маориф
МТМУ № 62 - МУАССИСАИ БЕҲТАРИН ДАР ХАТЛОН
Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат садҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд ва таҷдиду навсозӣ гаштанд. Қобили тазаккур аст, ки дар ин давра дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ теъдоди зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳозиразамон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 62-и деҳаи Истиқлоли ноҳия, ки соли 2011 бо иштироки Пешвои миллат ба истифода дода шуд, на танҳо дар вилояти Хатлон, балки ҷумҳурӣ аз ҷумлаи беҳтарин мактабҳо ба ҳисоб меравад.
Зимни суҳбат директори муассиса Маҳмуд Забиров зикр намуд, ки муассиса дорои 26 синфхона буда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонда шудааст ва дар он 692 хонанда таҳсил менамояд. Омӯзгорони муассиса пайваста саъю кӯшиши худро барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи насли наврас равона месозанд, ки он самараи дилхоҳ ба бор меорад. Ҳамин аст, ки соли равон аз 74 хатм- карда 73 нафараш ба макотиби олии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ дохил шуданд.
- Ҳамасола хонандагон дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумла, соли равон 34 хонанда дар олимпиадаҳои гуногун сазовори ифтихорнома гардид. Мунисаи Алишер дар олимпиадаи ноҳиявии «Таърихшинос» ва Бахтиёр Саидмуродову Акбаралӣ Кенҷаев дар спартакиадаи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои аввалро ишғол карданд, - афзуд М. Забиров.
Боиси сарфарозии аҳли маорифи ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ мебошад, ки соли таҳсили 2017 - 2018 муассисаи мазкур байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон бо дипломи «Муассисаи беҳтарин» сазовор гардид.
Қурбон АҲМАДЗОД, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.12.2018 №: 237 Мутолиа карданд: 818