маориф
ИСТИҚЛОЛИЯТ. МО НАСЛИ ХУШБАХТЕМ!
Мусаллам аст, ки дар замони истиқлолият таҳти роҳбарии фарзанди барӯманду фарзонаи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳими давлатдорӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардиданд. Ва имрӯз ин падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд.
Тайи понздаҳ соли охир, дар соҳаи маорифи кишвар ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани низоми нави таҳсили миёнаи умумӣ, ворид сохтани технологияҳои нав дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ барномаҳои махсус қабул намуд, ки онҳо барои мутобиқ гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки ҳамчун дастоварди шоистаи даврони истиқлолият дар соҳаи маориф ба имзо расид, Созишнома дар бораи эътирофи маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо ба шумор меравад. Ҳуҷҷати мазкур ба хатмкунандагони мактабҳои олии кишвар имкон медиҳад, ки дар давлатҳои Аврупо низ фаъолият карда, донишу таҷрибаи худро таҳким бахшанд.
Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ Ҳукумати мамлакат ҳаҷми маблағгузориро ба соҳаи маориф мунтазам зиёд менамояд. Тадбирҳои то ба имрӯз андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, тавре мебинем, боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ гардида, ба амалишавии афзалиятҳои муайяншуда оид ба сатҳи зиндагӣ, саводнокиву маърифат ва дар маҷмӯъ, ба пешравии ҷомеа, болоравии сатҳи зеҳнияти он ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сазовори аҳолӣ таъсири мусбат гузоштаанд.
Дар баробари ин, солҳои охир ҷиҳати гуманитарикунонии таълим дар низоми таҳсилот тадбирҳои назаррас амалӣ гардида, ба омӯзиши забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ диққати бештар дода шуда, фанҳои риёзӣ ва табиӣ афзалият доранд. Ин иқдом боис шуд, ки шароити кор ва сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот торафт бештар гардад.
Тибқи супориши Роҳбари давлат ҳар сол муассисаҳои омӯзиши касбу ҳунар ва марказҳои таълимии калонсолонро қариб 100 ҳазор нафар шунавандагон хатм карда истодааст. Ҳукумати мамлакат, инчунин, ҷиҳати тайёр кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар пайваста кӯшиш намуда, аз соли 2008 зиёда аз 10 ҳазор ҷавонони кишварро танҳо тибқи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти ҷумҳурӣ «Дурахшандагон» ва беш аз 20 ҳазор нафарро дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳӣ ба таҳсил фиристодааст.
Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти калонро касб намудааст. Ин амр аз тамоми ҷомеа, алалхусус аз аҳли зиё тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд. Истиқлолият ҳамон вақт маънӣ ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷавонон сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихӣ ҳаматарафа омӯзанд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро азизу гиромӣ доранд.
Санавбар АНДАЛЕБОВА, омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 59 - и ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.11.2018 №: 232 Мутолиа карданд: 928