ҳуқуқ
ДДҲБСТ. ЯК ТАШАББУСИ МУҲИМ
Тибқи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Масоили мубрами илми ҳуқуқшиносии муосир ва роҳҳои ҳалли онҳо: назария ва амалия» конфронси байналмилалии илмӣ - методӣ доир гардид.
Дар он коршиносони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия иштирок доштанд. Аз ҷумла, ҳайати калони намояндагон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар конференсия ширкат варзиданд. Онҳо намояндагони Донишкадаи ҳарбӣ - техникии Гвардияи миллӣ, Маркази такмили ихтисоси назди Вазорати адлия, Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, Маркази миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. Ҳайати коршиносон аз Агентии мустақили аккредитатсия ва баҳогузории Ҷумҳурии Қазоқистон низ хеле фаъол буданд.
Сараввал, меҳмонон аз дастоварди олимону устодон ва донишҷӯён, фаъолияти марказҳо ва лабораторияҳои амалкунандаи донишгоҳ дидан карданд. Ректори донишгоҳ, профессор Мумин Шарифзода меҳмонони ҳамоиши байналмилалиро хайрамақдам гуфт. Ректор иброз дошт, ки “Баргузории анҷумани байналмилалии мазкур дар шароити кунунӣ ҷиҳати ташаккули мафкураи ҳуқуқии ҷомеа, татбиқи қонунҳо, инкишоф ва ташаккулёбии қонунгузорӣ, хоссатан ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқшиносӣ бо назардошти раванди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳони муосир саҳм хоҳад гузошт”.
Дар ҷаласаҳои пленарӣ суханронии муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД - и вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷамшед Муртазоқулов, директори Агентии мустақили аккредитатсия ва баҳогузории Ҷумҳурии Қазоқистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Алина Жумагулова, дотсенти Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абулҳай Муминов, мушовири лоиҳаи муштараки Маркази миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзатилло Тиллабоев, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Беҳрӯз Қурбонзода ва дотсенти ДДҲБСТ Бахтиёр Самадов шунида шуд.
Дар гузоришот масъалаҳои инкишофи қонунгузорӣ, рушди қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ дар замони муосир, муаммоҳои такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, роҳҳои такмили амалияи таълими фанҳои ҳуқуқшиносӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши байналмилалӣ муайян намудани асосҳои назариявӣ ва амалии муаммоҳои илми ҳуқуқ, дарёфти роҳҳои такмили методикаи таълими ҳуқуқшиносӣ, ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаи ҳуқуқ дар муайян намудани дурнамои рушди он арзёбӣ мегардад.
М. ТАБАРӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.12.2018 №: 238 - 239 Мутолиа карданд: 869