ҳуқуқ
ҚОНУНГУЗОРӢ. ҶАВОБГАРӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД
Мувофиқи ҳисоботи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз муомилот 127 тонна маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯ набуда гирифта, нест карда шуд. Аз ин ҳисоб 95 тоннааш маводи доруворӣ мебошад.
Барои ин қонуншиканиҳо беш аз 500 парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, аз ҳуқуқвайронкунандаҳо 1100 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст. Бо вуҷуди ин, чораҳои андешидашуда натиҷаҳои назаррас надоданд, - иброз дошт Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зимни баррасии лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон.
Лоиҳаҳои қонунҳои номбурда ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш - 1 сентябри соли равон баён доштанд, таҳия гардидаанд.
Дар ин суханронӣ Пешвои миллат нигаронии хешро аз сатҳи пасти назорати сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ва воридоти дорувории пастсифат изҳор намуда, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории пастсифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайристандартӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ба ғайр аз ин, дар он масъалаи баланд бардоштани масъулияти кормандони тиб (дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо) барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон зимни табобати беморон ва хизматрасонӣ ба онҳо қайд гардида, дастур дода шуд, ки барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки боиси ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зикр кард, ки масъалаи ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишвар ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории пастсифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ё муҳлати истифодаашон гузашта ё истеҳсол кардани дорувории бесифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ба муомилот баровардани онҳо ташвиши асосноки Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистонро ба вуҷуд овардааст.
Бинобар ин, дар лоиҳаҳои номбурда ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои содир намудани чунин кирдорҳо пурзӯр карда шуд.
Аз ҷумла, ба моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ пешбинӣ менамояд, тағйирот ворид карда шуда, андозаи ҷаримаҳои дар ин модда пешбинишуда баланд бардошта шуда, барои шахсони воқеӣ аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 40 - 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои шахсони мансабдор аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 50 - 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 500 то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 100 - 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) пешбинӣ гардид.
Барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории пастсифат, қалбакӣ ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ набуда, инчунин, дорувории муҳлати истифодааш гузашта ба миқдори калон (қисми якуми моддаи 2101) ҷарима ба андозаи 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ( аз 50 то 100 ҳазор сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он таъйин карда мешавад.
Ҷазои ҷаримаи дар қисми дуюми моддаи номбурда пешбинигардида низ ду баробар зиёд шуда, аз 2000 то 4000 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро (аз 100 то 200 ҳазор сомонӣ) ташкил медиҳад. Ҳамзамон, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки аз ду то панҷ солро ташкил медод, баланд бардошта шуда, акнун аз панҷ то ҳашт солро дар бар мегирад. Муҳлати ҷазои иловагӣ низ баланд бардошта шудааст.
Ҳамзамон, ҷазои дар қисми сеюми моддаи болозикр низ тағйир дода шуда, ба ҷои аз панҷ то ҳашт сол маҳрум сохтан аз озодӣ, акнун аз ҳашт то дувоздаҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда мешавад.
Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти табибон ба моддаи 129 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз ҷониби табибон номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ пешбинӣ мекунад, тағйирот ворид карда шуда, ҷазои дар қисми дуюм пешбинигардида, ки аз се то панҷ сол маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекард, ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол иваз карда шуда, ҷазои дар қисми сеюм пешбинигардида (аз панҷ то ҳашт сол маҳрум сохтан аз озодӣ) аз ҳашт то дувоздаҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мегардад.
Ҳамзамон, моддаи 207 Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав ифода карда шуда, ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ мушаххас ва пурзӯр шудааст. Зарурати тағйирот дар ин қисм аз он сарчашма мегирад, ки вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ аз ҷониби кормандони баъзе соҳаҳои хизматрасон (сартарошҳо, кормандони кошонаҳои ҳусн, холкубҳо, пирсинг ва ғайра) боиси пайдо шудани бемориҳои зиёди сироятӣ мегардад. Аз ҷониби кормандони зикргардида хавфи паҳн намудани вируси норасоии масунияти одам, гепатитҳо ва дигар бемориҳо арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, ҷазои дар қисми якуми ин модда пешбинишаванда баланд бардошта шуда, ба моддаи қисми дуюм илова карда мешавад. Дар он ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки боиси расондани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои ВНМО ё марги инсон гардида бошад, пешбинӣ мегардад. Ҷазо дар ин маврид аз панҷ то даҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.
Тағйироту иловаҳои дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қабулгардида барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бахусус ҳуқуқ ба ҳифзи саломатии шаҳрвандон равона шудаанд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.12.2018 №: 241 Мутолиа карданд: 1275