ҳуқуқ
СУҒД. ФАЪОЛИЯТИ НОЗИРОНИ МИНТАҚАВӢ БАРРАСӢ ШУД
Дар раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят доир гашт. Ҷаласаи мазкур ба фаъолияти нозирони минтақавии милитсия бахшида шуда, дар кори он муовини якуми раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо, роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсатҳои маориф, кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилоят ва нозирони минтақавии 18 шаҳру ноҳияи минтақа иштирок намуданд.
Тавре аз ВКД иттилоъ доданд, ҳадафи асосии баргузории шӯро фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри боз ҳам назаррас намудани фаъолияти нозирони минтақавии милитсия арзёбӣ гардид. Ба гуфтаи масъулон, самти фаъолияти хизматии ин бахши мақомот симои милитсияро ҳамчун мақомоти давлатӣ таҷассум намуда, фаъолияти намунавии нозирони минтақавии милитсия боварии ҷомеаро нисбат ба мақомоти давлатӣ бештар мегардонад.
Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов ва сардори раёсати ВКД дар вилоят, генерал - майор Қудратулло Назарзода, вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» фаъолияти нозирони минтақавиро асосан дар 4 самт: фаврӣ - ҷустуҷӯӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, танзими анъана ва ҷашну маросим ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар соли 2017 ва 9 моҳи соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин давра, ба мақомоти корҳои дохилии вилоят 41,5 ҳазор аризаву хабар ворид шуда бошад, аз ин шумора 18,8 ҳазор аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул шудааст. Ҳамзамон, аз 10 549 ҷинояти тайи ин муддат содиргардида дар ошкор ва бақайдгирии 2500 - тои он саҳми нозирони минтақавӣ дида мешавад.
Қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат хизмати кормандони мақомоти корҳои дохилиро қадр намуда, ҷиҳати беҳтар кардани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвияти заминаҳои моддиву техникии он тадбирҳои муассир меандешад. Дар ин самт аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади таъмири ҳуҷраҳои кории нозирони минтақавӣ ва беҳсозии шароити корӣ беш аз 324 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ба 62 нафар нозири минтақавӣ замини наздиҳавлигӣ ва ба 1 нафар хонаи хизматӣ вобаста шудааст.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва паст кардани сатҳи он самти ягонаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳсуб ёфта, танҳо дар ҳамбастагӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Таваҷҷуҳ ба фаъолияти хизматии нозирони минтақавии милитсия метавонад заминаи воқеии назорати криминогениро таъмин намуда, ба коҳиши вазъи ҷинояткорӣ мусоидат намояд.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.2018 №: 236 Мутолиа карданд: 794