фарҳанг
"ОБ, ИЛМ ВА РУШДИ УСТУВОР" РӮНАМО ШУД
Дар Академияи илмҳои кишвар китоби «Об, илм ва рушди устувор» рӯнамо шуд. Дар он олимону адибон ширкат варзида, доир ба ҷанбаҳои муҳимтарини китоб мубодилаи афкор намуданд.
Зикр шуд, ки китоб дар асоси таҳлил ва коркарди иттилооти зиёд доир ба захираҳои обии Тоҷикистон - обҳои равон, кӯлу обанборҳо ва пиряхҳо, инчунин, натиҷагирии таҳқиқи олимони соҳаҳои мухталифи Академияи илмҳо таҳия шуда, маълумоти умумии тозаеро таҷассум мекунад. Онро муаллифон Ф. Раҳимӣ, Х. Муҳаббатов, А. Ниёзов ва Х. Аброров ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028», ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, бахшидаанд. Китоб дар баробари қиммати бузурги илмӣ доштан, дорои хусусиятҳои илмӣ – оммавӣ низ буда, барои донишҷӯён, аспирантону унвонҷӯён ва доираи васеи мутахассисон пешбинӣ шудааст. Дар китоб, нисбат ба тарҳи системаҳои дарёии Тоҷикистон, таркиби умумии кимиёвӣ, инчунин, огандагии умумии унсурии онҳо маводи зиёд гирд оварда шудааст. Дар он, ҳамчунин, бори нахуст харитаҳои комили ҳавзаҳои дарёҳои Сир, Зарафшон, Ому, Қарокӯл ва дарёҳои ба берун судуршаванда пешниҳод шудаанд, ки хусусиятҳои нави дарёҳои Тоҷикистонро ошкор менамоянд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.12.2018 №: 237 Мутолиа карданд: 830