logo

ҳуқуқ

5 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА БАРОИ МОНЕЪ ШУДАН БА ТАҲСИЛИ ФАРЗАНД

Мувофиқи моддаи 41 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқ ба таҳсилро дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Мутаассифона, дар ҷомеа ҳастанд нафароне, ки на танҳо хилофи қонун амал мекунанд, балки фикри ояндаи фарзандони худро накарда, онҳоро, ҳатто, аз таҳсили ройгон, ки давлат онро кафолат додааст, боз медоранд. Чунин як ҳолатро суди ноҳияи Вахш дар маҷлиси ошкорои судӣ баррасӣ намуда, Ҳакимҷон Бураков, сокини ноҳияи Кӯшониёнро дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 164 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) зикршуда  айбдор кард.
Тавре суд муайян намуд, Ҳакимҷон Бураков хилофи талаботи моддаи 41 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳатмӣ будани таҳсилоти миёнаи умумии асосӣ амал намуда, фарзанди ноболиғаш Фирӯза Алимова, соли таваллудаш 2005, ки ҳамроҳи модараш дар деҳаи Фидокори Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш истиқомат мекунад, барои гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) монеъ шуда, ӯро  дар ягон муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумӣ нагузоштааст. Дар натиҷа, ноболиғ Фирӯза Алимова, ки мебоист синфи 6-ро хатм намояд, умуман, ба  мактаб нарафта, хату савод нагирифтааст. Ҳ. Бураков бо ин кирдораш ҳуқуқи конститутсионии фарзандаш Ф. Алимоваро дидаю дониста поймол намудааст.
Суд маводи парвандаи ҷиноятиро омӯхта, дархости судшаванда Ҳ. Бураков, намояндаи қонунии ҷабрдидаи ноболиғ Ш. Сафаровро дар хусуси он ки тафтишоти судии парванда бо тартиби содакардашуда гузаронда шавад, чунин шумурд, ки гарчанде судшаванда ба гуноҳаш пурра иқрор бошад ва бо тартиби соддакардашуда баррасӣ намудани тафтишоти судиро талаб дошта бошад ҳам, гунаҳгории ӯ дар содир намудани ҷиноят дар моддаи 164 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далелҳои дар парвандаи ҷиноятӣ ҷамъовардашуда пурра тасдиқи худро ёфтааст.
Бо назардошти ҳолатҳои дар боло зикргардида суд ба хулоса омад, ки кирдори судшаванда Ҳ. Бураковро бо моддаи 164-и Кодекси ҷиноятӣ, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ба ҳар тарзе монеъ шудани шахси воқеӣ ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола)-ро пешбинӣ намудааст, бандубаст намояд.
Дар натиҷа, бо ҳукми суд ба Ҳакимҷон Бураков ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5 000 ҳазор сомонӣ, ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.
Саидаъзам ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
судяи суди ноҳияи Вахш,
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2018    №: 233 - 235    Мутолиа карданд: 922
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед