фарҳанг
"АНДАЛЕБ - 2018". ДАВРИ ДУВУМИ ОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Дар қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор даври дуюми Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2018» ботантана ҷамъбаст гардид. Фестивали мазкур ҳамасола баҳри дарёфти истеъдодҳои нав, эҳёи ҳунару анъанаҳои миллӣ ва рушди боз ҳам бештари санъати қадимаи тоҷик саҳми калон мегузорад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамъбасти фестивал беҳтарин дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва беҳтарин номинатсияҳо бо диплом, ифтихорнома ва созҳои миллии мусиқӣ сарфароз гардонда шуданд. Ба ғолибони фестивал аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ширкати муштараки «Транс - Тоҷикгаз тайплайн компани Лимитед» (ТТГП) ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Тибқи хулосаи аъзои ҳакамон, Шоҳҷоиза насиби дастаи ҳунармандони шаҳри Ҳисор, ду ҷойи аввал насиби дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, ду ҷойи дуюм насиби ноҳияҳои Тоҷикобод ва Файзобод, се ҷойи сеюм насиби шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва ноҳияи Ёвон гардид.
Дар номинатсияҳои навозиши умумӣ, бадеҳа, суруди якка ва сюитаи овозию рақсӣ ҳунармандони санъати шаҳри Ҳисор, суруди ҳамсароёни бисёровоза (акапелла), намоиши либосҳои миллӣ ва монолог дастаи ҳаваскорони санъати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, навозиши якка ва рақси якка ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, саҳначаи ҳаҷвӣ ва порча аз анъанаҳои мардумӣ - шаҳри Ваҳдат, хониши бадеӣ - Файзобод, суруди анъанавии фалак – Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, суруди ӯзбекӣ - Тоҷикобод, рақси хоразмӣ - шаҳри Роғун, рақси қирғизӣ - Лахш, саҳначаи ҳаҷвӣ - Ёвон, суруди анъанавии «Лалаик» - шаҳри Хоруғ ва шашмақомхонӣ - ноҳияи Шаҳринав ғолиб дониста шуда, дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои иштироки фаъолона дар фестивали мазкур бо диплом сарфароз шуданд.
Ҳамзамон, дар маросими ҷамъбасти фестивал - озмун 15 нафар кормандони фаъоли муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг, 6 нафар бо Ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 нафар ҳунарманд бо ифтихорномаи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон мушарраф гардиданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.12.2018 №: 237 Мутолиа карданд: 833