logo

фарҳанг

ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР. САРЧАШМАИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Куруши Кабир яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи аҳди қадим ва бунёдгузори тамаддуни давлатдории комилан нав буда, ҳазорсолаҳо чун шоҳаншоҳи одил, сиёсатмадори зираку тезҳуш, пуштибони адолату ростӣ, кафили ҳуқуқу озидиҳо ва ҳомии кешу оини сокинони қаламраваш шуҳрат ёфтааст. Мутобиқи маълумоти Ҳеродот, ӯ аз ҷумлаи машҳуртарин  намояндаи сулолаи Ҳахоманишиён буда, нахустин империяи паҳновари ҷаҳониро бунёд гузоштааст, ки дар ҳудуди 24 сатрапии (вилоят) он намояндагони зиёда аз 50 забону 70 халқиятҳои гуногуни Осиёи Хурд ва Шарқи Наздик зиндагӣ мекарданд.
“Эъломияи Куруши Кабир оид ба озодии виҷдон” соли 539 пеш аз милод аз ҷониби Куруш ба тасвиб расида буд. Ин санад яке аз бузургтарин ислоҳоти иҷтимоӣ ва Эъломияи таърихии ӯст, ки дар шакли паём ба сокинони гуногунзабону гуногунмазҳаби қаламрави паҳоновараш ирсол намуда буд.
Ин Эъломия, ки аз 39 банд иборат аст, ҳангоми ҳафриёти харобаҳои Тахти Ҷамшед ёфт шуда, аз ҷониби олимони ҳуқуқшиноси ҷаҳон ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Ва яке аз нусхаҳои он дар Осорхони Британия дар Қонун бо номи «Устувони Куруш» маҳфуз аст. Маншур ё Эъломияи Куруши Кабир ба забони қадимаи эломӣ навишта шудааст.
Ба қавли файласуфи олмонӣ - Фридрих Гегел дар китоби «Фалсафаи таърих» низоми давлатдории мутамаддин ва, умуман, таърихи тамаддуни умумибашарӣ маҳз аз таърихи пурҷозибаи порсҳо ва оини давлатдории Куруши Кабир ибтидо меёбад. Хушбахтона, нависандаи хушсалиқа ва боистеъдод Бароти Абдураҳмон романи нави ҷолибу шавқовареро бо номи «Куруши Кабир - шоҳаншоҳи тамаддунофар» соли 2006 интишор намуд, ки сарнавишти ибратомӯз, талошу пайкорҳои давлатсозӣ ва муттаҳидгардонии ақвоми парокандаи ориёӣ баҳои баланду холисонаи Гегелро бо даҳҳо асноду далелҳои таърихӣ асоснок намудааст.
Ҳангоме ки Куруши Кабир ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ қадамҳои нахустинашро ниҳод, сарзамини паҳновари Осиёи Хурд ва Шарқи Наздик миёни чаҳор давлати тавоно ва абарқудрати замон – Мод, Бобул, Лидия ва Миср тақсим шуда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ давлатҳои нисбатан хурди Бохтар, Суғд, Хоразм ва Порт амал мекард.
«Эъломияи Куруши Кабир оид ба озодии виҷдон» - ро бе ягон шубҳа метавон сарчашмаи муҳими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, сарчашмаи «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», ки аз ҷониби СММ 10 декабри соли 1948 қабул шудааст, ҳисобид.
 Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ, донишҷӯи ДДХ ба номи академик  Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2018    №: 237    Мутолиа карданд: 7109
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед