фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ЯТИМ ВА ЗОЛИМ
Писарак барвақт ятим монду хеши дураш ӯро дар хонаи худ ҷой дод. Хешаш одами золим буду бачаро баҳудаю беҳуда мезад, пасмондаи хӯроки бачаҳояшро ба ӯ медод. Ӯро дар анборхонаи торик махкам намуда, бо кӯдакон бозӣ кардан намемонд. Баъди хархашаи навбатӣ кӯдак дигар тоқат накарда, аз хона гурехт.
Бисёр дар саёҳат буд ва ҳар ҷо, ки пеш меомад шабашро рӯз мекард. Рӯзе дар зинапояи яке аз мактабҳо хобаш бурд. Дар мактабе, ки устоди номдоре ба шогирдон санъати ҳарб меомӯхт. Устоди хайрхоҳ чун писарро бо ин аҳвол дид, дилаш ба ӯ сӯхт ва ӯро ба тарбияи худ гирифт. Писар ҳамаи супоришҳои устодашро бо самимият иҷро мекард, устод низ кӯшишҳои писарро дида, тамоми ҳунарашро ба ӯ омӯзонд.
Солҳо гузаштанд. Писар шамшерзани хубе шуд. Овозаи санъати нотакрораш дар ҳама ҷо паҳн гардид. Устодро, ки синну сол ба ҷойе расида буд, вафот кард. Давлату сарвати худро ӯ ба шогирдаш мерос гузошт…
Рӯзе ҳамин писарак, ки акнун устоди номвар буд, бо шогирдонаш аз манзили зисти пештараи худ мегузашт, ки дар сари кӯча пири фартутеро дид.
- Ин хеши ман аст, ҳамон хеше, ки аз зулмаш гурехта будам, – мегӯяд устод ба шогирдон. Шогирдон шамшер ба даст гирифта, мехоҳанд қасди устодро аз пирамард бигиранд. Аммо устод онҳоро нигоҳ дошта мегӯяд:
- Истед! Ба ӯ нарасед, ман аз ин мард хеле миннатдорам. Маҳз ба «шарофати» ӯ ман худам талош карда, мустақилона ба ин мақому мартаба расидаам.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
10 САГИ МАШҲУРИ ТАЪРИХ
1. ПАЛМА
Ин ҳодиса соли 1976 дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Москва рух дода буд. Тайёраи «Ил - 18» ба сӯйи Шимол ҳаракат дошт. Мусофирон саросема ба парвоз омодагӣ медиданд. Танҳо як нафар, ки ҳамроҳ саг дошт, саросема набуд. Ӯ мехост сагаш Палмаро бо худ бубарад. Агарчи барои саг чипта дошт, аммо иҷозати парвоз дар тайёраро надоданд. Чунки саг маълумотномаи тиббӣ надошт. Хулоса, ӯ саги худро сахт оғӯш гирифта, сипас занҷири гардани ӯро ба замин гузошт ва сӯйи тайёра рафт.
Палма дар фурудгоҳ танҳо монд. Ӯ мунтазир буд ва гумон мекард соҳибаш бармегардад. Аммо, мутаассифона, чунин нашуд. Интизории ӯ дер давом кард. Аниқтараш беш аз 2 сол. Албатта, ин муддат нафарони зиёд хостанд Палмаро бо худ бигиранду тарбияи намоянд, аммо ӯ касеро ба худ наздик шудан намемонд. Ниҳоят пас аз интизории дуру дароз Палмаро дотсенти Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Киев Вера Котляревская, ки ин муддат аз аҳволи ӯ хабар гирифта меистод, бо худ бурд.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА
КӮДАКОНЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДААНД
Карина Окли
Карина Оклии бритонӣ соли 2009 вориди рӯйхати «Кӯдакони донотарин» шуд. Озмоиш нишон дод, ки қобилияти зеҳнии ин духтараки 2 - сола баробар ба 160 IQ мебошад. Аз ин нишондод ҳама ба ҳайрат омаданд, зеро он барои ин синну сол тасаввурнопазир аст.
