ҳуқуқ
ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА ТАТБИҚИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва олимону донишмандон бахшида ба 70 - умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ баргузор гардид.
Дилшод Раҳмон, декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ намуд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин росто, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита дифоъ аз ҳуқуқи инсон мекунанд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд, - афзуд Д. Раҳмон.
Зикр гардид, ки эъломия аз ҷумлаи санадҳои муҳими байналмилалии меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар партави Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.
М. ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.12.2018 №: 244 Мутолиа карданд: 838