иқтисод
ХУҶАНД. БУНЁДИ ДУ ТАРАБХОНАИ ЗАМОНАВӢ
Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (соҳили дарёи Сир) ба бунёди тарабхонаи замонавии «Форел» санги асос гузошта шуд.
Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳр, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки барои сохтмони тарабхона беш аз 4 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст ва он дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Тибқи гуфтаи мавсуф, дар ҳамин ҷо то моҳи майи соли 2019 шиногоҳи замонавӣ низ ба истифода дода мешавад.
Ҳамчунин, эъмори қаҳвахона ва тарабхонаи «Темурмалик», ки ба киштӣ шабоҳат дорад, оғоз гардид. Он бо харҷи зиёда аз 2 миллион доллари ИМА аз тарафи соҳибкор Абдурасул Раҷабов бунёд гашта, моҳи марти соли 2019 дар хиёбони Раҳмон Набиев қомат хоҳад афрохт.
Бояд гуфт, ки соҳибкор Абдурасул Раҷабов дар Ҷумҳурии Қазоқистон кору фаъолият дошта, иқдом гирифтааст, ки баҳри ободии Ватан дар бунёди иншооти гуногун ҳисса гузорад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.12.2018 №: 242 Мутолиа карданд: 1084