ҳуқуқ
ПАЁМ. БАРНОМАИ КОРӢ БАРОИ ҲАР ЯК КОРМАНД
Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун барномаи фаъолияти кории тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ва мақомоту сохторҳои давлатӣ ироа мегардад. Дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Паём дигаргуниҳои куллӣ ва самарабахшро ба вуҷуд меорад.
Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми соли гузашта боиси нигаронии Пешвои миллат гардид, ин афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Вусъати терроризми байналмилалӣ, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористӣ, иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ ва нооромии вазъи сиёсии ҷаҳон моро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Тавре Президенти кишвар дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2017 қайд намуданд: "Ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Зуҳуроти терроризм ба амнияти кураи Замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад".
Ҳадафҳои асосии Паём таъмини истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои фарҳангу маориф, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғайра мебошад.
Дар баробари ин, лозим ба ёдоварист, ки масъалаи коррупсия яке аз мавзӯи муҳиму ҳалталаб боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ супориш дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба замин, хусусан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Мубориза бар зидди маводи нашъаовар низ аз мавзӯъҳои мубрами замони муосир мебошад. Дар Паёми Сарвари давлат таъкид шуд, ки аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар беш аз 121 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла 34 тонна героин мусодира шудааст, ки хеле ташвишовар аст. Мутаассифона, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ин амали номатлуб мушоҳида мешавад. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар ин самт 6 ҷиноят ошкор шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1 ҳолат зиёд аст. Аз муомилот бошад, 2 килограмму 326,8 грамм маводи нашъадор мусодира шуд, ки нисбат ба соли гузашта 174,2 грамм зиёд аст.
Кормандони мақомоти прокуратураи ноҳия ҳамасола Паёми Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои он саҳми худро хоҳанд гузошт. Барои таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа бо дарки баланди масъулият ва баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти прокуратураи ноҳия аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебарад.
Фаридуни НУРУЛЛО, ёрдамчии прокурори ноҳияи
Ҷаббор Расулов
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.12.2018 №: 243 Мутолиа карданд: 902