logo

ҳуқуқ

БУЗУРГДОШТИ ПАРЧАМ БУЗУРГДОШТИ МИЛЛАТ АСТ

Ҳар як давлати мустақил тавассути Нишон, Парчам ва Суруди Миллии он дар ҷаҳон шинохта мешавад, зеро ин рамзҳои истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат, аз ҷумла ниёгони тамаддун- офар ва фарҳанги миллии мо аз оғози таърих то имрӯз мебошад.
Ниёгони мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, Ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Яъне, Парчами давлатӣ баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Зимнан, рамзҳои давлатӣ, ки парчам яке аз он аст, дар давраҳои вазнини ҳаёти халқу миллатҳо воситаи муассири инъикоси якпорчагӣ ва илҳомбахши муборизаи фидокоронаи фарзандони содиқу вафодори онҳо будааст. Зеро ҳар як фарзанди вафодор ва бонангу номуси миллат гӯшаи Ватан, ҳастии халқ ва ҷовидонагии давлатдории хешро маҳз дар ҳамин рамзҳо эҳсос карда, бо ҳимояи онҳо Модар - Ватанро ҳифз менамояд.
Парафшонии парчам дар ҳар гӯшае баёнгари мавҷудияти миллат ва давлат аст. Аз ҳамин лиҳоз, боиси ифтихор аст, ки дар пештоқи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва бинои дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, ки Тоҷикистон узви онҳо мебошад, парчами мо нурафшонӣ мекунад. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ роҳбалади Сарвари давлат буда, ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони миллат дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди Миллӣ боло мешавад.
Ҷашни Рӯзи парчам - эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати кӯҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд. Яъне, ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.
Сайдалӣ СИРОҶИДДИН, раиси суди ноҳияи
Ҷалолиддини Балхӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2018    №: 230    Мутолиа карданд: 884
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед