иқтисод
ҲИСОР. БУНЁДИ 613 ИНШООТ ДАР ЗАРФИ СЕ СОЛ
Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ободкориҳо ва сохтмони иншооти таъйиноти гуногун бо ҷӯшу хурӯш ҷараён доранд.
Дар доираи ин чорабинии муҳим дар шаҳри Ҳисор низ бунёди беш аз 613 биною иншоот пешбинӣ шудааст.
Тавре сармеъмори шаҳри Ҳисор Тоҷиддин Шамсуддинов иброз дошт, дар асоси нақша дар даҳ ҷамоати деҳот ва ду ҷамоати шаҳрак инфрасохтори соҳаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, варзиш, шабакаҳои обрасонӣ ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба таври куллӣ тағйир ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ки ба беҳтаргардии сатҳу сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии сокинон равона шудааст. Дар маҷмӯъ, қариб 50 мағоза, 45 маркази бузурги савдою хизматрасонӣ, беш аз 40 бунгоҳи тиббӣ, 22 дорухона, 40 майдончаи варзиш, 70 сартарошхонаву кошонаи ҳусн, 35 нонвойхона, 22 чойхона ва 20 ҳаммом ба истифода дода мешавад.
Ба гуфтаи сармеъмори шаҳр, аз 613 иншооти ҷашнӣ беш аз 400 – тои он аз ҳисоби соҳибкорон бунёд мегардад. Ҳамзамон, ба хотири рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави кор ва аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ - аграрӣ табдил додани мамлакат то ҷашни давлатӣ дар шаҳр шаш корхонаи бузурги саноатӣ, 33 коргоҳи дӯзандагӣ, 30 коргоҳи хурди истеҳсолӣ, 5 коргоҳи атласу адрасбофӣ, 5 фабрикаи парандапарварӣ, 2 фермаи чорводорӣ, 2 боғи интенсивӣ, беш аз 20 корхонаи мевахушккунию коркард ва сардхонаю гармхона бунёд мегардад.
Ҷиҳати рушди соҳаи маорифу тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароғату тафреҳи аҳолӣ дар шаҳр 7 мактаб, 12 муассисаи томактабӣ, беш аз 60 синфхонаи иловагӣ, 3 китобхона, 2 осорхона, 5 клиникаи хусусӣ, 3 таваллудхона, зиёда аз 50 майдончаю толорҳои варзиш, 1 меҳмонхона, 2 аквапарк ва маркази дилхушии кӯдакона ба истифода супурда мешавад.
Беш аз 200 иншооти ҷашнӣ дар ҷамоатҳои деҳоти «Хонақоҳи кӯҳӣ» (115) ва «Алмосӣ» (90) бунёд мегардад. Инчунин, дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор бунёди 9 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ дар ошёнаи якум ва аквапарк шурӯъ гардидааст.
Тоҷиддин Шамсуддинов зикр намуд, ки дар ҷамоатҳои деҳот дар радифи дигар иншоот бо мақсади баланд бароштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва тандурустии аҳолӣ бунгоҳҳои тиббии замонавӣ бунёд мегарданд.
Зафар АКРАМОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.12.2018 №: 240 Мутолиа карданд: 993