logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст доир ба ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2021 - 2022 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.
Сипас, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» баррасӣ ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2019, Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллиро баррасӣ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо вазифадор намуданд.
Дастуру супоришҳои дигар доир ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёди мактабҳои кӯдаконаи мусиқӣ, боғҳои истироҳативу фарҳангӣ, майдончаҳои варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, омодагӣ ба гузарондани фасли зимистон, таъмини бемайлони аҳолӣ ва иншооти хоҷагии халқи мамлакат бо барқу гармӣ, захираи маводи кофии сӯхт, таъмини ҳаракати муназзами нақлиёт дар тамоми роҳҳои қаламрави мамлакат ва пешгирӣ аз ҳолатҳои сар задани сӯхтор дар иншооти таъйиноти гуногун дода шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият, сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва дар маҷмӯъ, ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти бузурги аср саҳми ватандӯстонаи хешро гузоштаанд, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор намуданд.
Баъд аз баррасии масъалаҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани туҳфаҳо ба ғолибони озмуни беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси он аз ҷониби 86 вазорату идора ва шахсони алоҳида дар шаҳри Душанбе 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакон бунёд ва таҷдиду навсозии 12 боғу гулгашт дар сатҳи баланд амалӣ гардид, ёдовар шуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва шахсони алоҳидае, ки дар пойтахти мамлакат -  шаҳри Душанбе чунин иншоот бунёд карда, дар ободу зебо гаштани он нақши худро гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуданд
Дар маҷлиси Ҳукумат бо натиҷагирӣ аз ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва барои иҷрои сифатноки корҳои бунёду навсозии майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо 41 ғолиби озмун ҳавасманд ва бо туҳфаҳо қадр карда шуд.
Дар охир, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки дар соли 2019, то Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе боз 8 гулгашт таҷдид гардида, 58 майдончаи варзишии нави замонавӣ бунёд мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2018    №: 233 - 235    Мутолиа карданд: 6411
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед