logo

ҳуқуқ

ТТЭ ҲНИ АЗ ҶАВОНОН ЧӢ МЕХОҲАД?

Вақтҳои охир чунин ба мушоҳида мерасад, ки роҳбарону иддае аз пайравони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бо сабаби дарки заъфи худ дар роҳи рақобатҳои сиёсӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “умеди охирин” ва “минбари беминнат” суиистифода мекунанд. То ҳол наҳзатиён аз ҳимояи ислому ҳифзи арзишҳои исломӣ сухан мегуфтанд, аммо якбора ҷомаи худро чаппа пӯшида, “демократияхоҳ” гаштаву шиорҳои тамоман наверо барои худ интихоб намудаанд.
Сабаби ин тасмим маълум аст. Ҳоло Аврупо баъди даҳҳо ҳодисаҳои террористии рухдода дар хоки ин сарзамин, фаъолиятҳои тахрибкоронаи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки ҳамагӣ бо номи ислом ва “дар роҳи ислом” анҷом дода шуданд, дар муносибат бо раванде чун ТТЭ ҲНИ эҳтиёткорона муносибат мекунад. Кабириву ҳаммаслаконаш дарк карданд, ки ТТЭ ҲНИ ҳамчун ҷараёни дингаро дигар наметавонад бо он барномарезӣ ва ҳадафҳое, ки дар асоси оинномаи худ дорад, дар Аврупо фаъолият дошта бошад. Таъсиси “Паймони миллӣ” аз ҷониби чанд тан аз пайравони худи ТТЭ ҲНИ гувоҳи ин гуфтаҳост. Аслан, ҳар гуна тағйири ниқоб аз ҷониби наҳзатиҳоро ҳамчун ҳодисаи нав қабул кардан шояд чандон дуруст нест, зеро онҳо дар тӯли фаъолияти худ ҳатто се маротиба мавқеи имонии худро тағйир додаанд. Аз ин хотир, ҳоло мехоҳанд, ҳадафҳои ифротии худро, ки марҳила ба марҳила ташаккули ғояи инқилоби исломӣ мебошад, бо роҳи дигар ва номҳои нисбатан “замонавитар” амалӣ созанд. Ташкили чунин “ҳамоиш”-у “гирдиҳамоиҳо” ба он хотир аст, ки маблағгузорону хоҷагони молиявию ғоявии худро бовар кунонанд, ки ҳизб фаъолият карда истодааст. 
Чунин нишасти шармандаворро ТТЭ ҲНИ имсол дар шаҳри Дортмунди Олмон низ баргузор кард. Аз аксҳои интишоршуда, аз рафти нишаст мушоҳида мешуд, ки он дар як ошхона баргузор шудаву иштирокдоронаш ҳам ҳамагӣ аҳли оила ва наздикони Кабирӣ буданд. Ҳатто дида мешуд, ки кӯдакони ноболиғи 8-10 - сола дар рафти ин “ҳамоиш” гаштугузор доранд. Ба назар, аслан он ҳамоиш набуд, балки шояд наҳзатиён ба ошхонае барои хӯрокхӯрӣ даромадаву онҷо чанд акс бардоштаанд ва дар ҳисоботҳои худ онро “ҳамоиш” дарҷ карданд. 
Ҳоло, ки бори дигар ТТЭ ҲНИ бо иддаоҳои беасос мехоҳад тоҷикони муқими Аврупоро ба “тазоҳурот” даъват намояд, ҳамватанони азизи моро мебояд жарфтар аз ҳадафҳои шуми ин ташкилоти ифротию террористӣ биандешанд. Андеша аз он кунанд, ки фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар хориҷ домест, ки раҳоӣ аз он кори басо мураккабу сахт аст. Андеша аз он кунанд, ки ТТЭ ҲНИ аз тақдири онҳое, ки дар роҳи фаъолиятҳои тахрибкоронаи ин ҳизби ифротӣ қурбон шудаанд, парвое надорад. Ҳамагӣ чанде пеш дар Олмон яке аз фаъолони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадсаид Шехов, нафари наздик ба хонаводаи муассиси ин ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, дур аз Ватану оилаву пайвандон аз дунё гузашт. Магар аз ин мусибат онҳо ғам хӯрданд? Ҳаргиз не! Кабирӣ, ки аз Нурӣ устод ном мебарад, ҳатто марги хоҳарзодаи устодашро ба хонаводааш тасаллият нагуфт.
Аз Кабирӣ, танҳо ҳамин гуна муносибатро интизор шудан мумкин аст. Аз нафаре, ки барояш чизе муқаддас боқӣ намондааст, на Ватан, на ҳамсафу дӯст ва ҳатто на оила...
Абдуғаффор ЮСУФОВ, сардори шуъбаи равобити
байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи
Кумитаи дин, танзими анъана ва
ҷашну маросими назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2018    №: 243    Мутолиа карданд: 930
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед