иқтисод
МОИ “ПАНҶ”. РӮ БА ГУСТАРИШ
Дар муқоиса бо минтақаҳои дигари озоди иқтисодӣ доир ба фаъолияти МОИ “Панҷ” хеле кам мавод интишор меёбад. Ҳарчанд аз суҳбат бо сардори маъмурияти ин минтақа Ҳасан Маҳмадаминов маълум гашт, ки дар ин ҷо низ корҳои судманд ва қобили таваҷҷуҳ зиёданд ва фаъолияти он, тадриҷан, густурда мешавад.
- Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” соли 2008 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Сари Пули ноҳияи Ҷайҳун ташкил ёфт, яъне ҳамсоли МОИ “Суғд” аст. Дар ин муддат “Суғд” дар истеҳсоли молҳои ворид отивазкунанда, маҳсулоти содиротӣ ва ҷалби сармоя ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Чунин комёбиҳо дар МОИ ”Данғара” ҳам зиёданд. Дар ин манзар Шумо фаъолиятро дар “Панҷ” чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Аввалан, бояд гуфт, ки дар ин ҷо кор аз сифр сар шуд. Яъне, дар замини холӣ ба бунёди инфрасохтор машғул шудан рост омад, ки саҳл нест ва маблағи калон мехоҳад.
Бо вуҷуди ин, айни замон, дар минтақа, ки мувофиқи низомнома, пеш аз ҳама, ҷанбаи тиҷоратӣ дорад, аз 16 субъекти хоҷагии қайдшуда 8 ширкат фаъол аст. Барои фароҳамории шароити мусоид ба онҳо, яъне бунёди инфрасохтори аввалиндараҷа аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 5,9 миллион ва аз ҳисоби даромади худи минтақа 870 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ гардид.
- Ҳамин масъалаи муҳимро васеътар тафсил диҳед. Зеро ширкату соҳибкорон минтақаҳоро бо мавҷудияти шароити зарурӣ афзал мешуморанд, то ки чун омаданд, якбора ба фаъолият шурӯъ кунанд, на аввал бино, анбор ё ягон иншооти дигари ёрирасон созанд.
- То имрӯз деворбардории ҳудуди минтақа, бинои назорати гумрукӣ, роҳи дохилӣ ва пайвастшавии он ба шоҳроҳи Душанбе - Панҷи Поён ба охир расонда шуд. Минтақа бо барқ низ пурра таъмин аст. Махсус зикр карданиам, ки Сарвари давлат, аснои сафари корӣ ба минтақаи мо, хати оби нӯшокиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Он аз масофаи се километр меояд ва дар се обанбори ғунҷоишашон 1000 метри мукааб захира мешавад. Барои таъмини субъектҳо дар ҳудуди минтақа 4 нуқтаи обтақсимкунӣ бунёд кардем. Ба ин васила, аҳолии гирду атроф низ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ ёфтанд. Барои хати оби нӯшиданӣ 2 миллиону 256 ҳазор сомонӣ сарф гашт.
- Дар сафаре, ки зикр кардед, Пешвои муаззам дар минтақа ба бунёди се корхонаи нав санги асос гузоштанд. Самти амали онҳо дар МОИ “Панҷ” чӣ гуна хоҳад шуд?
- Ширкати «Бурок», мувофиқи нақша, ғайр аз тиҷорат ба истеҳсоли равғани офтобпараст аз ашёи хоми маҳаллӣ ва хориҷӣ машғул шуданист. Бо ҷалби сӣ сокини маҳаллӣ ба кор. Барои бунёди иншооти мазкур 2 миллион доллар маблағ сарф намуданист. Иқтидори солонаи он 2 ҳазор тонна буда, равған, асосан, ба Афғонистону Покистон содир мешавад.
Коргоҳи «Танус» истеҳсоли пойафзоли мардона ва занонаро ба роҳ монданист. Он ба маблағи 700 ҳазор доллар сохта мешавад ва дар як сол 500 ҳазор ҷуфт пойафзол мебарорад. Пойафзол бо тамғаи “Танус” дар бозорҳои Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Шри - Ланка, ҳамчунин, Қирғизистону Ӯзбекистон ба харидорон пешкаш мегардад. Албатта, дар бозори дохилӣ ҳам он савдо хоҳад шуд. Зимнан, дар ин ҷо 50 нафар соҳиби кор мешавад.
Дар минтақа ширкати покистонии “RA Interneshnl» нақшаи истеҳсолу савдои рахти хоб, ҷилди болишту ҷойпӯш дорад. Аз ҷумла, соле 360 ҳазор маҷмӯи рахти хоб истеҳсол мешавад. Ҳар се корхона бояд соли 2019 ба фаъолият шурӯъ кунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақа, ҳамчунин, корхонаи истеҳсоли ғӯлачаҳои ҷуворимаккаро кушоданд. Корхонаи ширкати соҳибкори ватанӣ Асрор Рофиев “Ансор групп” ба маблағи 100 ҳазор доллар сохта шуда, соле 100 тонна ҷувориро коркард мекунад. Маҳсулот ҳам дар вилояти Хатлон фурӯхта мешавад ва ҳам Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.
- Дар сомонаи минтақаатон хабаре хондам, ки бо ширкати беларусӣ шартномаи ҳамкорӣ бастаед.
- Аз шаҳри Минск сарони ширкати “Баракат инвест групп” омада буданд. Онҳо бо шароити минтақа муфассал шинос шуданд. Баъди ин тасмим гирифтанд, ки корхонаи орд бо иқтидори солонаи 20 ҳазор тонна маҳсулот ва корхонаи васлу насби тракторҳои тамғаи МТЗ – 80 ва 82 созанд. Ҳадафашон - бозори Афғонистон.
- Оё рост аст, ки дар МОИ “Панҷ” панели офтобӣ бароварда мешавад?
- Бале. Аввали сентябри соли равон намояндагони Ассотсиатсияи соҳибкорони Чин Шан Нан ва Ванг Донг бо маъмурияти минтақа аз ин хусус шартномаро ба имзо расонданд. Чиниҳо ғайр аз панелҳои офтобӣ, ҳамчунин, нияти истеҳсоли зарфҳои пластикӣ доранд. Онҳо барои ин ду лоиҳа то 3 миллион доллар сармоя гузоштанианд. Вақтҳои наздик корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ шурӯъ мешаванд.
- Метавон хулоса кард, ки афзалияту ҷаззобияти МОИ “Панҷ” ба чашми соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ торафт аёнтар мегардад. Акнун мехостам, аз натиҷаи кори то имрӯз анҷомдода чанд сухан бигӯед.
- Дар нуҳ моҳи соли равон дар “Панҷ” ба маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Аз ибтидои фаъолияти минтақа бошад, ин нишондиҳанда зиёда аз 720 ҳазор сомонист. Ҳаҷми сармояи ҷалбшуда аз ду миллион доллар гузашт. Ҳамчунин, 300 ҷои кори доимӣ ва муваққатӣ фароҳам оварда шудааст. Албатта, дар муқоиса бо даҳҳо миллиони МОИ “Данғара” ва “Суғд” дастовардҳои мо хеле хоксоронаанд. Вусъат гирифтани фаъолияти корхонаҳои мавҷуда ва ба кор даромадани субъектҳои нав, ки зикрашон дар боло рафт, ин рақамҳоро хеле боло мебарад.
- Вақте шунидам, ки дар МОИ “Панҷ” корхонаи коркарди нафт ба кор медарояд, дар аввал гумон кардам, ба ҷои “Данғара”, ки он ҷо корхонаи азими коркарди нафт бо иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна ашёи хом дар арафаи ифтитоҳ аст, иштибоҳан “Панҷ” гуфтанд.
- Албатта, корхонае, ки дар минтақаи мо сохта шуд ва ояндаи наздик ба кор медарояд, мисли “ТК Ойл” - и “Данғара” муқтадир нест. Иқтидори корхонаи мазкур коркарди 20 ҳазор тонна нафт аст. Онро ширкати «Фон - Дарё»-и соҳибкори ватанӣ Шоҳназар Абдуллоев бунёд намуд, ки самти фаъолияташ коркарди нафт, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ва биоэтанол мебошад.
Ҳамчунин, дар масоҳати 0,20 гектар сохтмони сардхонаи соҳибкори маҳаллӣ Абдусалим Авазов бо ғунҷоиши 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ анҷом меёбад ва рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Ин мисолҳо далели онанд, ки дар ояндаи наздик минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ба маркази калони логистикӣ, яъне ҳамлу нақли бор ба кишварҳои Осиё, маркази тиҷорат ва сардхонаҳо, инчунин, истеҳсоли молҳои рақобатпазири содиротӣ табдил меёбад. Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки ба шарофати дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ва тадбирҳои судманди Ҳукумати ҷумҳурӣ МОИ “Панҷ” дар ояндаи на он қадар дур барои Тоҷикистони соҳибистиқлоламон дарвоза ба Афғонистону Эрон, Покистону Ҳиндустон то соҳилҳои уқёнуси Ҳинд хоҳад шуд.
Бешубҳа, татбиқи ин ҳама нақшаҳо, вусъати фаъолияти минтақа ва субъектҳои он, пеш аз ҳама, аз вазъи Афғонистон, сарҳади ду кишвар, ҳарчи тезтар дар ин мамлакати ҷангзадаи ҳамсоя муқаррар шудани сулҳу салоҳ вобаста аст. Зеро соҳибкорию тоҷирӣ танҳо дар фазои амн бо дилпурӣ аз оянда рушд мекунад.
Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.11.2018 №: 231 Мутолиа карданд: 1134