ҳуқуқ
ЯК ҶАЛАСАИ МУҲИМ
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони Прокурори генералӣ, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам, раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияи муосир, раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои ҳозима ва дигар шахсони масъул ҷаласаи васеи ҳайати мушовара баргузор гардид.
Дар ҷаласа натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар фаъолияти муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд гардид, ки ҳолати иҷрои қонунгузории амалкунанда оид ба хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби баъзе масъулони соҳа чандон ба талабот ҷавобгӯ набуда, дар ин самт камбудию қонунвайронкуниҳои зиёд ҷой доранд. Хизматрасонии тиббию санитарӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳо ва табобати шаҳрвандон нақши ҳалкунанда дошта бошад ҳам, айни ҳол он қонеъкунанда нест.
Ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи «Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ошкор шуда, дар бисёр мавридҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба табобат поймол карда мешаванд.
Истифодаи ғайримақсаднок ва азхудкуниву исрофкории маблағҳои буҷетӣ, тамаъҷӯӣ ва содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ боиси ташвишу нигаронӣ гаштааст. Сатҳи пасти корҳои пешгирикунанда ва муҳайё накардани шароити аз лиҳози санитарию эпидемиологӣ муносиб боиси пайдо ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ гардидааст. Махсусан, паҳншавии бемории ВНМО ташвишовар буда, чораҳои андешидаи мақомоти тандурустӣ дар ин самт нокифоя мебошад.
Зикр шуд, ки аз натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳои дар ин самт ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ба унвони роҳбарони мақомоти дахлдор 67 пешниҳод ва 39 амр ирсол гардида, нисбат ба 92 нафар шахси масъул истеҳсолоти интизомӣ, 277 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 42 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бо қарори ҳайати мушовара дар назди масъулони вазорату идораҳои номбурда ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайрокуниҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.12.2018 №: 240 Мутолиа карданд: 910