қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 8 августи соли 2018, №399, ш. Душанбе Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 341 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотӣ мутобиқи замимаи 1 тасдиқ карда шаванд.
2. Ба молҳои воридотии дар давлатҳои аъзои Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод аз 18 октябри соли 2011 истеҳсолшуда низоми савдои озод муқаррар ва меъёри сифрии боҷи воридотии гумрукӣ татбиқ карда шавад.
3. Ҳангоми воридоти молҳои истеҳсоли кишварҳое, ки бо онҳо созишномаи дуҷонибаи савдои озод ба имзо расонида шудааст, ба истиснои молҳои аз низоми савдои озод боздоштшаванда, низоми савдои озод муқаррар ва меъёри сифрии боҷи гумрукӣ татбиқ карда шавад.
4. Ҳангоми ворид намудани молҳое, ки дар давлатҳои нисбатан кам тараққикарда истеҳсол шудаанд, сабукиҳо (имтиёзҳо) ҷорӣ ва боҷи воридотии гумрукӣ дар ҳаҷми панҷоҳ фоиз аз меъёри тасдиқшуда мутобиқи замимаи 2 муқаррар карда шавад.
5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003, № 450 «Дар бораи тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
7. Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.11.2018 №: 233 - 235 Мутолиа карданд: 1487