Модари Карина Шарлота Фрейзер таъкид менамояд, ки духтараш хотираи фавқулода дорад. Ба гуфтаи равоншиносе, ки бо Карина кор мекунад, қобилият ва истеъдоди ӯ ҳамроҳ бо синну солаш инкишоф ёфта истодааст. Ҳоло ӯ мисли дигар кӯдакони ҳамсолаш расм кашидан ва бозӣ карданро дӯст медорад. Аммо бо бузург шуданаш, чӣ истеъдоди нав пайдо мекунаду қобилияташро то куҷо сайқал медиҳад, ҳанӯз муайян нест.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
САЁҲАТҲОИ ҒАЙРИОДӢ
Гарчанде сайру саёҳат аз замонҳои қадим маъмул буд, аммо дар қарни XXI рушду нумӯи бештар ёфт. Албатта, дар ин бора зиёд гуфтаву навиштаанд, вале ин ҷо сухан аз саёҳатҳое меравад, ки бо вижагиҳои худ фарқ мекунанд.
Агар Юрий Гагарин нахустин кайҳоннавард бошад, пас миллионери амрикоӣ Деннис Тито аввалин сайёҳест, ки 28 апрели соли 2001 ба сайри кайҳон баромад. Харҷи ин сафар 20 миллион долларро ташкил дода, парвоз 8 рӯз тӯл кашид. Дар ин муддат, ӯ 128 маротиба гирди Заминро давр зад. Деннис он замон 61 сол дошт.
Мехоҳед киштии афсонавии “Титаник”- ро, ки соли 1912 дар уқёнуси Атлантика ғарқ шуда буд, бо чашми худ бубинед? Агар ҳа, пас ин имкониятро аз даст надиҳед. Соли 2019 ширкатҳои сайёҳии “Blue Marble Private” ва “The Bluefish” чунин саёҳатро ташкил хоҳанд намуд. Маблағи сафар 105 ҳазор доллар муқаррар гардидааст.
Соли 1891 Аракоша Силван Дорнони фаронсавӣ ба мақсади сарфаи маблағ аз Париж то Москва пиёда омад. Аракоша масофаи 2800 километрро дар 58 рӯз тай намуд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.
ЧАНД КИЛОГРАММӢ ВАЗН ДОРАНД?
Вазни Меҳрубон бо Мутриба дар якҷоягӣ 40 кг, Мутриба бо Нилуфар 50 кг, Нилуфар бо Лайло 60 кг, Лайло бо Ҳусноро 70 кг ва Ҳусноро бо Меҳрубон 80 кг аст. Ҳар яке аз онҳо чанд килограммӣ вазн доранд?
Масъули рубрика Зулола Бобораҷабова
93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40
МОШИНЕ, КИ 240 СОЛ УМР ДОРАД
Сокини Канада Брайан Риди аз чӯби дарахти 240 – сола мошине сохтааст, ки дар як соат 77 километрро тай мекунад.
Автомобил бо номи «Cedar Rocket» аз рӯйи тарҳи «Мazda RX-7» сохта шудааст. Онро ба «Китоби рекордҳои Гиннес» ҳам шомил карданд. Аҷоиботи мошин дар он аст, ки муҳаррикаш барқӣ буда, дар қисмати пеши мошин ҷойгир мебошад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ЭЙНШТЕЙН ВА АРИФМЕТИКА
Эйнштейн, аз рӯи одат, ҳар гоҳ ки вориди трамвай мешуд, китоберо кушода, ба хондан фурӯ мерафт. Рӯзе, ки низ дар ҳамин ҳолат буд, ҳис кард, ки болои сараш кондуктор рост истодааст. Ӯ бе он ки аз мутолиа чашм канад, даст ба киса бурда, роҳкирои қаблан шумурдаашро дароз мекунад.
- Пули шумо аз арзиши чипта камтар аст,- мегӯяд кондуктор, баъди фурсате.
- Наход? Набояд ин хел бошад,- норозиёна мегӯяд олим, сар аз китоб набардошта.
- Ба шумо мегӯям, ҷаноб. Маблағи додаатон нокифоя аст…
Эйнштейн ин дафъа танҳо бо ишораи сар мефаҳмонад, ки ба гуфтаи кондуктор бовар надорад ва, ҳамчунон, бепарво хонданашро идома медиҳад.
- Ана, гирифта, худатон шуморед. Ин ҷо ҳамагӣ 15 пфенниг (тангаи олмонӣ), 5-тои дигараш намерасад,- ҷиддӣ ва каме бо ғазаб исрор мекунад кондуктор.
Эйнштейн ноилоҷ аз нав даст ба киса мебарад, ки воқеан 5 пфенниги дигарро пайдо мекунад. Чун дарк мекунад, ки кондуктор ҳақ аст, дар хиҷолат мешавад….
Вале кондуктор ӯро аз ин ҳолат бароварданӣ шуда, оромона мегӯяд:
- Ҳеҷ гап не, бобо, чунин ҳолатҳо, баъзан, мешаванд. Фақат кам-кам арифметикаро хонданатон лозим.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА
ПАНД
Аз иттифоқе, ки уфтод, ҳеҷ гоҳ афсӯс нахӯред. Беҳтараш аз ин хулоса бароварда, зиндагиро идома диҳед.
* * *
Дар асл зиндагӣ бисёр одӣ аст, мо худамон онро мураккаб мекунем.
КОНФУТСИЙ
БОЗИЧАИ БУЛӮРИН
Дар аҳди қадим хирадманде хоксору фурӯтан дур аз шаҳр ба сар мебурд. Ӯро, ки ҳунари шишагарӣ дошт одати аҷибе буд. Ҳар моҳ бозичаҳои булӯрину маҳини сохтаашро шаҳр бурда, ба кӯдакон тақдим мекард. Кӯдаконро аз ин одат бисёр хуш меомад ва бозичаҳоро низ ба хушнудӣ мепазируфтанд. Боре марде гуфт:
Ба зоҳир нафари хирадмандеро мемонӣ, вале амали туро наметавон оқилона хонд. Чаро бозичаҳоеро ба ин зарофату нозукӣ аз булӯр месозӣ? Беҳтар он нест, ки аз гил бисозӣ, то ҳангоми шикастанашон имкони тармим бувад ва кӯдаконро аз ин ғам набошад?
Ҳунарманд ҷавоб дод:
Замоне ин кӯдакон болиғ мешаванд, чизе ба эшон тақдим мегардад, ки зарифтар аз булӯру поктар аз шабнам аст ва онро ҳангоми шикастан ҳеҷ имкони тармим набошад. Он ҳадияи муқаддасро номаш дили инсон аст. Манзури ман аз ин иқдом ба кӯдакон аз ҳозир омӯхтани дарси посдориву эҳтиёт аст, то фардо ҳеҷ кадом аз онон дилшикаставу танҳо набошанд. Яқинан, шумо ҳеҷ вақт бозичаи булӯрин надоштаед…
Иноят Саодат Исмат
АНТОНИЁ
Поёни шаби сиёҳ сафед аст!
Антониё Фернандес соли 1917 дар деҳаи Сересалес дел Кондадои Испания, дар оилаи марди комбизоат, ба дунё омадааст. Бори сангини рӯзгор ба Антониёи 14 – сола имкон надод, ки таҳсилашро идома диҳад. Аз ин рӯ, бо кори вазнини саҳро машғул шуд. Соли 1949 ӯ бо даъвати хешовандони завҷааш ба Мексика меравад. Ӯро ба ширкати бонуфузи истеҳсолкунандаи оби ҷав - «Grupo Modelo» ба кор мегиранд. Дар як муддати кӯтоҳ ҷавон байни ҳамкорон нуфуз пайдо карда, ба зинаҳои баланд мерасад. Антониёи хуштолеъ ширкати оби ҷави худро ташкил дода, ӯро «Corona» номгузорӣ мекунад. Ширкат дар муддати кӯтоҳ аз сатҳи маҳаллӣ ба ҷаҳонӣ мебарояд. Тавассути «Corona» акнун Антониёро ҳамчун сарватмандтарин шахси дунё мешинохтанд.
Воқеан ӯ ҳамеша мегуфтааст, ки: «Ҳеҷ гоҳ сатҳи пасти зиндагии мардуми зодгоҳам аз пеши чашмам дур намешавад».
Пеш аз марг Антониё тасмим гирифт, ки сармояи худро ба аҳли деҳааш армуғон намояд. Ҳамин тавр, 80 нафар бошандагони Сересалес дел Кондадо дар як рӯз ба қатори сарватмандони олам шомил шуданд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
КОХИ ДАНГ ВЕТ НГА
Меҳмонхонаи Данг Вет Нга, воқеъ дар кишвари Ветнам, ба маънои томаш ғайриодист. Дар он ҳам пансионат, ҳам қаҳвахона ва ҳам галереяи бадеӣ ҷойгир аст. Намуди зоҳирии он ба дарахти банан монандӣ дошта, хеле муҳташам аст. Дар бунёди он танҳо аз меҳнати дастӣ кор бурдаанд. Қисмати меҳмонхонаи маҷмаа аз панҷ ҳуҷраи хобе, ки ҳар яке дорои услуби хос аст, иборат мебошад. Устоҳо дар намои он шаклҳои ҳайвоноти ваҳширо моҳирона кандакорӣ намудаанд. Тобистон сайёҳон аз тамоми гӯшаю канори дунё ба «хонаи аҷоибот» меоянд.
Шоҳдухтар Данг Вет Нга бо сохтани ин маҷмаа ба орзуи деринаи хеш расид. Ӯ бо тарҳи ғайриодӣ эъмор кардани иншооти ба ягон иншооти дунё монанднабударо орзу дошт.
14 соли умри аз диёр ва волидайн дур сипарӣ гаштааш барабас нарафт. Тайи ин муддат ӯ яке аз донишгоҳҳои Маскавро хатм ва рисолаи номзадиашро дар бахши меъморӣ дифоъ кард.
Ҳамчунин, тарҳи биноҳои қасри кӯдакон ва калисои католикии Ленкхионгро ӯ офаридааст. Данг Вет Нга бо ин амалаш рӯҳи падараш - Чионг Тинеро, ки солҳои 1981 – 1988 Президенти Ветнам буд, шод кардан хостааст.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
8 ШАҲРИ ХУРДТАРИНИ ОЛАМ
Саҳифаи “Шоми шанбе”- и рӯзнома дар бораи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон матолиби мухтасар интишор карда буд. Ин навбат тасмим гирифтем шумо – хонандагони азизро бо хурдтарин шаҳрҳои олам шинос намоем.
1. Бэиле – Тушнад. Аҳолиаш 1700 нафар
Бэиле – Тушнад дар Руминия ҷойгир аст. Он соли 1842 сохта шуда, соли 1968 унвони шаҳрро ба худ гирифт. Айни ҳол дар ҳудуди шаҳр чашмаҳои шифобахш зиёд аст ва дар ин замина осоишгоҳҳо сохтаанд. Дар бораи чашмаҳои шифобахши он аввалин маротиба дар асри XVII маълумот додаанд. Аксарияти аҳолии шаҳрро венгер - селекҳои руминӣ ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, дар шаҳри Бэиле -Тушнад ибодатгоҳи католикӣ ва калисои православӣ фаъолият мекунанд.
Таҳияи Комрон САФАР
ГАНҶИ ШОЙГОНИ КИШТИҲОИ ҒАРҚШУДА
Садамаи Bom Jesus
Геологҳои иттиҳодияи байналмилалӣ, ки бо истихроҷи алмос сару кор доштанд, соли 2008 дар Намибия, наздикии Соҳили Скелетҳо ғайричашмдошт ба боқимондаи киштии қадимаи Bom Jesus дучор гаштанд.
Он зери қабати ғафси қуми халиҷи баҳр мехобид. Аз қаъри об шумори зиёди тангаи тиллои портуғолӣ ва венетсӣ, оҷ, сабикаҳои мис ва силоҳ берун оварда шуд. Арзиши умумии бозёфти пайдокарда беш аз $13 миллион аст. Bom Jesus, соли 1533 дар роҳ ба Ҳиндустон нопадид гашта буд.
