фарҳанг
ДОНИШҶӮЁНИ ОЛМОНӢ ШЕФТАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Имсол барои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли хубу хотирмон буд. Баҳри густариши равобити хориҷӣ, табодули афкор, омӯзиши таҷриба ва дастовардҳои илмии олимон, тарғибу ташвиқи забон, фарҳанг, таърих ва адабиёти халқи тоҷик тавассути “Курсҳои тобистона” 15 шаҳрванди Олмон аз донишгоҳи Ҳумболдт меҳмони институти мазкур шуд.
Донишгоҳи Ҳумболдт аз бонуфузтарин даргоҳҳои илму адаби ҷаҳон аст. Он соли 1810 аз ҷониби бародарон Александр ва Вилҳелм фон Ҳумболдт таъсис дода шуда, 27 ҷоизадори Нобелро тарбия намудааст. Алберт Эйнштейн, Нилс Бор, Макс фон Планк аз зумраи онҳо мебошанд.
Дар донишгоҳ ба тадриси таърих ва фарҳанги мардуми форсизабон, бавижа тоҷикон машғуланд. Алалхусус, дар ин робитаи дуҷонибаи фарҳангӣ нақши босазои яке аз тоҷикшиносони маъруфти олмонӣ Томас Лой шоистаи таҳсин аст. Ин иқдоми нек аз тарафи департаменти масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пажӯҳишгарони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мувофиқи барнома давоми 3 ҳафта олмониён забону адаби тоҷикро омӯхтанд. Устодони Донишгоҳи Ҳумболдт Барно Орифова, Шерзод Бурҳонов ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зуҳро Ғуломова аз рӯи китоби “Грамматикаи забони тоҷикӣ”, ки муаллифи он Лутс Жехак мебошад, дарс хонданд. “Таърих ва сиёсати Тоҷикистон”, “Иқтисодиёти Тоҷикистон” “Шоҳномашиносӣ дар Тоҷикистон ва Аврупо” низ, аз зумраи маърӯзаҳое буданд, ки бо забони олмонӣ шунида шуданд. Меҳмонон бо ганҷинаи осори хаттӣ шинос шуда, филми Б. Кимёгаров “Рустам ва Суҳроб”- ро тамошо карданд. Таърихи шинохти “Шоҳнома” дар Тоҷикистон ва тарҷумаҳои “Шоҳнома” дар Аврупо аз масъалаҳои меҳварии суҳбатҳо буданд.
Ғайр аз ин, донишомӯзони “Курсҳои тобистона” аз Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақбараи Мавлоно Яъқуби Чархӣ, китобхонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ, Маркази исмоилия, Осорхонаи бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳо дидан карданд. Устоди Донишгоҳи славянии Россия - Тоҷикистон Нафасшо Шозедов намоиши театришудаи донишҷӯёнро дар мавзӯи “Тӯйи тоҷикӣ” манзури олмониён гардонд.
Донишҷӯёни олмонӣ бо расму оинҳои тоҷикон аз наздик ошно шуда, пухтани оши палав ва нонро омӯхтанд. Бо дастовардҳои “Мактаби калонсолон” - и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуданд.
Дар ҷамъбаст, аз забони тоҷикӣ имтиҳон супурданд ва ба онҳо шаҳодатнома дода шуд. Омӯзгорон ва донишҷӯёни олмониро сафири фавқулода ва мухтори Олмон дар Тоҷикистон Ҳайтхарт Ҳёфер-Виссинг ба ҳузур пазируфт ва барои идомаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Олмон ҳавасмандӣ изҳор кард.
Санавбар ВОҲИДОВА, доктори илмҳои таърих, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.12.2018 №: 238 - 239 Мутолиа карданд: 984