logo

иқтисод

ОБ. НАҚШИ ИН ОМИЛИ ЗИНДАГИОФАР ДАР РУШДИ БАШАРИЯТ

Аз давраи пайдоиш  инсоният бо роҳи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ эҳтиёҷоти худро бо неъматҳои моддӣ мепӯшонад. Дар ин маврид  об неъмати бебаҳо ва арзишмандтарини табиат барои қонеъ сохтани талаботи одамон нақши асосӣ мебозад. Аз ин рӯ, гиромидошт ва мақсадноку сарфакорона истифода намудани захираҳои обӣ яке аз роҳҳои пешрафт ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар муайян гардидааст.
Дар Тоҷикистони кӯҳсор ва офтобӣ 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ мавҷуд аст, ки он ба рушди энергетика ва дигар соҳаҳо имконияти васеъ медиҳад. Бунёди НБО «Роғун» бо ташаббус ва заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истифодаи захираҳои обӣ ва  истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза беҳтарин намунаи сарфакорона ба кор бурдани сарватҳои табиист. 
Баробари афзоиши шумораи аҳолӣ, корхонаву ташкилотҳо талабот ба оби тоза, қувваи барқ ва дигар хизматҳои маишӣ то рафт меафзояд. Бо ин мақсад Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони неругоҳро дар сатҳи баланд ба роҳ монданд. Боиси хушбахтист, ки 16 – уми ноябри соли равон дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чархаи аввалини  неругоҳ ба кор оғоз кард.
Иқтидори солонаи истеҳсолии пурраи неруи барқ аз ҳисоби ин иншооти гидроэнергетикӣ 3600 мегаватт (17 миллиард киловатт - соат) буда, ба 2 миллиард доллари ИМА баробар мебошад.
Гузашта аз ин, сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бунёди ду неругоҳи барқи обиро дар поёноби дарёи Зарафшон ба нақша гирифтаанд, ки марҳилаи дигари рушди энергетикаи мамлакат мебошад. Бовар аст, ки мутахассисони ватанӣ аз уҳдаи бунёди босифати иншооти номбурда бо сарбаландӣ мебароянд, чунки онҳо дар ҷараёни сохтмони НБО «Роғун» ва дигар неругоҳҳои кишвар таҷрибаю малакаи  зиёд андӯхтаанд. 
Дар ростои пешравиҳои нав ба нав замони муосир бо шароити  босуръат тағйирёбандаи рушд ба мардуми мо вазифаҳои дигарро пеш мегузорад, ки иҷрои онҳо барои ноилшавӣ ба пешрафти васеътар хеле муҳим мебошад.
Дар ин маврид дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Ҳадафҳои Рушди Устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум муқаррароти худро ёфтаанд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат,  вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул аз ҳадафҳои асосии стратегияи мазкур мебошанд. Ба фаъолият оғоз намудани НБО “Роғун” дар роҳи амалӣ гардидани ҳадафҳои номбурда бузургтарин заминаест, ки аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. 
Акнун мо, мардуми Тоҷикистони азиз, имконияти бештар пайдо намудем, ки нақшаю чорабиниҳои Стратегияи миллии худро амалӣ намуда,  ба муваффақияту комёбиҳои баландтар ноил гардем.
Хушбахт АҲМАДОВ,
Беҳзод АЗИЗҚУЛОВ,
устодони Донишгоҳи давлатии молия
ва иқтисоди Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2018    №: 237    Мутолиа карданд: 1018
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед