фарҳанг
ЮНЕСКО. ЧАКАН БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ҒАЙРИМОДДИИ ФАРҲАНГӢ ВОРИД ГАШТ
Ахиран, дар нишасти 13 - уми ЮНЕСКО, ки дар Ҷумҳурии Маврикий баргузор гардид, гулдӯзии миллии тоҷикон – «чакан» ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид шуд.
Дар ин бора Дилшод Раҳимов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, хабар дод.
Дар сомонаи ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки «чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон "чакан" як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор рафта, домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаи чакан ба тан мекунанд. Санъати "чакан" аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».
Боиси тазаккур аст, ки ЮНЕСКО ду сол қабл оши палав ва Ҷашни Наврӯзро низ ба рӯйхати мероси ғайримоддии инсоният ворид карда буд.
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.12.2018 №: 237 Мутолиа карданд: 836