logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

СИЛСИЛАҚАЛЛОБӢ
18 ҳолат дар як моҳ
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, сокини шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон Фаррух Ҳалимов, ҳамчун гумонбар барои содир намудани силсилаи ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД, номбурда қаблан чор маротиба барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Аз ҷумла, бори охир моҳи сентябри соли равон аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд барои ҷинояти қаллобӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда бошад ҳам, боз даст ба ҷиноят зада, моҳи ноябр дар ноҳияи Ҷаббор Расулов такроран 18 ҷинояти қаллобӣ содир намудааст.
Тафтишот маълум кард, ки гумонбар худро корманди мақомоти «милитсия», «суд», «прокуратура», «Кумитаи давлатии амнияти миллӣ», «нозироти андоз» ва «хадамоти фармасевтии вилояти Суғд» муаррифӣ намуда, аз мағозаву дорухонаҳо ва меҳмонхонаҳо гӯё бар ивази ошкор накардани камбудиҳояшон маблағҳои пулӣ ситондааст.
Нисбат ба Фаррух Ҳалимов чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Мувофиқи маълумоти фаврӣ номбурда дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ даст ба кирдорҳои номатлуб задааст.

ҶАНҶОЛИ ОИЛАВӢ
Қотили зани бародар 10 сол зиндонӣ шуд
Рӯзи 18 майи соли 2018 шаҳрванд Гулмира Хоҷаева дар манзили истиқоматии падараш, воқеъ дар деҳаи Боғикалони шаҳри Истаравшан, бо ҳамсари бародараш Гулшода Хоҷаева, ки қаблан байнашон хусумати бадбинӣ ҷой дошт, муноқиша карда, қасдан бо корди хоҷагӣ ба баданаш зада, ба ҳамсари бародараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мерасонад, ки дар натиҷа Гулшода Хоҷаева дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Аз рӯи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби прокуратураи шаҳри Истаравшан нисбат ба Гулмира Хоҷаева бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва минбаъд бо ҳукми суд номбурда бо ин модда гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дороӣ низомаш умумӣ таъйин карда шуд.

ҚАЛЛОБӢ
Нафси бад - балои ҷон
Иброҳимҷон Ҳамроқулов, сокини шаҳри Бохтар, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб аз шаҳрванд Туйчӣ Зокиров ба воситаи хешаш Ислом Бердиев дар панҷ ҳолати қаллобӣ маблағи умумии 231 507 доллари амрикоӣ, мутаносибан бо асъори миллӣ 1 миллону 823 ҳазору 389 сомониро аз худ намуда, ба манфиати шахсиаш истифода намудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, нисбат ба номбурда аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе бо аломати моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Бо ҳукми суди ноҳияи Сино Иброҳимҷон Ҳамроқулов гунаҳгор дониста шуда, нисбат ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳдати 10 сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳдати 5 сол таъйин карда шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2018    №: 240    Мутолиа карданд: 895
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед