фарҳанг
ЧАКАН. РАМЗҲОИ НУҲУФТА ДАР НИГОРАҲО
Ҳафтаи пеш Бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО дар ҷаласаи навбатии худ нигораҳои чаканро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон дохил кард, ки ин падида бори дигар аз ҳунару санъати баланди тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.
Нигораҳои чакан яке аз сарватҳои бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик мебошад, ки дар миёни мардуми мо вуҷуд дошт, вале афзудану пурбор кардан ва ба арсаи байналмилалӣ баровардани он ба шарофати табъу завқи баланд, оянданигарии бохирад ва меҳанпарастии беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Мо аз ин дастоварди фарҳангии тоҷикон нахуст сипосу миннатдориамонро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён мекунем. Ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон дохил гардидани нигораҳои чакан, дар нигаҳдории ҳувияти миллии тоҷикон, ки глобализатсия ба вижагиҳои фарҳанги мардумони ҷаҳон панҷа бурдааст, нақши шоиста дорад.
Вожаи «чакан» - ро фарҳангномаҳои муътабартарини куҳани мо, чун «Бурҳони қотеъ» (соли 1652), «Ғиёс - ул - луғот» (соли 1827), «Фарҳанги Рашидӣ» (соли 1653), «Кашф» (соли 1780) шарҳ додаанд. Ин мафҳум, аз ҷумла дар «Бурҳони қотеъ» ба шакли «чакин», «чикин» ва дар «Ғиёс- ул - луғот» ба шакли «чикин» омадааст. Шарҳи ин вожа дар «Бурҳони қотеъ» чунин аст: «навъе аз кашида ва заркашдӯзӣ ва бахиядӯзӣ бошад ва ҷомаву қабоеро, ки чунин дӯхта бошанд, «чакиндӯзӣ» гӯянд…».
Муаллифи «Ғиёс - ул - луғот» ин вожаро ба шакли «чикин» оварда, «навъе аз кашида, ки решми алвон бар ҷома ва ғайра нақш кунанд», тафсир намудааст. Ӯ барои исботи ин далел фарҳангномаҳои «Рашидӣ», «Мадор», «Бурҳони қотеъ» ва «Кашф» - ро мадраки тафсири худ қарор додааст.
Мебояд пурсишеро низ ба миён гузошт, ки «чакан», «чикин», «чакин» ба кадом вожаи дигар иртибот дошта, аз чӣ маънӣ баргирифта шуда бошанд?! Чун чакандӯзӣ ҳунар аст ва ҳунар дар навбати худ офариниши бадеист, гумон ба яқин аст, ки ин вожа ба мафҳуми «чома», «чакома», дар паҳлавӣ «чакомак», яъне суруд пайвастагие дорад. Ин гумонро метавонад вожаи дигари форсӣ «чамона» тасдиқ кунад, зеро маънии «чамона» «нимкадуи мунаққаш, ба сурати пиёлаи шаробхӯрӣ бошад» («Ғиёс - ул - луғот»).
Дар гурӯҳи забонҳои славянӣ, аз ҷумла русӣ, украинӣ, чехӣ, белорусӣ, булғорӣ вожаи «чеканка», (аз он феъли «чеканить») мавҷуд аст, ки маъниаш нақшнигориҳо рӯи чӯб, мис ва дигар филизот мебошад.
Дар луғати этимологии забони русӣ (М.Фасмер, «Этимологический словарь русского языка», М, 1987) вожаи «чекан» - и русиву украиниро баргирифта, аз калимаи «чакуш» донистаанд. Ин вожашиноси доно бар он аст, ки сайри таърихии вожаи «чакуш» чунин сурат гирифтаст, ки он нахуст аз забони форсӣ (асолатан форсӣ - авастоӣ) ба туркӣ гузашта, дубора дар шакли дигаре ба забони форсӣ баргаштааст (луғати номбурда, саҳ. 325). Дар луғати мазкур, ҳамчунон, феъли «чикат» шарҳ дода шудааст, ба маънии «плести», яъне бофтан.
Ҷойи дудилагӣ нест, ки ҳадафи қаламзан ё қаламкаши бостон, яъне тарроҳи нигораи чакан бознамоёндани нақши гули лола, садбарг сияҳгӯш ва ё ягон гули зиндае набудааст. Ҳамин аст, ки косагулҳои чакан ягон гули мушаххасро ба ёд намеоварад. Бояд саъй кард, то ки пайвастагии ин нақшҳо ба эҳсос ва андешаҳои бостонии миллатамон бозёфта шаванд.
Ногуфта нагузорем, ки нигораҳои чакан хосси мардуми танҳо вилояти Хатлон нест. Косагулҳои чакан (ба сурати Офтоб) дар бардеворӣ ё худ сӯзаниҳои мардуми Самарқанду Бухоро, Истаравшан, Дарвозу Ванҷ, Вахиёву Ғарм, дар нақшҳои лаби остину домони тоҷикони Шуғнону Рӯшон низ бо оҳанги дигаре бозтоб шудаанд.
Ва он гуна, ки пайдост, нигораҳои чакан ҳамчун бозтоби андешаҳои бостонии миллатамон, нақши натуралӣ, ё худ нусхабардории одии гулҳо набуда, характери онтологӣ - ташбеҳӣ доранд. Ҳамон гуна, ки зебоишиносон гуногунрангии консепсияи назариявии зебоиро ба чор парадигма (ҷадвали шаклҳои калимаҳо) тафсил кардаанд, парадигмаи аввали онҳо ба арзёбии нақшҳои чакан наздик аст. Ҷонибдорони ин парадигма Афлотун (427 – 347 пеш аз мелод), Тертуллиан Квинт (155/165 — 220/240), Фома Аквинский (1225 - 1274), Фридрих Гегел (1770 - 1831) андеша доштанд, ки зебоӣ ин нақш ё таҷассуми Худованд (ё идеяи мутлақ) дар ашёҳои мушаххас (конкретӣ) мебошад. Чунон ки медонем, тоҷикону эронитаборон пеш аз ислом пазируфтан ва пеш аз гароиш ба оини Зартушт, ҳанӯз 6 – 7 ҳазор сол пеш, меҳрпарастӣ (хуршедпарастӣ) ихтиёр доштанд. Ва ҳатто дар замони боварҳои зартуштӣ оини меҳрпарастиро тарк накарда буданд.
Зиндагии гузаштаҳои дуродури мо ва як идда қавмҳои дигари ориёӣ саросар ба Хуршед (Офтоб) пайвастагӣ дошт, зеро чун гузаштагонамон нахустин деҳқонони киштварз буданд, ҳама пиндору боварҳояшонро ба гардиши солонаи Офтоб ва дигар ҷирмҳои осмонӣ пайваста медиданд. Дар замони Ардашери Бобакон (220/24 - 224/39) парастиши Офтоб (Меҳр) дини расмии давлат будааст. Дар сангнабиштаҳои аз замони Сосониён бозмонда (аз соли 224 то соли 651 мелодӣ), омадааст, ки «Хуршед худои бузург аст ва бад - он савганд мехӯрданд».
Ҷашни Сада низ ба ниёиши Офтоб вобаста аст, ки аз аввали моҳ (аз шаби таваллуди Хуршед – шаби Ялдо, ки шаби дарозтарини сол буда, дар соати 12 - и шаб Хуршед таваллуд мешавад), чиҳил рӯз фосила дорад.
Аз рӯйи оинҳои суғдиён арӯсу домод дар пеши ҳайкали Меҳр савганд ёд мекарданд, то онҳо бо ҳам дӯстона зиндагӣ кунанд.
Ҳамчунон, яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми мо Меҳргон аст, ки ба баробарии тирамоҳии Офтоб ишора дорад ва ба шарофати арҷгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боварҳои фаротаърихии тоҷикон имрӯз дубора зинда шудааст.
Шоёни аҳамият аст, ки дар шерозаҳои кулоҳи мардон акси чалипо (салиби свастика), рамзи ориёиҳо тарсим аст. Бояд дар назар дошт, ҳар ҷо, ки косагули офтобӣ нақш шуда бошад, ба некиву покӣ далолат мекунад. Рӯйи кулоҳ (тоқии чакан), ки бештар бо рангҳои сурху зарду бунафш (сабз) косагулҳо чакандӯзӣ шудаанд, ба маънии фарр, яъне тавре дар боло овардем, хур (Хуршед), фарри эзадӣ ва, ҳамчунон, пиндори нек ишора дорад. Ҳамин тавр, косагулҳои ҳафтранги болои домон бар иффату покдомании занон таъкид мекунад ва гулҳои ситорагуни аз домон то рӯйи шикам густурда низ ишора ба покии занон аст, ки партави Хуршед нигаҳбони насли озодагон мебошад.
Нигораҳои чакан на танҳо дар рӯйи порчаи матоъ, балки дар ҳунарҳои нонпазӣ, чӯбкорӣ, оҳангарӣ низ ба чашм мехӯранд. Нону кулчаҳо, ки ба шакли гирду рӯяшон нақшин пухта мешаванд, нигораҳои чаканро ба ёд меоваранд. Танӯри нонпазии тоҷикон чун Офтоб гирду гарму сӯзон аст. Ҳатто бар рӯйи рафидаи нонпазӣ низ нигораҳои чаканро метавон дид.
Абулқосим Фирдавсӣ дар мавриди бозтоби нақшу нигораҳои айвони шоҳ Гуштосп, аз нақши Хуршед дар девори кох ёдовар шудааст:
Бару бар нигорид Ҷамшедро,
Парастанда мар Моҳу Хуршедро.
Дар замони бостон, ба ҳангоми офариниши нигораҳо, ранг дар баробари шаклсозӣ, дорои рамзу намодҳо будааст. Рангҳои сурху зард рамзи хуршед, оташ, шукӯҳу қудрат, ранги бунафш (сабз) рамзи сулҳу оштиву оромишу навшавандагӣ, боззоии зиндагӣ ва ранги сафед рамзи покдоманиву бегуноҳӣ ва нуру рӯшноӣ будааст.
Мардуми Кӯлоб дӯшизаи зеборо офтобпешонӣ гӯянд, яъне бо пешонии васеъ ва чеҳраи офтобӣ ва дар мӯйҳо (кокулони) дӯшизагон аз нуқра ситораҳои бешумор (чилситора) мечаспонанд. Қуфли гиребон (зиреҳи гиребон) ба сурати Офтоб таҳия гашта, гиребони бонувонро мебандад. Бо жарфнигарӣ ба муҳтавои нигораҳои чакан ва умуман офаридаҳои гузаштагон метавон ба натиҷае расид, ки онҳоро набояд содаву омиёна ва ғайриилмӣ дид, зеро дар он офаридаҳо андешаҳои амиқи фалсафии як миллати таърихи 6 - 7 - ҳазорсола дошта, бозтоб мегардад.
Ҳамин тавр, чун фарҳангпарастони ҷаҳон нигораҳои чаканро барои ҳамешагӣ ҳамчун арзиши баланди фарҳангии мардуми тоҷик пазируфтанд, моро мебояд ҳангоми шарҳи он фалсафа ва дарунмояи дар ин шоҳкор ниҳонро бидонему фаромӯш накунем.
Зафар МИРЗОЁН, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии
Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.12.2018 №: 243 Мутолиа карданд: 1172