logo

маориф

МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШЕМ

Кӯдакон шабеҳи химчаи тар ҳастанд: ҳар тараф, ки тоб диҳем, ба ҳамон сӯ тоб мехӯранд. Барои он ки ин фариштаҳои умед ба самти дилхоҳ, ба самти зарурӣ тоб хӯранд, мо калонсолон, аниқтараш оила ва муассисаҳои таълимӣ нисбат ба тарбияи онҳо бояд масъулияти басо хос дошта бошем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ин насли навраси ояндасоз дар рӯҳияи баланди ватандӯстию хештаншиносӣ, созандагию бунёдкорӣ ба камол расад ва пайрави бузургони миллати соҳибтамаддуни хеш  бошад. 
Боиси шукргузорӣ ва қаноатмандист, ки аз тарафи давлату Ҳукумат, хосса  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати ба илму дониш фаро гирифтани насли наврас пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванду сол ба сол тамоми шароитҳои тадрис дар муассисаҳои таълимӣ муҳайёву беҳтар мегарданд.
Мутаассифона, алорағми ин ҳама ғамхориву пуштибонӣ, бархе аз волидон бемасъулиятӣ нишон  медиҳанд. Фарзадонашонро ба ҳоли худ гузошта, аз ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимиву омӯзгорон сар метобанд, дар маҷлису машваратҳои падару модарон, ки он ҷо аз пешравию камбудии фарзандонашон сухан меравад, ширкат наменамоянд. Ин ҳама, албатта, оқибати хуб ба бор намеорад.
Ин гуна волидон дуруст дарк накардаанд, ки кӯдак зинаи аввали таълиму тарбияро дар оила мегузарад ва мактаб танҳо ба он шакл медиҳад. Агар кӯдак хатое содир намояд, зуд аз гиребони омӯзгор медоранд. «Аҳамият надодед, таъкид накардед» гуфта, борони маломатро ба сари омӯзгори зери ҳадафмонда мерезанд. Ҳол он ки ба ҳар ҷурму хато ва рафтори носазои фарзанд падару модарон низ  мусоидат менамоянд.   Ба ҷойи кумак намудан ҳангоми иҷрои вазифаҳои хонагӣ ба фарзандон иҷозат медиҳанд, ки назди телевизор нишаста, соатҳои зиёд филмҳои бисёрсериягиро тамошо намоянд.
Вақт ноаён, бисёр тез мегузарад. Инсон чи гуна гузаштани онро нафаҳмида мемонад. Мо, ана дар ҳамон соату лаҳза аз натиҷаи бемасъулиятии хеш огоҳ мегардем, ки аллакай нахли тарбиянамудаамон каҷ сабзидааст. Чунин подоши амали тарбияи намудаамонро дар зиндагӣ ҳамарӯза эҳсос мекунем, мебинем ва  вомехӯрем.
Бинобар ин, дар тарбияи наврасону ҷавонон набояд саҳлангорӣ намуд ва тавре педагоги маъруф Антон Макаренко мегӯяд: «Волидон бо тарбияи фарзанд таърихи ояндаи кишвар ва ҷаҳонро тарбия мекунанд». 
Сад шукр имрӯз пешорӯи  омӯзгор  ва хонанда мушкилоте нест. Муассисаҳои таълимии хуштарҳу замонавӣ ва фарогир бо ҳама шароит дорем. Таълимгоҳҳо  бо кадрҳои баландихтисоси тахассусӣ ва китобҳои дарсию аёниятҳои таълимӣ пурра таъмин мебошанд. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҳамкории таълимгоҳу волидонро боз ҳам мустаҳкам намоем ва дар тарбияи ҷавонони воқеан донишманду содиқ, ки барои Тоҷикистони азизамон чун нӯшдору заруранд, мусоидат намоем.
 Хишти аввали таълиму тарбияро бояд тарзе гузорем, ки бинои бунёднамудаамон то ба охир рост равад. Чун ин рисолати бузургро ба зимма  гирифтаем ба он бояд  содиқ монем ва рисолати худро сарбаландона иҷро намоем.
Аз ҷониби дигар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" мо, омӯзгорон ва волидайнро водор менамояд, ки дар ин самт боз ҳам бештар заҳмат бикашем ва костагиҳои тарбияро бартараф карда, дар мустаҳкамгардии робитаи оила бо муассисаи таълимӣ саҳмгузор бошем.
Фирӯза АКРАМОВА,
омӯзгори коллеҷи омори
шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2018    №: 237    Мутолиа карданд: 924
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед