logo

ҳуқуқ

70 СОЛ ДАР ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР

10 декабри соли ҷорӣ аз қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар 70 сол пур мешавад. Санади мазкур то имрӯз дастоварди бузург ва заминаи асосӣ дар таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳо дар самти ҳуқуқи инсон мебошад. Он, агарчи хусусияти эъломиявӣ дошта бошад ҳам, дар тамоми ҷаҳон аз ҷониби мардум ҳамчун санади муътабар эътироф шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ фаъолона ба ҳаёти ҷомеаи байналмилалӣ ҳамроҳ шудааст. Пешвои миллат ҳанӯз дар давраи омода намудани лоиҳаи  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон борҳо таъкид намуданд, ки ҳуқуқҳои инсон бояд яке аз бахшҳои муҳими Конститутсия бошад.
Аз ин ҷост, ки дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошад. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.
Ҳамасола дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 10 декабрро ҳамчун рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар идораву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ қайд мекунанд.
Зимни ҷамъомадҳо, намояндагони сохторҳои мазкур ба мо - ҷавонон таъкид мекунанд, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва маърифати сиёсии худро баланд бардорем. Ба доми фиреби гурӯҳҳои террористӣ - экстремистӣ наафтем ва ба хурофоту бегонапарастӣ роҳ надиҳем. Мавриди зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 Барномаи таълимӣ ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019” тасдиқ гардидааст, ки мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, мебошад.
Мо ҷавононро зарур аст, ки ба боварии ҷомеа содиқ монда, пайгири суханони пурмуҳтавои Сарвари давлат бошем, ки мегӯянд: “Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд!”.
Зулфия САФАРОВА, донишҷӯи коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии
ба номи П.Ҷ. Бӯйдоқов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2018    №: 243    Мутолиа карданд: 866
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед