logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ЯК ПАНД
Марде ҷони худро дар хатар гузошт, то ҷони писарбачаеро, ки дар ҳоли ғарқшудан буд, наҷот диҳад. Вазъ он қадар хатарнок буд, ки ҳама фикр мекарданд ҳар ду ғарқ мешаванд ё миёни харсангҳо тика – тика мегарданд.
Вале, баъди фурсате мард хаставу захмӣ писарбачаро ба наздиктарин соҳили дарё ва саломат берун овард. Баъди он ки ҳар ду каме ором шуданд, писарак рӯ ҷониби мард карду гуфт:
- Аз ин ки барои ман ҷони худро дар хатар гузоштед, муташаккирам!
Мард дар ҷавоб гуфт:
- Ҳоҷат ба миннатдорӣ нест, беҳтараш кӯшиш кун, тавре зиндагӣ намоӣ, ки он  арзиши наҷот доданро дошта бошад.
Таҳияи Кароматулло АТО


КАМОНАКИ РОЙГОН
Ин қиссаи ибратбахши кӯтоҳ аз Унсурмаолии Кайковус аст, ки ишорат ба эҳтироми пирон ва доноиву ҳозирҷавобии эшон мекунад.
Ҷавони саргарму мағруре чун пири хамидақоматеро дар роҳ дид, бо танзу киноя пурсид:
- Ин камонакро ба чанд харидӣ?
Пирамарди равшанзамир, ки аз ин гуфтори ноҷо нишоне аз хиҷолату ранҷиш дар чеҳраи нуронияш ҳувайдо нагашт, бо табассуми нурогандае посух гуфт:
- Писарам чун ба соли ман расидӣ, ин камонакро ройгон хоҳанд дод.
Таҳияи Б. БАҲОДУР


ЭТЕЛ КЛАРКСОН
ЗАНЕ, КИ ДАР ЯК РӮЗ МИЛЛИОНЕР ШУД
Хонум Этел Кларксон, сокини шаҳри Реджайни Канада, дар омади гап ба наберааш аз ҳолати бади молиявиаш шикоят карда, мегӯяд: «Кошки ба ӯ касе лотереяе туҳфа менамуд, ки пули зиёде бурд кунад». Дили наберааш ба Кларксон месӯзаду дар рӯзи таваллудаш ба ӯ як адад лотерея туҳфа менамояд. Кампир лутфи  набераашро бо хушнудӣ пазируфт, аммо бовар надошт, ки соҳиби бурд мешавад.
Лотерея ва орзуи ба он вобастаашро зуд фаромӯш месозад. Вале, ҳангоме ки тавассути телевизион аз бурдҳои лотереяӣ хабар медиҳанд, туҳфаи наберааш ба ёдаш мерасад. Рақамҳои онро бо рамзи бурди асосӣ муқоиса намуда, қариб ки ҳуш аз сараш парад: ӯ соҳиби як миллион доллар шудааст.
- Аз қарзҳо раҳо ёфтану нафаси сабук гирифтанро хеле боз орзу менамудам, - гуфт хонум Кларксон. – Хушбахтам, ки ба орзуям расидам.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


КӮДАКОНЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДААНД
Алексис Мартин
Ҳанӯз сесола буд, ки ӯро ташкилоти «Менса» ба узвияти худ пазируфт. Зеро қобилияти зеҳниаш дар ин синну сол аллакай ба 160 IQ баробар  буд. Духтарак ҳини санҷиш аз уҳдаи вазифаҳо чунон ба зудӣ мебаромад, ки таҳқиқгарон дар аввал хулосаи дуруст бароварда натавонистанд.
Падари Алексис собит менамояд, ки ҳоло ӯ на танҳо барномаи таълимӣ барои хонандагони синфи 5 - ро аз худ кардааст, балки номи ҳамаи иёлатҳои Амрикоро  медонад.
Забони испаниро ба таври худомӯзӣ аз бар кардааст.
Аввалин нишонаҳои соҳибистеъдод будани духтарашонро волидон дар синни 1 - солагиаш мушоҳида намуданд. Боре субҳгоҳон Алексис афсонаеро, ки шаб пеш аз хоб ба ӯ волидонаш хонда буданд, пурра нақл кард ва ин ибтидои бозгӯи ҳикояҳои шунида ва китобҳои хондааш гашт.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ФАЛСАФА
Аз ҳамаи онҳое, ки хоҳишҳои маро рад карда,  «не» гуфтаанд,  миннатдорам. Маҳз ба шарофати онҳо кӯшиш кардам, то худам ба ҷое бирасам.
Алберт Эйнштейн


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.
10 ТАНГАИ ЯКХЕЛА
Даҳ тангаи якхела секунҷаи баробартарафи сар ба зерро ташкил мекунанд. Ҷои се тангаро тавре иваз кунед, ки дар натиҷа секунҷаи баробартарафи ҳосилшуда ба боло равона шавад.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 - 40


ГАНҶИ  ШОЙГОНИ КИШТИҲОИ  ҒАРҚШУДА
Садамаи SS Gairsoppa
Боре, ки киштии британии тиҷоратии SS Gairsoppa бо ҳимояти киштиҳои низомӣ аз Калкутта ба Британия мебурд, чой, чӯян ва нуқра буд. Феврали соли 1941 ҳангоми тӯфон киштӣ аз муҳофизонаш қафо монда, дучори ҳамлаи киштии зериобии немис шуд ва 300 км ҷанубу ғарб аз Ирландия зери об рафт. Аз 85 нафар танҳо як кас — ёвари капитан Ричард Айрес зинда монд, ки бо қаиқ 13 рӯз тани танҳо шино карда, ба соҳил расид.
Соли 2011, баъди 70 соли садама аз он наздики 50 тонна нуқра берун оварда шуд, ки тақрибан панҷяки бори киштиро ташкил медод. Баъди ду сол бошад, аз қаъри баҳр зиёда аз 1500 сабикаи нуқра ба маблағи қариб $35 миллион ба даст омад. Айни замон арзиши умумии бори киштиро $210 миллион меҳисобанд.
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


8 ШАҲРИ ХУРДТАРИНИ ОЛАМ
Саҳифаи “Шоми шанбе”- и рӯзнома дар бораи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон матолиби мухтасар интишор карда буд.  Ин навбат тасмим гирифтем  шумо – хонандагони азизро бо хурдтарин шаҳрҳои олам шинос намоем.
Чекалин. Аҳолиаш 1000 нафар
Чекалин хурдтарин шаҳри Федератсияи Россия ба ҳисоб меравад. Он дар асри XVI бо номи Лихвин сохта шуд. Ҳамчунин, дар ин шаҳр қалъае низ мавҷуд буд. Соли 1944  ба он номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Павлович Чекалин дода шуд. Ҳини Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар шаҳри мазкур партизани 16 – соларо ба дор овехтаанд. Ин ҳодиса сабаб шуд, ки шаҳр дар ёди мардум боқӣ монад.
Чекалин дар соҳили чапи дарёи Ока ҷойгир буда, аз он то шаҳри Тула  100 километр роҳ аст. Бисёре аз марказҳои хизматрасониаш фаъолияти худро қатъ кардаанд.  Ҳоло дар шаҳр танҳо се мағоза фаъол аст.
Таҳияи Комрон САФАР


10 САГИ МАШҲУРИ ТАЪРИХ
2. БОЛТО
Моҳи январи соли 1925 дар шаҳраки Номии иёлати Аляскаи ИМА бар асари эпидемияи дифтерия кӯдакони зиёд ба ҳалокат расиданд. Дар беморхонаҳо дору камёфт буд ва ба кӯдакон намерасид. Антидоксинро, ки барои муолиҷаи ин беморӣ истифода мешуд, бояд, ки бо тайёра меоварданд. Аммо аз сабаби бад будани вазъи ҳаво тайёраҳо парвоз накарданд. Ягона умеди одамон ин сагҳои чанакаш буд. Сагҳо барои овардани маҳлул бояд, ки 1085 километр роҳро тай мекарданд.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Сагҳо ин роҳро давоми 6 рӯз тай намуда, маҳлулро ба шаҳр оварда расонданд. Қаҳрамони ин роҳ саге бо номи Болто буд.
Маҳс ба шарофати қаҳрамонии ӯ бемории дифтерия дар шаҳраки Номи пешгирӣ шуд.
Болторо қаҳрамони наҷотдиҳанда  эълон карданд. Он замон, дар ин бора, ҳатто тамоми радио ва рӯзномаҳо маводу барномаҳои ҷолиб омода намуданд. Дар бораи қаҳрамонии Болто филми тасвирӣ низ  наворбардорӣ шудааст.
Болто соли 1933 дар синни 14 - солагияш вафот мекунад. Дар осорхонаи иёлати Аляска аз пӯсти Болто хӯса  сохтаанд. Дар якчанд шаҳри Ню – Йорк ҳайкалашро низ гузошта, номашро пос медоранд.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


ҚАЛАМФУРӮШ
Гюго, ки, одатан, саёҳатро дӯст медошт, як вақт ба Прусия омад.
- Шумо чикораед?- пурсид жандарм аз ӯ ҳангоме ки анкетаашро пур мекард.
- Менависам…
- Навиштан хуб аст, вале ман дар назар дорам, ки аз кадом ҳисоб зиндагиро пеш мебаред,- гӯё ба меҳмон фаҳмонданӣ шуд жандарм.
- Аз ҳисоби қалам.
- Майлаш, ман ҳамин хел менависам, каме норозиёна гуфт жандарм: «Гюго қаламфурӯш аст».
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ESTREAM – ИНҚИЛОБ ДАР СОҲАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ҶАДИД
Ширкати «Enomad” неругоҳи хурдеро ихтироъ кард, ки онро метавон бо худ ба сафар бурд. Estream – генератори хурде мебошад, ки неруи обро барои ҳар гуна таҷҳизоти USB ба ҷараёни электрикӣ табдил медиҳад. Ин дастгоҳ барои неру додани смартфон, ноутбук ва телефонҳои мобилӣ хизмат мекунад.
Тарзи истифодаи он хеле осон аст. Чизе, ки ба шумо зарур мешавад – оби равон аст. Дастгоҳро ба об меандозеду он ҳамон лаҳза неруи барқро бо иқтидори аз 2,5 то 5 ватт истеҳсол кардан мегирад.
Ихтироъкорон бар он ақидаанд, ки дастгоҳ бехавф ва аз ҷиҳати экологӣ пок мебошад. Estream барои сайёҳон ва онҳое, ки вақти худро дар фазои кушод бештар мегузаронанду аз  телефон, планшет ва камера ҷудо шуда наметавонанд, пешбинӣ шудааст.
Ба ғайр аз неру додан, ин дастгоҳро ҳамчун чароғак истифода бурдан мумкин аст. Estream хеле хурд мебошад, онро ҳатто дар кисаи борхалта ҷой додан метавон. Вазни дастгоҳ ҳамагӣ 800 граммро ташкил медиҳад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ПАНДИ ПИРИ  ДОНО
Сарватманд метавонад рӯзи гарму офтобӣ чатрашро ба шумо амонат диҳад, вале раваду борон борад, ҳамон лаҳза онро суроғ мекунад.
***
Аз ҳар 50 нафаре, ки ба опера меоянд, шояд ҳамагӣ 1 нафар онро дар асл дӯст дорад. Ман фикр мекунам, 49 нафари дигар барои он меоянд, ки дӯст доштани операро омӯзанд.
Аз русӣ тарҷумаи
М. ОДИНАЕВА

 

10 ҶОНВАРИ ОБИЕ,  КИ НОТАКРОРАНД
5. НАҲАНГИ «ЧАРОҒАКДОР»
Дар обҳои наздикии Гренландия наҳанге мавҷуд аст, ки табиат барояш вижагии хос додааст. Чашмҳои ин наҳанг дар торикӣ чун чароғакҳо медурахшанд. Моҳиҳои ғофил чашмҳои наҳангро манбаи рӯшноӣ пиндошта, ба сӯи он мешитобанд ва худро ба доми марг меандозанд. «Соҳиби чароғаки фиребо» ногаҳон даҳон кушода, моҳиҳоро фурӯ мебарад.
Албатта, ин ҳолатро одамон, аз ҷумла моҳидорони ҷопонӣ, ба манфиати худ истифода мебаранд. Онҳо ба тӯри моҳигирӣ ҳар гуна ашёи дурахшандаро мебанданду ба об меандозанд. Моҳиҳои «нодон» тӯда -тӯда омада, худро ба чанги марг меандозанд, ки аз наҳанг хатарноктар аст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ҲАМСОЯҲОИ ХУБ
«Ҳамсояҳо одамони даркорианд ба ҳангоми сӯхтор ва заминларза». Аз иншо дар мавзӯи озоди хонандаи синфи ҳафт.
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


ДОРОТАРИН ЗАНҲОИ ДУНЁ
ШАРЛОТТА КАЗИРАГИ
Ин бонуи монакогӣ 31-  сола буда, дороияш 5, 7 миллард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ашрофзода ҷияни  Албери II мебошад.  Онҳо аз  авлоди   Франческо Грималди -  сулолаи шоҳаншоҳонанд, ки    700 сол  боз тахтнишини давлати Монако мебошанд. Шарлотта   8 - умин ворисест, ки ба  тахт нишастааст.
Ӯ дар давоми 31 соли умраш чандин ошиқи булҳавасро дид, ки бештар ба молу давлат ва ҳусни беназираш ошиқ мешуданд, аммо ҳамрозу ҳамқадами ҳақиқӣ набуданд.
Ниҳоят Дмитрий Рассам, кинопродюссери фаронсавӣ, ба Шарлотта дил бохт. Дмитрий аз ҳамсари русаш ҷудо шуду якбора соҳиби шаҳбонуи миллиардер гардид.
Таҳияи  Иронбӣ МӮСОЗОДА


БУЗУ УШТУРИ САФИР ЧӢ ҲИКМАТ ДОШТ?
Пас аз ҳуҷуми ваҳшатбори Ҷингиз аз Бухоро харобазоре боқӣ монд. Наберааш Ҳалоку боз мехост ҳоли сокинони шаҳрро бадтар намояд. Бухорои ғоратшуда дигар пуштибоне надошт, ки аз ғосибони бешумор ҳифзаш кунад. Ночор назди муғулҳо писарбачаеро равон карданд. Писарбача зирак ва ҳушёр буд. Ӯ хоҳиш кард, ки як буз ва уштур ҳамроҳаш бошад. Ҳангоме ки Ҳалоку бузу уштур ва дар байнашон писарбачаро дид, аз чунин сафорат ҳайрон шуда пурсид: - Чаро бузургон ва ришсафедони Бухоро ба пешвозам набаромаданд?
Писарбачаи далер гуфт: - Оё аз шутур бузургтар махлуқе ҳаст? Агар мақсадат аз хирад риш бошад, инак, бузи пири ришдор.
Ба Ҳалоку имкони ҳарф задан ҳам надода, афзуд: «Бобоят Чингизхон Бухороро чунон вайрону валангор карда, ки аз ин зиёдтар чизе манзур наметавонем кард. Чунин аст паёми ман!
Ҳалоку аз суханони ӯ мутаассир шуд ва изҳор дошт: - Писари далер, ман меравам, бигзор Бухоро аз ту бошад. 
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ


ШАНХАЙ ШАҲРЕ, КИ 3800 КИТОБХОНА ДОРАД
Аз ҳама шаҳри серхонандатарини дунё Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой эътироф шудааст. Шумораи китобхонаҳояш ба 3800 мерасад. Дар ин радда шаҳрҳои зерин низ ҷой гирифтаанд:
Токио – 1430
Париж – 1134
Ню – Йорк – 839
Москва – 542
Мумбай – 525
Мадрид – 497
Торонто – 364
Лондон – 360
Рио – де – Жанейро – 296
Таҳияи Умар АЛӢ


СЕРХАРИДОРТАРИН КИТОБҲОИ САДАИ ХХ
Инҷо сухан дар бораи нашри китобҳои аз ҳама серхаридор меравад. Мумкин аст бо бовар таъйид намуд, ки китобҳои аз ҳама зиёд бафурӯшрафтаи асри ХХ асарҳои серхаридортарини дунё маҳсуб мешаванд.
«Шоҳи ангуштаринҳо» («Властелин колец»)
Романи сегонаи Ҷон Роналд Руэл Толкин, ки бо номи «Шоҳи ангуштаринҳо» («Властелин колец») машҳури оламиён гардидааст, яке аз серхаридортарин китоб дар қарни ХХ ба шумор меравад. Толкин профессори Донишгоҳи  Оксфорди Англия буд. Ӯ соли 1937 ба навиштани ин китоб шурӯъ карда, соли 1949 онро ба анҷом расондааст. Аввалин нусхаҳои китоби мазкур соли 1954 ба фурӯш баромада, мувофиқи маълумот то ин дам зиёда аз 150 миллион нусха ба фурӯш рафтааст. Бояд гуфт, ки муаллиф ин асарро дар шакли як романи бузург таълиф намуда буд, вале бо дархости матбааҳо китоб ҳамчун трилогия дастраси хонандагон гардид.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


АДОЛАТ
Мӯйсафеди фақире аз бозор гузар мекард, ки ногаҳ чашмаш ба ошхонае афтод. Наздик шуда, ба бухори деги ош менигарист ва аз ин хушаш меомад.
Ногаҳон дастони ларзонашро ба ҷайбаш бурда, тиккаи нони шахшудаеро баровард ва каме дар бухори ош нигаҳ дошта, сипас хӯрд. Ин ҳамаро ошпаз назора мекард. Ҳангоме пирамард роҳашро хост давом диҳад, ошпаз фарёд зад:
— Ту аз бухори деги ман истифода кардӣ ва бояд пулашро пардохт намоӣ!
Мардум як – як даври онҳо ҷамъ шуданд. Пирамарди бечора, ки дар илоҷи воқеа дармонда буд, чашмаш ба Баҳлуле афтод, ки аз наздашон мегузашт. Аз ӯ тақозои қазоват кард. Баҳлул аз асли кор огоҳ шуда, ба ошпаз гуфт:
— Оё ин мард аз оши ту хӯрдааст?
Ошпаз гуфт:
— Не, аммо аз бӯйи он истифода кардааст.
Дар ин ҳангом Баҳлул чанд танга аз ҷайб баровард ва ба замин рехту ба ошпаз гуфт:
— Эй ошпаз, садои ин тангаҳоро бигир ва пирамардро раҳо кун.
Ошпаз бо камоли тааҷҷуб пурсид:
— Ин чӣ гуна ҳисобӣ кардан аст?
Баҳлул гуфт:
— Ҳисобӣ аз рӯи адолат. Касе, ки бӯйи ғизоро бифурӯшад, бояд дар иваз садои пулро дарёфт кунад.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2018    №: 242    Мутолиа карданд: 1093
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед