ҳуқуқ
МАНҚУРТҲОИ ЗАМОНИ МО ЧӢ ХАТАР ДОРАНД?
Образи манқуртро аз романи нависандаи номвари қирғиз Чингиз Айтматов «Дуроҳаи бӯронӣ» хуб медонем. Манқурт касест, ки мағзу афкори ӯро шуста, хотироташро маҳв кардаанд. Ӯ наздикон, гузаштагон ва зиндагии аз сар гузарондаашро фаромӯш мекунад. Ба қавли дигар, ӯ ба як мавҷуди ваҳшигунае табдил меёбад, ки фармони хоҷагонашро иҷро мекунад, бе он ки дарк намояд. Дар асари мазкур тарзи манқурткунонии одамон ваҳшатангез нишон дода шудааст. Аммо, ҳоло мехоҳем аз манқуртҳои имрӯз бигӯем.
Тавре воқеият нишон медиҳад, имрӯз низ баъзе гурӯҳҳои тахрибкор иддае аз ҷавонони сустунсурро осонакак манқурт мекунанд, бавижа баъзе ҷавонони тоҷикеро, ки ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҷалб карда, аз онҳо суиистифода менамоянд. Онҳоро тавре манқурт кардаанд, ки дигар арзишҳои миллӣ, суннатҳои ниёгон ва Ватани худро комилан фаромӯш кардаанд. Ҳоло онҳо касеро, ки бо андешаашон ихтилоф меварзад, мушрику кофир мехонанд. Онҳоро чунон манқурт кардаанд, ки аслу насаб ва бунмояи худро аз ёд бурдаанд.
Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, барои манқурт кардани ҷавонони минтақаи Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ василаи асосӣ мебошанд.
Пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои гуногуни ихтилофбарангез далолат бар он мекунад, ки дар кишвари мо ҳанӯз бархе аз мардум ба умқи таълимоти дини мубини ислом фурӯ нарафтаанд ва ин дини сулҳофару инсонсозро ба таври кофӣ дарк накардаанд. Ин боис шуда, ки мафкураи онҳо осебпазир гардад ва ангезаҳои берунӣ ба мағзашон зуд таъсир расонад. Ин дар ҳолест, ки дар ҷомеаи мо пайваста дар атрофи ислом баҳсҳову суҳбатҳои бешумор матраҳ мешаванд.
Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти ҳаракатҳои ифротӣ бо мурури замон низоми муташаккили сиёсӣ касб кардааст ва онҳо иддаои тағйир додани низоми давлатдорӣ дар кишварҳои мусулмониро доранд. Зери таъсири ақидаҳои ифротӣ андешаҳои ботил сохтани арзишҳои миллӣ ва дунявии ҷомеа шакл гирифта истодаанд. Иштироки шаҳрвандони тоҷик дар амалиёти ин гурӯҳҳо собит сохт, ки ҳадафи онҳо танҳо Ироқу Сурия ё Афғонистон нест. Балки мехоҳанд ҷомеаро заҳролуд намоянд.
Ҳамаи қувваҳои ифротӣ мекӯшанд халои маънавӣ ва фарҳангие, ки ҷомеаи давлатҳои пасошӯравиро фаро гирифта буд, пур намоянд ва ҷавононро барои пиёда кардани манфиатҳои худ истифода баранд. Дар ҷомеаи суннатии мо дин мавқеи намоён дорад. Барои ҳамин қувваҳои ифротӣ дар ҷомеа ба шакли дин ворид мешаванд. Бо пешрафти технологияи муосир гирифтани пеши роҳи ақидаҳои ифротӣ ва тундгароии динӣ душвор шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки амалкардҳои ифротиён ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд, бо исломи асилу ноб робитае надоранд. Дар натиҷаи амалиёти террористии онҳо хуни ҳазорҳо нафар бегуноҳ рехтаву кӯдакон қурбон мешаванд ва занон ба ҳалокат мерасанд.
Манқуртҳои мо, ки итоаткорона, бе идроку андешаи паёмади амали худ силоҳ ба даст гирифта, дар қатори онҳо меҷанганд, бешубҳа ба чоҳи ҷаҳолат афтодаанд ва дигар аз ин чоҳи амиқ берун кашидани онҳо хеле душвор аст, зеро касе ки манқурт шуд, дирӯзу имрӯзи худро аз ёд мебарад ва андешаи фардо ба сараш намеояд.
Гулнора ШОҶОНОВА, омӯзгор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.12.2018 №: 242 Мутолиа карданд: 867