фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Ёқуб Тоҷиев соли 1944, баъди хатми Донишкадаи якуми тиббии шаҳри Москва ба номи И. М. Сеченов ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад ва дар ҳайати фронти 3 - юми Прибалтика ва 1 - уми Украина ба сифати духтури полк, сардори хизмати тиббӣ – санитарӣ баҳри ҳифзи сиҳатии ҷанговарони маҷрӯҳ заҳмат кашида, инчунин, дар беморхонаҳои Венаву Будапешт ҳам аскарони захмӣ ва ҳам мардуми азияткашидаро табобат менамуд. Соли 1947 ӯ ба зодгоҳаш баргашт, ба табобати мардум пардохт ва то ба вазифаи мудири шуъбаи тандурустии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) расид, зеро бар замми табиби ҳозиқ будан, маҳорати фавқулодаи ташкилотчигӣ ҳам дошт. Сипас, ба илм рӯ овард. Мехост таҷрибаи дар солҳои душвори ҷанг ва солҳои барқарорсозии баъдиҷангӣ ҳосилнамудаашро аз ҷиҳати илмӣ асоснок созад. Идеяи устуворсозӣ ва такмил додани фаъолияти хизмати амбулаторӣ – дармонбахшӣ аз тарафи Ёқуб Тоҷиев дар рисолаи номзадиаш эҷодкорона тадқиқ гардид.
Соли 1954 Ёқуб Тоҷиев муовини вазири тандурустии Тоҷикистон таъйин мешавад. Баъди ин, вазъи на танҳо кафедраҳо, балки ҳолати донишкадаи тиббӣ, хобгоҳи донишҷӯёну аспирантҳо, сатҳи зиндагии олимони соҳа ба куллӣ тағйир ёфт, рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ҷойгоҳи истеъдоди ӯ дар ташкили соҳаи тандурустии аҳолӣ, дар тайёр намудани мутахассисон, ба нақша даровардани сохтмони биноҳои беморхонаҳои бисёрсоҳа дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мустаҳкам кардани соҳаи таъминоти моддию техникӣ, коҳиш додани сатҳи бемориҳои сироятӣ шоиста аст. Заҳмати арзандаи Ё. Тоҷиев буд, ки дар соли 1960 сафи донишҷӯёни донишкадаи тиббӣ даҳҳо маротиба афзуд ва соли 1971 ба Донишкадаи тиббии Тоҷикистон категорияи якум дода шуд ва соли 1980 дар шумори 10 беҳтарин муассиса ҷой гирифта, сазовори номи донишгоҳ гардид.
Ёқуб Тоҷиев соли 1970 дар мавзӯи «Тандурустӣ ва солимгардонии одамон дар Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намуд.
Ӯ муаллифи зиёда аз 160 асар, аз ҷумла 12 рисола, китобҳои дарсӣ оид ба масъалаҳои ташкили тандурустӣ, саломатии ҷомеа, таърихи тибби халқҳои Осиёи Миёна, тарзи ҳаёти солим ва ғайра аст. Дар навиштани асарҳои илмӣ аз сарчашмаҳои таърихӣ ва илми муосир фаровон ва эҷодкорона истифода мебурд. Бисёр асарҳои илмиаш бо забонҳои гуногун дар маҷаллаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба нашр расидаанд.
Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон Ёқуб Тоҷиев барои хизматҳояш бо орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи 1 ва 2, «Ситораи сурх», «Нишони фахрӣ», 11 медал ва ифтихорномаҳои зиёд қадр шудааст. Бисёр шогирдонаш номзади илм, доктору профессор ва академики соҳаи тибби Тоҷикистонанд.
16 октябри соли 1996 дар синни 78 дунёро падруд гуфт. Ӯ 40 сол бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамкорӣ дошт, имрӯз низ донишҷӯён аз китобҳои дарсии ин олим истифода мебаранд. Агар ҳам аз дидаҳо рафта, аз дил нарафта. Зикри хайр номи ӯро зинда намудааст.
Мирзомаҳмуд МИРБОБОЗОДА, Корманди шоистаи Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.11.2018 №: 232 Мутолиа карданд: 885