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД
10 ҶОНВАРИ ОБИЕ, КИ НОТАКРОРАНД
4. ДАЛИЯ – МОҲИЕ, КИ ЯХ МЕКУНАД
Дар ҷазираҳои Аляска ва Чукотка далия ном моҳии аҷоиб зиндагӣ мекунад. Аҷобати далия дар ин аст, ки вақте зимистон фаро мерасад, дар баробари об ях мебандад ва кас гумон мекунад, ки ӯ мурдааст. Аммо бо cap шудани мавсими гармо, ки яхҳо тадриҷан об мешаванд, моҳӣ низ аз нав ҷон гирифта, зиндагиро идома медиҳад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Куку бачаҳояшро аз хотир баровард
Воқеан, куку будани худро зане аз Ганновер ба исбот расонд. Дар маъракаи тобистонаи арзонфурӯшӣ нархҳо чунон хоки сиёҳ буданд, ки ӯ ду духтарчаашро дар мошин ба боди фаромӯшӣ супурд. Баъди ду соат кӯдакони аз гармӣ «пухта» - ю аз норасоии ҳаво фиғонбардоштаро пулисҳо наҷот дода, ба пулисхона оварда, хотирҷамъ карданд. Вақте ки модар пас аз 4 соат барои гирифтани бачаҳояш омад, зеро пулисҳо дар оинаи сабукраваш даъватнома монда буданд, аз ваҷоҳаташ ягон хел азоби виҷдон хонда намешуд: «Охир, ба шумоён он қадар бад набуд, ҳамин тавр не?» - пурсид аз духтарони 2 ва 6 – солааш бо табассуми фориғболона. Аз ин тарзи муносибат ҳанги пулисҳо канд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
РЕАЛ - ДАСТАИ «ШОҲОНА»
4. Аз ҳама ғалабаи калонтарини «Реал», бо ҳисоби 11:2 бар дастаи «Элче» маҳсуб мешавад, ки 7 феврали соли 1960 сурат гирифт. Дар тӯли фаъолияти даста «Реал» - Мадрид тавонистааст бошгоҳи «Барселона» - ро дар даври Ѕ ниҳоии Ҷоми шоҳона бо ҳисоби ҳангомабарангези 11:1 шикаст диҳад.
5. Аввалин ҷоми ба даст овардаи «Реал» соли 1905 дар финали Ҷоми шоҳона дар дидор бо дастаи «Атлетик» - Билбао буд, ки бо пирӯзии «Реал» анҷом пазируфт.
6. «Реал» - Мадрид дар 80 мавсими фаъолияташ дар Ла Лига 2534 вохӯрӣ анҷом додааст, ки дар ин дидорҳо бозигарони он 5285 гол ба дарвозаи ҳарифон зада, 2915 гол ба дарвозаи худ сар додаанд.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ
СЕ НАБАРДИ РЕКОРДӢ
Бокси касбӣ ҳама вақт бизнес буду мемонад. Дар набардҳо байни ситораҳои ринг маблағҳои калон - даҳҳо ва ҳатто садҳо миллион доллар фоида ба даст меояд. Аҷобаташ дар он аст, ки ҳамаи набардҳои рекордӣ (се набард) бо иштироки Флойд Мейвезери афсонавӣ сурат гирифтаанд. Ин муштзан ҳамаи рекордҳоро ноил гаштаву тӯли фаъолияти касбии хеш зиёда аз як миллиард доллар даромад кардааст.
3. ФЛОЙД МЕЙВЕЗЕР - КОНОР МАКГРЕГОР 800 МИЛЛИОН ДОЛЛАР
26 августи соли 2017 дар Тимобайл Арена Флойд Мейвезер ва чемпиони UFC дар вазнҳои сабук ва нимасабук – Конор Макгрегори ирландӣ вохӯрданд. Дар раунди 10-ум Конор бо накаути техникӣ мағлуб шуд ва Флойд номи худро дар таърих ҳамчун муштзани ягон маротиба мағлубнашуда сабт намуд (50-0).
Мувофиқи шарти қарордод муштзанҳо даромади худро эълон карда наметавонистанд. Ташкилкунандагони мусобиқа бошанд, танҳо музди минималиро эълон намуданд – Флойд на камтар аз 100 миллион доллар ва Конор 30 миллион гирифтаанд.
Вале ВАО дар ин бора ақидаи дигар дорад. Масалан, моҳи декабри соли гузашта (2017) ҳисоб кардаанд, ки бо назардошти намоишҳои телевизионӣ, чиптаҳои ба фурӯш рафта ва ғайра даромади умумӣ аз ин мусобиқа зиёда аз 800 миллион долларро ташкил додааст.
Бино ба маълумоти The Sun, Флойд аз ин набард зиёда аз 400 миллион доллар фоида дидаву Макгрегор тақрибан 150 миллион доллар гирифтааст.
Таҳияи Умар АЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.2018 №: 236 Мутолиа карданд: 1079