иқтисод
МИНТАҚАИ РАШТ. ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зимистонгузаронии аҳолӣ ва муассисаю ташкилотҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат ҳамаи бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ омодагии ҳамаҷониба гирифта, маҳсулоти фаровон захира шудааст.
Дар ноҳияи Рашт дар доираи корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ барои танзими нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои минтақа дар мавсими сармо корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт» - и Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати кишвар 120 тонна шакару равған, биринҷ, макарон, марҷумак, нахӯдпора, ярмаи ҷави босифат захира намуда, ба мардум бо нархи арзон пешниҳод намудааст.
Ба иттилои Тоҷиддин Хушбахтов, сардори корхона, дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, ноҳияҳои Рашту Сангвор, Тоҷикободу Нуробод ва Лахш барои захира ва дар ҳолати зарурӣ пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия анбору дуконҳои корхона кушода шудаанд.
- Тавассути ин нуқтаҳои фурӯш дар давраи омодагиҳо ба фасли сармо дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 120 тонна орд, ноҳияҳои Рашт 500 тонна, Сангвор 80 тонна, Тоҷикобод 60 тонна ва Лахш 55 тонна орд бо нархи нисбат ба бозор 10 – 15 дарсад арзон барои аҳолӣ пешниҳод шуд. Ҳамчунин, дар ин муддат дар корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт» 80 тонна хӯроки серғизои чорво низ захира гардидааст, - гуфт Тоҷиддин Хушбахтов.
Коргоҳи истеҳсоли орд дар минтақа ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар айёми сарди зимистон 2000 тонна гандум ҷамъоварӣ намудааст. Баробари ин, ба хотири кам намудани замини кишти ғалла дар заминҳои обии минтақа ва ба ин васила зиёд намудани майдони картошказор ба аҳолии ин минтақа бо нархи арзон гандуми баландсифат ба фурӯш гузошта шуда, 250 тонна картошка захира гардид.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.11.2018 №: 232 Мутолиа карданд: 1002