ҳуқуқ
КОНВЕНСИЯИ СММ ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК. АЗ ҚАБУЛИ ИН САНАД ДАР ТОҶИКИСТОН 25 СОЛ СИПАРӢ ШУД
Дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» бахшида ба 25 - солагии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак таҳти унвони «Нақши Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар конфронс ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозод, Зафар Сафарализода мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вон Ил Хен директори филиали ташкилоти байналмилалии «Ҳамсоягии нек» дар Тоҷикистон, Лучиано Калестини роҳбари дафтари Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котибони комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдакӣ шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Зафар Сафарализода зимни суханронии худ, иброз дошт, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ва инкишофи озодонаи кӯдак дар Тоҷикистон тамоми корҳо ба анҷом расонда шуда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ба чандин санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон шомил гаштааст, ки яке аз онҳо Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошад. Он ягона санади меъёрӣ - ҳуқуқии байналмилалиест, ки тамоми ҳуқуқҳои кӯдакро ба таври комплексӣ дар худ ҷой дода, дар як муҳлати кӯтоҳ ба қувваи қонунӣ даромадааст. Кишвари мо то имрӯз тамоми уҳдадориҳое, ки аз ин конвенсия бармеояд иҷро намуда, вобаста ба иҷрои он се маротиба гузориш пешниҳод кардааст.
Дар идомаи конфронс директори филиали ташкилоти байналмилалии «Ҳамсоягии нек» дар Тоҷикистон, зикр кард, ки ин ташкилоти башардӯстона дар 38 кишвари дунё фаъолият дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, соли 1998 таъсис дода шуда, ҳадафи асосии он ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон, ҳавасмандгардонӣ ва худтаъминкунонии ҷомеа аст. Ташкилот ҳар сол дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдакон мусоидат мекунад, баргузор менамояд.
- Замоне ки Ҷумҳурии Тоҷикистон конвенсияро қабул кард, дар вазъияти на онқадар хуб қарор дошт. Ин нишонаи он буд, ки давлат тайёр аст кӯдаконро ҳифз намояд, ҳол он ки кишвари нав ба ҳисоб мерафт. Он вақт дар Тоҷикистон кӯдак будан мушкил буд. Агар ба омор назар афканем ҳамон вақт сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 80 дарсад ва фавти кӯдакон аз 1000 нафар 100 - ро ташкил медод. Ҳоло бошад, он бамаротиб коҳиш ёфтааст. Конвенсия як ҳуҷҷат аст, лекин Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист онро ба як ҳадафи муҳими худ табдил диҳад,- иброз дошт Лучиано Калестини.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.11.2018 №: 231 Мутолиа карданд: 1116