ҳуқуқ
НОБОЛИҒОН. МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАСОЗӢ
Яке аз зуҳуроти номатлубе, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин ҳуқуқвайронкунӣ, бахусус, содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон мебошад. Ба андешаи коршиносоне, ки дар ин самт тадқиқот мебаранд, омилҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ даст задани ин қишри ҷомеа косташавии ахлоқ, аз таълиму тарбия дур мондани онҳо ва назорати хунукназаронаи падару модар ва мактабу ҷамъият мебошад.
Боиси нигаронист, ки имрӯз гурӯҳе аз ноболиғону ҷавонон ба ҷои андӯхтани илму дониш ва гирифтани ҳунар, баръакс, ба беҳудагардӣ ва амалҳои ношоям даст зада, бо ин кирдорҳояшон ба шаъни хонавода, ҷомеа ва миллат иснод меоранд. Ба ин муноқишаҳои толибилмони муассисаҳои таълимӣ, инчунин, шомилшавии баъзе аз ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, аз қабили «Давлати исломӣ», «Толибон», «Ҷабҳат - ун - нусра» ва ғайра бо роҳи ҷалбсозии онҳо аз тарафи намояндагони ин ҳизбу ҳаракатҳо тариқи шабакаи интернет, мисол шуда метавонад.
Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки давоми соли 2017 ва шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи судҳои ҷумҳурӣ нисбат ба 613 ноболиғ 426 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ гардидааст. Яъне, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 40 парванда бештар аст.
Вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар 9 моҳи соли равон 12477 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1521 адад кам мебошад.
Бинобар ин, волидайн, мактаб ва ҷомеаро зарур аст, ки насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва омӯхтани илму ҳунар тарбия намоянд, то онҳо дар оянда дониши хуб гирифта, шахси сазовори ҷомеа ба камол расанд.
Ҷумъахон ИКРОМЗОДА, мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ
ва мураттабсозии қонунгузории
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.12.2018 №: 241 Мутолиа карданд: 967