logo

ҳуқуқ

КҲФ. ОФАТҲОИ ТАБИӢ ТАМОЮЛИ КАМШАВӢ ДОРАНД

Давоми ёздаҳ моҳи соли равон дар кишвар 165 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст, ки 21 ҳолат ба хоҷагии халқи мамлакат зарари моддӣ расондааст. Соли гузашта бошад, 879 ҳодиса сабт гардида буд, ки 89 ҳолат ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонда буд.
Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин, дар ин давра дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарии шиноварӣ дар рӯдхонаву кӯлҳои кишвар 118 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 45 нафари онҳо то 16 - сола буданд. Дар баробари ин, наҷотбахшони кумита 50 нафарро аз хатари ғарқшавӣ ва дар бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаҳо ҷони 148 нафарро наҷот доданд.
Аз офатҳои табиат 52,3 дарсади онро селҳое ташкил дод, ки баҳори соли равон дар ноҳияҳои Панҷ, Восеъ, Фархор, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Рӯдакӣ, Файзобод ва  шаҳри Исфара ба амал омада буд. Бодҳои шадид бештар дар ноҳияҳои Ашт, Зафаробод ва шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон рух доданд. Сангрезиш дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Айнӣ. Раъду барқ бошад, дар ноҳияи Деваштич ва шаҳри Кӯлоб ба қайд гирифа шудааст.
Дар ин давра, дар ҷумҳурӣ бар асари офатҳои табиӣ 17 нафар ҷон дод, ки дар қиёс ба соли гузашта, 14 нафар кам мебошад. Ин афрод бештар аз сангрезиш, сел ва барқ қурбон шудаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муқоиса ба соли 2017 сатҳи рух додани ҳодисаҳои фавқулодаи табиат дар кишвар тамоюли коҳишёбӣ дорад.
Дар натиҷаи офатҳои табиат дар ин давра, 1485 хонаи истиқоматӣ зарар диданд. Аз ҷумла, 1437 хона ҷузъан, 20 қисман ва 28 пурра вайрон шуданд. Ин ҳодиса дар ноҳияҳои Фархор, Панҷ ва Вахши вилояти Хатлон рух додаанд. Бар асари он 78 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 21 муассисаи тиббӣ, 5 иншооти фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, зиёда аз 46 км роҳ, 17 пул, беш аз 47 км хати интиқоли неруи барқ, наздики 90 км хати ҷӯйҳо ва каналҳои обёрикунанда ва 15,5 км селпарто зарар диданд.
Ба оилаҳои зарардидаи ноҳияҳои Фархор, Панҷ ва Вахш кумакҳои моддӣ, аз ҷумла маводи сохтмонӣ, маҳсулоти ғизоӣ ва амсоли ин расонда шудааст.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2018    №: 243    Мутолиа карданд: 1188
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед