logo

иқтисод

ФАРХОР. НОҲИЯ БА ФАСЛИ САРМО ОМОДА АСТ

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагии ҷиддӣ гирифта истодаанд. Дар ноҳияи Фархор баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, таҳти № 147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019»  тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Сулаймон Вализода, раиси ноҳия изҳор дошт, ки аллакай ҳамаи бахшҳои иҷтимоию иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, барои зимистонгузаронӣ омодаанд. Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия баҳри нигоҳдошти 314,4 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 95,4 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар фасли сармо шароити заруриро муҳайё намудааст. Масъулони соҳа баҳри бемамоният пушти сар намудани зимистон ва вақти боридани барф ба ноҷӯриҳо мувоҷеҳ нагардидани ронандагони воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои ноҳия тадбирҳои заруриро андешидаанд. Аз ҷумла, 263 метри мукааб маводи зиддилағжиш, 85 тонна қум, 10 тонна намак, 2400 литр сӯзишвории дизелӣ захира намуда, кормандони муассиса низ бо пойафзол ва либосҳои махсуси корӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин, таҷҳизоти техникӣ - як боркунаки фронталию автогрейдер, трактори Т - 28 ва ду автосамосвал пурра таъмиру тармим шуда, ба иҷрои  корҳои зимистонӣ комилан омодаанд. Дар ин давра, бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва кумаки соҳибкорону сокинони диёр 4 километр роҳ асфалтпӯш ва 25 километри дигар сангфарш шуд.
Тибқи нақшаи омодагиҳо ҷиҳати хариди ангишт аз буҷети маҳаллӣ барои соҳаи маориф 280 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ 22800 ва  соҳаи фарҳанг 4160 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки барои гузарондани  мавсими сармо заминаҳои устувор мегузорад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар як  муддати кӯтоҳ бо саъю талоши ҳамаҷонибаи масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия, 6 фермаи чорвои калон ва 48 фермаи чорвои хурд аз таъмир босифат бароварда шуда, ба фасли сармо пурра мутобиқ гардонда шудааст.
Дар деҳаҳои дурдасти маркази ноҳия нуқтаҳои фурӯши ангишт бо нархи арзон  созмон дода шудааст.
- Аз ҷониби шабакаҳои барқи ноҳия бошад, мувофиқи нақша таъмиру таҷдиди таҷҳизоти соҳа ба роҳ монда шуда, 9 трансформатор, 50 симчӯб, 80 километр ноқилҳои барқӣ ва ба миқдори 1000 литр равғанҳои трансформаторҳо иваз гардида,  дигар қисмҳои зарурӣ низ захира  шудаанд. Барои иҷрои пурраи нақшаи омодагиҳо ба фасли сармо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ чораҳои муассирро амалӣ хоҳад кард, - афзуд С. Вализода.
Раҳматулло КАРИМЗОДА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2018    №: 237    Мутолиа карданд: 924
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед