logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2019

Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад ба маблағи 23774064 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 17800000 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
- воридоти андозӣ - 16317704 ҳазор сомонӣ;
- воридоти ғайриандозӣ - 1182296   ҳазор сомонӣ;
- грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 300000   ҳазор сомонӣ;
- лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби захираҳои молиявии беруна  - 4241733 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
- қарзҳо - 2539774 ҳазор сомонӣ;
- грантҳо - 1701959 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои махсуси муассисаю
ташкилотҳои буҷетӣ - 1732331 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ба маблағи 24165127 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
- мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ - 1323524   ҳазор сомонӣ;
- маориф  - 4404877 ҳазор сомонӣ;
- тандурустӣ - 1740536    ҳазор сомонӣ;
- суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 3677838    ҳазор сомонӣ;
- фарҳанг ва варзиш - 760717 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ,
ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 968326 ҳазор сомонӣ;
- комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 4101929  ҳазор сомонӣ;
- соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 915409 ҳазор сомонӣ;
- саноат ва сохтмон - 156342 ҳазор сомонӣ;
- нақлиёт ва коммуникатсия - 1751523  ҳазор сомонӣ;
- соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва хизматрасонӣ  - 48469 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигар - 2530736  ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  ё ба маблағи 391063 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Манбаъҳои пӯшонидани касри буҷет ба таври зерин муайян карда шаванд:
- даромад аз хусусигардонӣ,  суди саҳмияҳои давлатӣ ва иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ - 25000  ҳазор сомонӣ;
- даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ - 100000 ҳазор сомонӣ;
- иҷрои барзиёдии нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ - 11719  ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2019 - 100000 ҳазор сомонӣ;   
- аз ҳисоби қарзҳои (грантҳои) созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 154344 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 1211652 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 590450 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби барориши векселҳои давлатӣ, ҷалби қарзҳои (грантҳои) созмонҳои байналмилалии молиявӣ, маблағҳои баргардонидашуда аз рӯи қарзи асосии созишномаҳои зерқарзӣ, бақияи маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2019 ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 621202 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 221992 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 122982 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби баргардонидани қарзҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ба суратҳисоби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 40000 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби фоизи депозити буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 59010 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2019 аз рӯи даромад ба маблағи 10172813 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 10552157 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи 379344 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи манбаъҳои даромад
Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2019 воридоти даромад аз ҳисоби  субъектҳои хоҷагидории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба маблағи умумии 10172813 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла: - андоз аз арзиши иловашуда - 5773448 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо - 440920  ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурӯш - 23780   ҳазор сомонӣ;
- андоз барои захираҳои табиӣ - 232231  ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фоида - 208026  ҳазор сомонӣ;
- андоз аз даромад - 837016  ҳазор сомонӣ;
- боҷҳои гумрукӣ - 880583  ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард  - 381950  ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари ғайриандозӣ - 1094859 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 300000  ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии  вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2019 аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ дар ҳаҷми зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 874312 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ - 232734 ҳазор сомонӣ;
- сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ - 122220 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти сиёсати берунӣ - 249866 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти дигари давлатӣ - 269492 ҳазор сомонӣ.
Маориф - 720316 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- таҳсилоти умумӣ - 159015  ҳазор сомонӣ;
- таҳсилоти касбӣ - 460642  ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи маориф - 100659   ҳазор сомонӣ.
Тандурустӣ - 278544 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- беморхонаҳо - 148449 ҳазор сомонӣ;
- марказҳои саломатӣ - 5941    ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи саломатии аҳолӣ - 39561  ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ - 84593   ҳазор сомонӣ.
Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 531720 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- суғуртаи иҷтимоӣ - 350521 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоӣ - 58292  ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  - 122907 ҳазор сомонӣ.
Фарҳанг ва варзиш - 346652 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- чорабиниҳо оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш - 5455  ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ - 89649  ҳазор сомонӣ;
- воситаҳои ахбори омма - 136213 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг ва варзиш  - 115335 ҳазор сомонӣ.
Хоҷагии манзилию коммуналӣ, муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 80560 ҳазор сомонӣ.
Комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 2184808 ҳазор сомонӣ.
Кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 147487  ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла: 
- барои рушди соҳаи чорводорӣ - 2817   ҳазор сомонӣ;
- барои чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди малах - 3800   ҳазор сомонӣ;
- барои рушди муносибатҳои лизингӣ ва таъсису мукаммал намудани марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ - 15000 ҳазор сомонӣ;
- барои чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ - 3000 ҳазор сомонӣ.
Саноат ва сохтмон - 156092 ҳазор сомонӣ.
Нақлиёт ва коммуникатсия - 207043 ҳазор сомонӣ.
Фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасонӣ - 47869  ҳазор сомонӣ.
Хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар дохил карда нашудаанд - 3452821 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла: 
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ - 1474993 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии дохилии давлатӣ - 122982  ҳазор сомонӣ;
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии берунаи давлатӣ - 1352011 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани вазифаҳои пойтахт - 25000   ҳазор сомонӣ;
- Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 87500  ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигаре, ки аз рӯи соҳаҳои иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудаанд - 1865328 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии идоравӣ ва барномавӣ
2. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2019 аз рӯи гурӯҳбандии барномавӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ, кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор, нақлиёт ва коммуникатсия тибқи замимаи 2 муқаррар карда шаванд.
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ
Дар соли 2019 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми зерин муқаррар карда шавад:
Хароҷот  - 10552157    ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
пардохти музди меҳнат - 1614402   ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- музди меҳнати кормандони асосӣ - 1533352 ҳазор сомонӣ;
- музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ - 81050 ҳазор сомонӣ.
Маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ - 235136 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- аз ҳисоби музди меҳнати кормандони асосӣ - 206699   ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ - 20597 ҳазор сомонӣ;
- суғуртаи тиббӣ ва суғуртаҳои дигар - 7840 ҳазор сомонӣ.
Хариди мол ва хизматрасонӣ, - 2451866   ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- пардохти хизматрасонии коммуналӣ - 164540 ҳазор сомонӣ;
- пардохти хизматрасонии алоқа - 88678   ҳазор сомонӣ;
- хариди мол ва хизматрасонии дигар - 2198648 ҳазор сомонӣ.
Хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна, - 1474993 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои қарзи дохилӣ - 122982 ҳазор сомонӣ;
- пардохти қарзи берунаи асосӣ - 590450 ҳазор сомонӣ;
- пардохти фоизҳои қарзи берунаи асосӣ - 761561  ҳазор сомонӣ.
Хароҷоти пардохти кумакпулиҳо
(субсидияҳо) - 81380    ҳазор сомонӣ.
Хароҷот барои трансфертҳо - 1160557 ҳазор сомонӣ.
Кумакпулиҳои иҷтимоӣ - 176478  ҳазор сомонӣ.
Трансфертҳои дигар - 321577  ҳазор сомонӣ.
Амалиёт бо дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоягузорӣ - 3035769 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла: 
- маблағгузории асосии мутамарказ - 2838016 ҳазор сомонӣ;
- хариди мошинҳо ва таҷҳизот - 82719 ҳазор сомонӣ;
- дороиҳои ғайримолиявии дигар  - 107282 ҳазор сомонӣ;
- хариди дороиҳои молиявии дохилӣ - 7753   ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ба маблағи 350000 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои фонди музди меҳнат ба маблағи  947215 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 191352 ҳазор сомонӣ;
- вилояти Хатлон - 540337 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Варзоб  - 13526 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Рашт - 45836 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Лахш - 32504 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Нуробод - 32655 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Сангвор -  16694 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тоҷикобод - 21013 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Файзобод - 32789 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Шаҳринав - 20509 ҳазор сомонӣ.
2. Ҳаҷми кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ барои пардохти хароҷоти ҷорӣ ба маблағи 4201 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
- ноҳияи Сангвор - 3678    ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тоҷикобод - 523 ҳазор сомонӣ.
3. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) ба фондҳои мақсадноки давлатӣ, ба буҷети вилоятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоятҳо ва ҷумҳурӣ аз рӯи иҷрои воқеии буҷети ҷумҳуриявӣ мустақиман аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад.
Моддаи 11. Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2020 ба маблағи 131157 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шаванд.
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Дар соли 2019 ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи даромад бо дар назар доштани мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешаванд, ба маблағи 6768603 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 6780322 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 11719 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 1406 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон – 8574 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб – 205 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт – 347 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Лахш – 217 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод – 205 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Сангвор – 125 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод – 139 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод – 254 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав – 247 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2019 аз ҳисоби таъмини иҷрои барзиёдии даромад ва маблағҳои озоди буҷет ба ҳолати 1 январи соли 2019 пӯшонида мешавад.
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2019 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромади андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шавад:
- андоз аз фурӯши алюминийи аввалия –  100 фоиз;
- боҷҳои гумрукӣ – 100 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна – 100 фоиз;
- дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (инчунин муҷозоти ҷаримавии онҳо), хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон –  100 фоиз;
- аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи
«Барқи Тоҷик» – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз
истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз
фоида, инчунин андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) –  100 фоиз;
- аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1» андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) – 100 фоиз; 
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи
Тоҷик» - андоз аз арзиши иловашуда –  100 фоиз;
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»
ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» – андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида – 100 фоиз;
- аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Амонатбонк» – андоз аз фоида –  100 фоиз;
- аз марказҳои идораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда – андоз аз даромади шахсони воқеӣ   – 100 фоиз;
- аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком») - андоз
аз арзиши иловашуда ва аксиз  –   100 фоиз;
- аз Бонки миллии Тоҷикистон – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ – 100 фоиз;
- аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону
Америка «Корхонаи муштараки Анзоб» – андоз аз фоида –  50 фоиз;
- пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои  фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва лойи табобатӣ) –  100 фоиз;
2. Дар соли 2019 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромадҳои умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегардад, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
- андоз аз арзиши иловашуда:
- ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳрҳои Душанбе, Роғун, Турсунзода ва Ваҳдат) – 100 фоиз;
- аз вилояти Суғд – 50 фоиз ба буҷети вилоят ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ,
- аз шаҳри Душанбе – 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ,
- аз шаҳри Ваҳдат – 69 фоиз ба буҷети шаҳр ва 31 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ,
- аз шаҳри Роғун – 25 фоиз ба буҷети шаҳр ва 75 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ,
- аз шаҳри Турсунзода – 81 фоиз ба буҷети шаҳр ва 19 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз фоида:
- ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Роғун) –   100 фоиз;
- аз шаҳри Роғун – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз даромад:
- ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳрҳои Душанбе, Роғун, Ҳисор) – 100 фоиз,
- аз вилояти Суғд – 52 фоиз ба буҷети вилоят ва 48 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ,
- аз шаҳри Душанбе – 38 фоиз ба буҷети шаҳр ва 62 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ,
- аз шаҳри Роғун – 20 фоиз ба буҷети шаҳр ва 80 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ,
- аз шаҳри Ҳисор – 94 фоиз ба буҷети шаҳр ва 6 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ,
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе) – 100 фоиз;
- аз вилояти Суғд – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ,
- аз шаҳри Душанбе – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ.
- аксизҳои дохилӣ: 
- ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо –  100 фоиз;
- низомҳои махсуси андозбандӣ:
- ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо –   100 фоиз;
- андозҳои маҳаллӣ, боҷи давлатӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти ғайриандозии маҳаллии дигар:
- ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо  –  100 фоиз.
3. Воридоти андозҳои танзимшавандае, ки ҳиссаи он ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст, сараввал ба буҷети ҷумҳуриявӣ дохил гардида, ҳиссаи буҷетҳои маҳаллӣ сари вақт гузаронида мешаванд.
4. Воридоти андоз аз истифобарандагони роҳҳои автомобилгард, ки аз  нақшаи тасдиқгардида барзиёд ба буҷетҳои маҳаллӣ дохил шудааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
5. Воридоти як намуди андоз ба ҳисоби дигар намуди андоз ва гузаронидани андозҳои танзимшаванада ба буҷетҳои маҳаллӣ бе амалиёти Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ аст.
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2019 аз рӯи даромад ба маблағи 3014202 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 2949202 ҳазор сомонӣ ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 65000 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 3014202 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолате ҷудо карда мешавад, ки агар даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа талаботи воқеии пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро пурра  таъмин карда натавонад.
3. Дар соли 2019 даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
4. Дар соли 2019 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешавад, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 100 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар шаҳри Душанбе 36,6 фоиз ба суратҳисоби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 63,4 фоиз ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар шаҳри Роғун 20,5 фоиз ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 79,5 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари тобеи ҷумҳурӣ 100 фоиз ба суратҳисоби раёсат ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида дар соли 2019
1. Андоз аз арзиши иловашуда дар соли 2019 барои воридоти гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) ба меъёри 10 фоиз муқаррар карда шавад.
2. Дар соли 2019 воридоти  техника ва воситаҳои нақлиёти махсус, қисмҳои эҳтиётии он, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд ва барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва беҳтар гардонидани таъминоти соҳаи алоҳидаи шаҳри Душанбе равона мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, ҳамчунин воридоти қувваи барқ ва гази табиӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
3. Дар соли 2019 Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳангоми фурӯши озуқа, инчунин воридоти маҳсулоте, ки номгӯйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
4. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
5. Дар соли 2019 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Чордаи шаҳри Ваҳдат аз ҷониби ширкати хитоии «ТВЕА», барои 360 ҷойи нишаст дар шаҳри Бохтар, барои 360 ҷойи нишаст дар шаҳри Левакант, барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Данғара аз ҷониби ширкати хитоии «Синохайдро», барои 540 ҷой нишаст дар хоҷагии Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби Сафоратхонаи Туркманистон, барои 630 ҷойи нишаст аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамен (ҷамъияти саҳомии «Ӯзбек темир йулларӣ») ва маҷмааи тандурустӣ барои 200 кат дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон (пудратчии генералӣ ва зерпудратчии сохтмонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон) аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгар ва пудратчии асосӣ барои сохтмони иншооти мазкур тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
6. Дар соли 2019 воридоти ангишт аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба миқдори 7200 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
7. Дар соли 2019 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
8. Дар соли 2019 ба маблағи қарзи андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1», ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадааст, фоизҳои тибқи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳисоб карда намешаванд.
10. Дар соли 2019  корҳои  сохтмонӣ, молу масолеҳ, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркашонӣ, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои сохтмони роҳи оҳани     Ваҳдат – Ёвон ва барқарорсозии фосилаи Ёвон – Вахш, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ворид мегарданд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Номгӯй ва миқдори молу масолеҳи сохтмониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёдии даромади  буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2019 аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо баъд аз пӯшонидани касри буҷет ва иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 20 фоизи маблағ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
Моддаи 17. Муқаррарот оид ба ҷойгиронии депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳо
Дар соли 2019 бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ба 1 январи соли 2019 ба вуҷуд меоянд, ҳамчун депозит бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи кӯтоҳмуддат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 18. Моддаҳои ҳимояшавандаи Буҷети давлатӣ
1. Дар соли 2019 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ дохил карда шаванд.
2. Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рӯи моддаҳои дахлдори хароҷот, дар ҳолати набудани қарз аз рӯи онҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 19. Воридот ба Буҷети давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Маблағҳои махсуси вазорату идораҳо, муассисаю ташкилотҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар даромаду хароҷоти муассисаю ташкилотҳои дахлдори буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамзамон, 45 фоизи маблағҳои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 55 фоизи маблағҳои махсуси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, 5 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 15 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 фоизи дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, 20 фоизи маблағҳои махсуси дигар муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағҳои грантӣ, сарпарастӣ, мақсадноки супоришӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, маблағҳои аз ҳисоби хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ба буҷети дахлдор ворид карда мешаванд.
2. Ба муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ истифодаи маблағҳои махсус (ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ) берун аз низоми хазинадорӣ тавассути ташкилотҳои қарзӣ манъ аст. Дар ҳолати риоя нагардидани низоми мазкур маблағҳои ошкоргардида пурра ба даромади буҷети дахлдор ситонида мешаванд.
3. Дар сурати аз ҳаҷми маблағи дар буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он метавонанд ба сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намоянд.
4. Дар соли 2019:
- дар ҳолати иҷро нагардидани қисми даромади Буҷети давлатӣ ва норасоии маблағ барои пардохти хароҷоти дар буҷет пешбинигардида, аз он ҷумла пардохти музди меҳнат, хизматрасонӣ аз рӯи истифодабарии қувваи барқ, об ва хизматрасонии дигари коммуналии вазорату идораҳо ва муассисаю ташкилотҳое, ки маблағҳои махсус доранд, аз ҳисоби ин маблағҳо амалӣ карда мешавад;
- 50 фоизи маблағҳои аз ҳисоби додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои аз ҳисоби истифодабарии захираҳои рақамгузории бадастовардаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. 50 фоизи маблағҳои боқимонда дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монда шуда, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд ва 50 фоизи маблағ дар ихтиёри Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монда шуда, тартиби дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида нисбат ба он татбиқ намегардад;
- маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии (ба истиснои пардохт барои додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоотӣ) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, баъди пардохт ба буҷет мутобиқи қисми  1 ҳамин модда дар сметаи ягонаи даромаду хароҷоти идораҳои мазкур ба ҳисоб гирифта шуда, барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмону таъмири биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд;
- маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоотӣ бадастовардаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 фоиз ба фонди андӯхтии дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта гузаронида шуда, хароҷоти он тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд;
- дар ҳолати норасоии маблағҳои дар буҷет барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.
5. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои махсуси дар суратҳисобҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 1 январи соли 2019 ба вуҷуд омадааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида намешаванд ва хусусияти мақсаднок дошта, барои маблағгузории хароҷоти буҷети соли 2019 пешбинишуда равона карда мешаванд.
Моддаи 20. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ
1. Дар соли 2019 воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ба андозаи 5 фоиз аз ҳисоби иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо, инчунин 10 фоизи маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои дигари буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар карда шавад. Ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
2. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 21. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратии дигар
1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз муқаррар гардидааст, дар як сол як маротиба дар доираи маблағҳои пешбинигардида танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти дигаре, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағе, ки тибқи Қонуни мазкур барои фонди музди меҳнат дар сметаҳои ягонаи даромад ва хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Аз 1 январи соли 2019 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағҳои умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андоз, фоиз ва ҷарима аз рӯи онҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ ва андозҳои маҳаллӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 фоизи маблағҳои хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
2. Маблағҳо аз ҳисоби даромадҳои андозӣ, ба истиснои андозҳо ва низомҳои махсуси дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо намудҳои андоз ворид карда шуда, ҳиссаи он мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои маблағгузории тадбирҳои пешбинишуда истифода мешаванд. Тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба онҳо татбиқ намегардад.
3. Маблағҳое, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, адозҳои маҳаллӣ ва низомҳои махсуси андозбандӣ ошкор гардидаанд, аз рӯи таъйиноташон пурра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида шаванд.
Моддаи 23. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
Аз 1 январи соли 2019 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 55 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Моддаи 24. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи ҳалномаҳои   суд ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва дигар  пардохтҳо ҳангоми риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои ҳалномаҳои суд дар бораи рӯёнидани зарари моддию маънавии аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонидашуда аз ҳисоби маблағҳои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо амалӣ карда мешаванд.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня, ҷубронпулӣ воридшуда ва ҳамчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ расонидашуда, ба истиснои маблағҳое, ки аз вайронкунандагони қонунгузории замин ситонида мешаванд, ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шаванд.
Моддаи 25. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017
1. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 аз рӯи даромад ба маблағи 19955467 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 22264184 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 2308717 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 барои пардохти уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии беруна, бо дар назар доштани хизматрасонии он ба маблағи 1220533 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба Буҷети давлатӣ
1. Дар ҳолати барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2019 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нарх, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳисоби байниҳамдигарӣ мегузаронад.
3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе чунин ҳисоби байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2019 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 ноябри соли 2018, № 1553


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2021

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» қабул карда шавад.
2. Дурнамои нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ барои:
- соли 2020 аз рӯи даромад ба маблағи 25844303 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 26285627 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 441324 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;
- соли 2021 аз рӯӯи даромад ба маблағи 27920489 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 28417799 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 497310 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муайян карда шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат қарорҳоеро, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб менамоянд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2021 қабул намояд. Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» мувофиқи тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро барои солҳои 2021-2022 аниқ намояд.
4. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳаҷми умумии Буҷети давлатии муқарраршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 23774064 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷот ба маблағи 24165127 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ 391062 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;
- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда мутаносибан баробари даромади воқеӣ таъмин намояд;
- бо мақсади кам кардани бақияпулӣ аз рӯи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо назардошти зарурати ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2019 ба вуҷуд омадааст, инчунин қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯи андозҳо, мувофиқи тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;
- оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- дар бораи истифодаи маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод намояд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма ҳар се моҳ аз рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 маълумот диҳад.
6. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки:
- пӯшонидани касри буҷети ҷумҳуриявиро ба маблағи 100000 ҳазор сомонӣ бо роҳи барориши векселҳои давлатии хазинадорӣ, инчунин ҷалби грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ намояд.
7. Бонки миллии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузарондани андозу даромадҳоро таъмин намояд;
- аз рӯи амалиёти вобаста ба хизматрасонии уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба уҳдадориҳои қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- барои сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қурби расмии асъор таъмин намояд.
8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия вогузор карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2018, № 1215


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2018    №: 232    Мутолиа карданд: 2573
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед