иқтисод
ДУШАНБЕ. ТЕЪДОДИ АВТОБУСҲОИ ЗАМОНАВӢ АФЗУД
Бо ибтикори роҳабрияти шаҳр, ба хотири баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар, дар пойтахт боз 30 автобуси тамғаи «AKIA» аз Ҷумҳурии Туркия ба шаҳри Душанбе ворид шуд.
Бино ба иттилои раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр, шурӯъ аз 3 декабри соли равон дар хатсайрҳои №№ 2, 10, 11 самтҳои мактаби № 61 – «Бозори Балх», Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ — маҳаллаи «Пахтакор», Терминали мусофирбарии шарқ — Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ, маҳаллаи Фучик — Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ ҳаракати микроавтобусҳои тамғаи «Мерседес - Бенс» маҳдуд карда шуда, фаъолияти автобусҳои нави замонавӣ роҳандозӣ шуд.
Хариди автобусҳои номбурда ва бандубасти он дар ҷумҳурӣ аллакай як сол пеш мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати туркӣ таҳти бренди «AKIA» шартнома ба имзо расондаанд. Дар асоси шартнома то кунун ба пойтахти мамлакат 170 автобус ворид гардид ва ҳоло дар хизмати сокинону меҳмонони шаҳр қарор дорад. Ҳамчунин, соли 2017 дар пойтахт сохтмони корхонаи истеҳсоли автобусҳои «AKIA-AVESTO» оғоз гардид. Дар оянда масъулони корхона нақша доранд, ки дар мамлакат истеҳсоли 5 намуд автобусҳоро барои дохил ва берун аз шаҳр тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд. Тавре директори корхонаи муштараки «AKIA-AVESTO» Асрор Мирзоев зикр кард, автобусҳои «AKIA» дорои 26 ҷойи нишаст буда, таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз дигар автобусҳо бартарӣ доранд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.12.2018 №: 240 Мутолиа карданд: 1005