ИЛМ. Олимони тоҷик ду минерал кашф намуданд
Олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои кишвар дар якҷоягӣ бо кормандони Осорхонаи минерологии ба номи А. Ферсмани Академияи илмҳои Россия, зимни корҳои муштараки илмӣ – саҳроӣ аз ҳудуди кишвар ду минерали нав - «Фалғарит» ва «Бадахшонид» - ро кашф намуданд.
Тибқи иттилои директори институт И. Оймуҳаммадзода, муҳаққиқон минерали «Фалғарит» - ро аз мавзеи Кӯҳи Малик, соҳили рости дарёи Яғноб, «Бадахшонид» - ро аз қисмати шарқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёфта, вобаста ба мавзеи пайдоишашон номгузорӣ намуданд.
Минералҳо дар озмоишгоҳи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология мавриди баррасӣ, омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифта, хосияти физикӣ, кимиёвӣ, кристаллографиашон муайян гардид. Комиссия оид ба маъданҳои нав ва Ассотсиатсияи байналмилалии минерологҳо «Фалғарит» ва «Бадахшонид» - ро аллакай тасдиқ ва эътироф намуданд.
Минерал кандании фоиданоке ба шумор меравад, ки онро табиат худ ба вуҷуд меорад. Он дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ороиш, техникаву тиб васеъ истифода мешавад. То имрӯз дар ҷаҳон 5336 намуди минералҳо муйян карда шуданд. Ҳамасола комиссия оид ба минералҳои нав даҳҳо навъи минералро эътироф ва қабул менамояд. Аммо, айни замон, дар дунё танҳо беш аз 150 навъи минерал машҳур аст. Коршиносон аз Тоҷикистон то имрӯз беш аз 30 намуди минерал пайдо намудаанд, ки «Тоҷикид», «Сурхобит», «Тиёншолит», «Баротовит» аз ҷумлаи онҳост.
Тавре Абдулҳай Файзиев, мудири озмоишгоҳи канданиҳои фоиданоки институт, зимни суҳбат ба мо гуфт: «Танҳо аз дараи Пиёзи минтақаи Рашт олимони кишвар наздики 30 навъи маъданро пайдо намудаанд. Аммо, аз сабаби он ки миқдорашон хеле кам мебошад, онҳоро дар соҳаҳои гуногун истифода намебаранд. Маъданҳоро бештар хусусияти илмиашон омӯхта мешавад».
Бино ба иттилои ӯ миқдори минералҳои ёфтшудаи «Фалғарит» ва «Бадахшонид» низ кам аст. Аммо, корҳои омӯзишӣ идома доранд ва эҳтимол аст муҳаққиқон дар ин мавзеъ боз навъҳои дигари маъданро пайдо намоянд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.11.2018 №: 230 Мутолиа карданд: 1038