ҳуқуқ
БОЗ ҲАНГОМАВУ ДУРӮҒ. НАҲЗАТИҲО ДАР РОБИТА БА ВАЗЪИ БАДАХШОН ҲАРЗАГӮӢ МЕКУНАНД
Пас аз фурӯпошии ИҶШС саркардагони нооромиҳои солҳои 90-уми асри гузашта ва ҷанги бародаркуш, яъне сарварони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз бовару эътиқодоти динии мардум истифода намуда, кишвари ободу зебо ва мардуми орому осудаи Тоҷикистонро ба гирдоби нобудию бадбахтӣ кашиданд.
Аммо қисми зиёди сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон он замон ба дурӯғу сафсата ва ҳарзагӯйиҳои намояндагони ТТЭ ҲНИ бовар накарданд ва аз паси ин душманону хиёнаткорон нарафтанд. Ҳарчанд кӯшиш намуданд, ки бо истифодаи тамоми роҳу воситаҳо мардуми ин минтақаи кишварро ба доми фиреби худ афтонанд, вале ноком гардиданд. Яъне, ба ибораи дигар метавон гуфт, ки Бадахшон аз хиёнати душманона, неши каждумона ва захми заҳҳоконаи террористону экстремистони наҳзатӣ эмин монд. Ин боиси хушбахтии мардуми сарбаланди Бадахшон аст, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳатто дар мушкилтарин лаҳзаҳо аз намояндагони хиёнаткори ТТЭ ҲНИ пайравӣ накарданд. Аз ин ҷост, ки ифротиёни ҷинояткори наҳзатӣ то имрӯз бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, то мардуми шарафманду огоҳи ин вилоятро ба гирдоби нооромию муноқишаҳо кашанд ва манфиатҳои ғаразнокашонро ба даст оранд.
Дар паҳн кардани ахбори дурӯғ ва бофтани туҳмату афсонаҳои касношунид, террористони наҳзатӣ ҳамто надоранд. Онҳо ҳамеша бо суханони бардурӯғ шаъну шарафи ашхоси маъруфу муътабари кишварро паст мезананд, аз номи сокинони шаҳру навоҳии кишвар номаҳои дурӯғин менависанд ва дар маҷмӯъ, ба нуфузи миллату давлат зарар расонданӣ мешаванд. Аз ҳар гуна хабарҳои ҷузъӣ овозаю дарвоза ва ҳангомаю валвала сохта, мардумро ба воҳимаю таҳлука меандозанд, ки намунаи чунин амалро метавон дар робита ба вазъи Бадахшон дарёфт.
Дар Бадахшон мардум дар фазои сулҳу субот ва оромӣ зиндагӣ ва кору фаъолият доранд. Дар ин ҷо ҳолат ва вазъияти нигаронкунандае ҷой надошта, танҳо чанд нафар аз худбохтагону ноогоҳон ба ҳаёти ҷамъиятии мардум халал ворид кардан мехоҳанд. Бо ин чанд нафар наметавон ҳама сокинонони шаҳри Хоруғ ва навоҳии дигари вилоятро бадном ва гумроҳ номид ва ҳамзамон, наметавон чанд амали ин ноогоҳонро вазъият ва ё ҳолати даҳшатбору ваҳшатангез арзёбӣ кард. Чун террористону экстремистони наҳзатӣ, ки худ дар иҷроиши корҳои аҳриманонаю заҳҳокона ва хиёнаткоронаю душманона устухон надоранд, ҳамаро мисли худ фикр карда, аз кӯчактарин ҳодиса як фоҷиа месозанд.
Сокинони Бадахшон ҳам мисли бошандагони дигар манотиқи ҷумҳурӣ тарафдори сиёсати созандаи Сарвари давлат ҳастанд ва дар раванди созандагию ободкорӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ҳукумат ҳамеша кӯшиш менамояд ва аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебарад, то барои кулли сокинони кишвар, аз ҷумла Бадахшон, шароити зисти арзандаро фароҳам орад ва дар ин самт муваффақ ҳам ҳаст. Вале чанд нафар ҷинояткореро, ки ба даст аслиҳа гирифта, ба ҳар гуна амалҳои номатлуб даст мезананд, ба ҳама мардум омезиш додан салоҳи кор нест. Ин гуна рафтору кирдорҳои паст хоси террористони наҳзатӣ буда, маҳз онҳоянд, ки манфиатҳои заҳҳоконаю аҳриманонаи хешро манофеи умумимиллӣ нишон дода, нашармида аз номи тамоми халқ сухан мекунанд.
Мусаллам аст, ки дар рафти нооромию нобасомониҳои солҳои 90-ум бо дастгирии сарварони ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо тамоми ҷинояткорону ҷиноятпешагон ба даст силоҳ гирифта, ба қатлу куштор ва ғорату озори мардум оғоз намуданд. Ҳамин аслиҳае, ки дар дасти ҷинояткорони Бадахшон аст, боқимондаи яроқҳои наҳзатиҳо мебошад.
Имрӯз давлат ва Ҳукумати кишвар, ки сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро дар тамоми кишвар таъмин кардааст, ғайриқонунӣ дар даст доштани силоҳу аслиҳаро ба амнияти шаҳрвандон хатарнок медонад. Ҳукумати ҷумҳурӣ аслиҳаи ғайриқонуниро аз дасти гурӯҳҳои ҷинояткор мусодира мекунад. Мақомот ҳеҷ касеро маҷбур ҳам накардааст, ки аз берун силоҳ харида, ба давлат бисупоранд. Ин аз ҳарзагӯию сафсатаҳои террористону экстремистони наҳзатӣ буда, ҳамагон медонанд, ки ҳеҷ асоси воқеӣ надорад.
Нодири ҚОДИР, таҳлилгар
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.2018 №: 236 Мутолиа карданд: 877