logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. БУЗУРГТАРИН СИМОИ ИЛМИИ ҶАҲОНӢ

Вақте сухан аз боби робитаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои дунё ва саҳми босазои шахсиятҳои барҷастаи илму адаби миллат дар таҳкими дӯстию ҳамбастагии халқҳо, бавижа халқи ҳинду  меравад, аввал номи фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров вирди забон мешавад.
Мавсуф бо фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ ва илмии хеш тавонист риштаҳои дӯстии халқҳои Шарқ, бавижа Ҳиндустон ва Осиёи Марказиро бо ҳамдигар қавӣ гардонад. Ӯ борҳо дар ҳайати намояндагони илми шӯравӣ ҷиҳати ширкат дар ҷаласаю кунгураҳои бошукӯҳи байналмилалӣ ба Ҳиндустон сафар намудааст. Моҳи январи соли 1964 дар шаҳри Деҳлӣ кунгураи 26 - уми байналмилалии ховаршиносон доир шуд, ки ӯ бо ду маърӯза, яке бо унвони «Равобити таърихии Осиёи Миёна бо мамлакатҳои Шарқи араб» ва дигаре «Хусусиятҳои инқилоби маданӣ дар Осиёи Миёна» суханронӣ намуд. Моҳи феврали соли 1969 дар кунгураи байналмилалӣ роҷеъ ба «Осиёи Марказӣ: ҳаракати халқҳо ва ғояҳо аз аҳди қадим то рӯзҳои мо» ба ҳайси ховаршиноси шӯравӣ ҳузур дошт. Худи ҳамон сол дар ҷашни садсолагии яке аз адибони бузург, мутафаккири форсизабони Ҳиндустон Мирзо Асадулло Ғолиб ширкат варзид. Моҳи марти соли 1972 дар шаҳри Деҳлӣ таҳти унвони «Империализм, истиқлолият ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳони имрӯза» Симпозиуми байналмилалӣ барпо шуд. Маърӯзаи асосие, ки аз ҷониби ҳайати бонуфузи вакилони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод гардид, оид ба масъалаи табиати иҷтимоию иқтисодии неоколонолизм буда, ба қалами Бобоҷон Ғафуров ва Ф. Ли мансуб буд.
Соли 1974 дар Ҳиндустон 700 - солагии яке аз нобиғаҳои бузурги адабиёти классикии форсу тоҷик Амир Хусрави Деҳлавӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардид, ки академик Ғафуров дар он бо намояндагӣ аз Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат дошт. Мардуми ҳинд ба осори аллома ҳанӯз пеш аз сафарҳояш ошно буданд. Тавре аз ёддоштҳои фарзандону наздикони устод бармеояд, яке аз омилҳои асосии маҳбубияти бештар пайдо кардани Бобоҷон Ғафуров дар Ҳиндустон ин аст, ки ӯ ба фарҳангу тамаддуни мардуми ҳинд меҳру муҳаббати хосса дошт. Соли 1956, вақте ӯро  директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин карданд, ба роҳ мондани пажӯҳишҳои муштаракро дар бахшҳои филология, таърихи қадими давлатҳои Шарқ, бахусус Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон яке аз вазифаҳои умда ва дурнамои кори худ қарор дод.  Барои чунин мақсадҳои наҷиб ба ҳайси роҳбари яке аз муассисаҳои бузурги илмӣ бо марказҳои илмию фарҳангии кишварҳо созишномаҳо ба имзо расонд. Ҷиҳати мунтазам ба сомон расондани нақшаҳои ҳамкорӣ ба ӯ муяссар шуд, ки дар ҳайати кормандони сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Деҳлӣ як нафар намояндаи пажӯҳишгоҳи шарқшиносиро таъйин намояд. Дар замони сарвари пажӯҳишгоҳи мазкур будан, самтҳои кори тадқиқотӣ, илмию ташкилӣ ва сохтори пажӯҳишгоҳро ба куллӣ дигар кард. Ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва афзалиятнок миёни пажӯҳишгоҳ ва муассисаҳои илмиву донишмандони кишварҳои Шарқ ба роҳ монда шуд.
Таъсис додани нашриёти «Адабиёти Шарқ», ки дар он осори бузурги шарқшиносони шӯравӣ ва кишварҳои хориҷӣ бо забонҳои мухталиф нашр мешуданд, ибтикори Бобоҷон Ғафуров буд. Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ дар як муддати кӯтоҳ таҳти сарварии ӯ ба яке аз муассисаҳои бонуфузтарини ҷаҳон мубаддал гардид.
Академик Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақолаҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, Берлин, Рим, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Париж, Карочи, Варшава бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд.
Чингиз Айтматов адиби маъруфи қирғиз доир ба бузургии Б. Ғафуров чунин мегӯяд:
«Бобоҷон Ғафуров  бузургтарин симои илмии ҷаҳонӣ буда, бо ҷустуҷӯҳои доманадор, бо ғурури баланди худшиносӣ ва талошу орзуҳо тавонист миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни хеш – тоҷиконро дар  сафҳаи таърихи ҷаҳониён муаррифӣ созад. Дар солҳои фаъолияти ӯ (дар давраи интернатсионализми байналхалқӣ) навиштани китоби «Тоҷикон», бешак қаҳрамонист. Ман гумон мекунам, ки на ба ҳама муҳаққиқ таълифи чунин шоҳасар насиб мекунад».
Ойбегим НОСИРОВА, корманди илмии
Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2018    №: 243    Мутолиа карданд: 953
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед