logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. АГАР МАСЪУЛИЯТШИНОС НАБОШЕМ...

Соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ эълон гардид. Мақсад аз он тараққӣ додани соҳаи  сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ буд. Албатта, масъалаи мазкур набояд, ки бо поён ёфтани сол ба фарҷом бирасад. Баръакс, сол ба сол зарур аст, ки он бештар ривоҷ биёбад ва миллати тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ бикунад. Ба ин хотир, зимни ҷамъбасти дастовардҳои муҳим муваффақиятҳои мо дар соҳаи хунарҳои мардумӣ низ бояд ба инобат гирифта ва баррасию таҳлил шаванд.
Ҷойи таассуф аст, ки гурӯҳе, агар ҳам на аксар бошад, ҳатто номҳову миқдори тахминии ҳунарҳои мардумиро намедонад. Дар ин на онҳо, балки масъулон гунаҳгоранд. Мебоист китобҳое бо номгӯи ҳунарҳои мардумӣ ва намунаи маҳсули ҳунармандон ба нашр мерасид. Ва ҳам беҳтар мебуд, ки яке аз ин навъ китобҳо ба омӯзиши ҳунарҳо ихтисос меёфт. Агар намунаҳои беҳтарини маҳсули ҳунарӣ ва шарҳу тавзеҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, инчунин, хати арабиасос ба табъ мерасид, сайёҳон онро мехариданд ё мо ҳамчу туҳфа ба хориҷиён пешкаш менамудем.
Тарғибу омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, ончунон ки мебояд, ҷавобгӯи талабот нест. Ҳунармандони чирадаст дар кишвар ангуштшуморанд. Асрори ҳунару кори онҳоро бояд бо такмилу рушд омӯхт.
Ҳар як ҳунар таърихи хоси худро дорад. Кашфу шарҳи он барои илм муҳим мебошад. Масалан, дар куртаи чакан рамзҳои зиёд аст, ки на бар ҳама маълум аст. Ҳар риштаи ранга ҷой ва мавқеи худро дорад.
Магар медонем, ки чаро аз матоъҳои гуногун истифода мекунанд? Ҳар кадоми онҳоро, яъне куртаҳои рангаи чаканро дар ҷойи махсус ба муносибате ба тан мекарданд.
Агар маҳсулоти ин ҳунармандонро ба фурӯш мегузоштанду онҳо нафъи иқтисодӣ мебардоштанд, дар ривоҷи ҳунар бештару беҳтар саъю кӯшиш ба харҷ медоданд. Охир на ҳамаи ҳунармандон истеъдоди фурӯши маҳсулоташонро доранд.
Пештар ҳар арӯс барои ҷашни арӯсияш куртаву чодиру баридевории чакан медӯхт ва ё фармоиш медод. Тахти шоҳиро чакан зеб медод. Ҳолиё ин расмҳо куҳна гардидаву аз миён рафта истодааст.
Мусаллам мебошад, ки агар талабот ба маҳсулоти ҳунарии мардумӣ аз миён биравад, хосса дар асри ҳозир, батадриҷ бо костани равнақаш маҳв мегардад. Чӣ бояд кард, ки дар замони ривоҷи технологияи навину пешрафта ҳунарҳои миллиямонро ҳифз кунему пойдор бигардонем? Ин масъала ҳаргиз як масъалаи одиву хурд нест. Масъулон бояд аз худ бипурсанд, ки дар ин самт чӣ кореро ба анҷом расонданд.
Шояд танҳо дӯзандагони ҳунарманд бидонанд, ки надоштани риштаҳои рангини абрешимӣ чӣ мушкилоте эҷод мекунаду монеи пешрафти соҳа ва рушди ҳунар мегардад. Истеҳсоли ин гуна риштаҳо мушкилие надорад, аммо барои он коре ба анҷом намерасонанд. Истеҳсоли он агар аз як тараф барои пешрафти иқтисодиёту саноати кишвар мусоидат намояд, аз тарафи дигар чанд нафар аз шаҳрвандон соҳиби ҷойи кор мешаванд. Дар замони пеш аз истиқлол чунин риштаҳо дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)-и Россия истеҳсол ва аз он ҷо барои фурӯш ба кишварҳо бароварда мешуд.
Омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бояд аз хурдсолӣ сурат бигирад, аммо агар волидон худ аз он дур бошанд, чӣ бояд кард. Дар боғчаҳои бачагона низ на ҳамаи масъулон бо он ошноӣ доранд. Ба шогирдон, духтарон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар дарсҳои машғулиятҳои фоиданоки ҷамъиятӣ вазифа медиҳанд, ки дар матоъҳо гулдӯзӣ бикунанд. Онҳо вазифаро иҷро мекунанд, матоъҳои дӯхташударо меоранд ва устодон дар маърази тамошобинон қарорашон медиҳанд. Ҳамин тавр, шогирдон баҳо  мегиранд, аммо ин гуна корҳои дастиро на онҳо, балки дигарон иҷро кардаанд.
Ба ростӣ, ин як навъ худфиребӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ривоҷ дорад. Мебинему медонему хомӯшем. Шогирд бо чанд дарси муқарраргардида ҳунар омӯхта наметавонад. Устод бояд нахуст тухми ин меҳрро дар замири дили шогирд бинишонад. Барои ин худ бояд ҳунарманд бошад. Мутаассифона, чунин нест. Тавре бармеояд, дар ин маврид, механизм ё худ усули таълимро ба дурустӣ мебояд пайдо кард. Имрӯз бо истифода аз технологияи пешрафта ин гуна имкон вуҷуд дорад, ки ҳунару раҳнамоии устодони ҳунармандро ба дигарон, махсусан ба хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ нишон бидиҳему биомӯзонем. Пас бояд, ки дер накунем.
Ҳамин тавр, ба ҳунарҳои мардумӣ, хосса дар мавриди омӯзишашону ҳифзу пойдорияшон муносибат  бояд ҷиддӣ бошад. Агар дар мавриди мазкур масъулиятшинос набошем, на танҳо дар рушдашон муваффақ намешавем, балки сабабгори нестияшон мегардем.
Санчагул БУРҲОНОВА, омӯзгор, ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2018    №: 233 - 235    Мутолиа карданд: 857
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед