иқтисод
ЗАФАРОБОД. МАРҲИЛАИ НАВИ СОЗАНДАГӢ
Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Зафаробод ба хотири сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагиро вусъати тоза бахшидаанд.
Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар ноҳия таъмиру навсозии роҳҳо, эъмори корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, марказҳои хизматрасониву савдо, чоҳҳои амудӣ ва кашидани хатҳои об бомаром идома доранд.
- Соли равон бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии сокинон як қатор иншооти муҳим бунёд гашт. Аз ҷумла, дар Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев 3 майдони хурди варзиш ва маркази хизматрасонӣ бо харҷи беш аз 700 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд, - гуфт Исломҷон Шодмонов, сармеъмори ноҳия.
Тавре номбурда афзуд, аз тарафи соҳибкор Абдусамад Нормаматов дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ корхонаи коркарди пахтаи ҶСК ДСМ – 19 сохта шуда, дар он зиёда аз 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Дар баробари ин, аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 1,5 километр роҳи кӯчаи Бобо Ҳамзаеви ҷамоат мумфарш гашта, дар Ҷамоати деҳоти Равшан барои таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полизӣ 20 чоҳи амудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод бошад, бо сарфи 250 ҳазор сомонӣ маркази саломатӣ аз таъмир бароварда шуд.
Роҳбарият ва сокинони ноҳияи Зафаробод азм доранд, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 200 иншооти навро сохта ба истифода диҳанд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.11.2018 №: 233 - 235 Мутолиа карданд: 1304