ҳуқуқ
НОҲИЯИ СИНО. МУҶОЗОТ БАРОИ РИОЯ АКАРДАНИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ дар баргузор намудани ҷашну маросим қабул гардида, мақсади он беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Мутаассифона, ҳанӯз ҳастанд ашхосе, ки дар баробари итоат накардан ба қонун, ба зиёдаравӣ роҳ дода, маблағҳои бо заҳмат ҷамъкардаи худро ба ҷои дар корҳои хайру савоб сарф намудан, шояд барои худнамоӣ бошад, дар як рӯз пош медиҳанд.
Суди ноҳияи Сино сокини пойтахт Абдусамад Олимовро барои содир намудани кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 1 - и моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (риоя накардани тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим) ба курсии айбдорӣ шинонд.
Дар рафти санҷиш ҷиҳати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби гурӯҳи кории бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино муайян карда шуд, ки шаҳрванд Абдусамад Олимов дар хонаи истиқоматии модараш, воқеъ дар кӯчаи Ҳаёти Нав, рӯзи 8 сентябри соли 2018 маъракаи ҳоҷиталбон ва қудоталбон баргузор намуда, бо ин кирдораш талаботи қисми 2 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қисми 1 - и моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро вайрон намудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси қисми 2 моддаи 10 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешутабори домоду арӯс, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ аст. Инчунин, мутобиқи қисми 2 моддаи 12 - и ҳамин қонун, ташкили маъракаҳои хоҷизиёрат, хоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст.
Бо санади тартибдодаи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия, баёноти додаи Абдусамад Олимов баёнотҳои шоҳидон, ки гунаҳкории ҳуқуқвайронкунандаро дар содир гардидани кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тасдиқ менамоянд ва бо дигар далелҳое, ки дар рафти маҷлиси судӣ мавриди таҳлилу санҷиш қарор гирифтанд, тасдиқи пурра ва бебаҳсӣ худро ёфт.
Суд баъди баррасии парванда Абдусамад Олимовро бо қисми 1 - и моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5 000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин кард.
Даврон АБДУРАҲИМЗОДА, судяи суди ноҳияи Сино,
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.12.2018 №: 242 Мутолиа карданд: 814