logo

туризм

БЕЛОРУСИЯ КИШВАРИ НЕКУХИСОЛОН

Амри тақдир бандаро чанде пеш ба кишваре овард, ки қиссаҳои мардумнавозиву хоксорӣ ва ҳалимиву меҳрубониашон вирди забонҳо гардидааст. Ин ҷо сухан аз боби халқи беларус ҳасту ин чанд мушоҳида қиссае аз наҷобати онҳо.
Кушодарӯӣ, табассумҳои малеҳ, ширинсуханиҳои истиқболкунандагони маъмурии фурудгоҳи Минск басо дилнишину дилнавоз буд. Амалиёти расмиёти вурудӣ бо муомилаву муоширати ширину хандон ва таманнои барори корҳо аз сафар сурат гирифта, ниҳоят тез анҷом меёфтанд. Ронандаҳои таксиҳо ҳангоми муайян кардани самти ҳаракат тавассути JPC  масири кӯтоҳтаринро интихоб менамоянд.
Кӯчаву паскӯча, хиёбону гулгаштҳо ва, умуман, тамоми шаҳр, ки аксаран бо дарахтони мевадор ва сабзаи хушнамуд музайян гардидаанд, тозаву озода ва тамйизшудаанд ва, агар мабодо ягон мева ба замин афтад, ҳатман аввалин шахси гузаранда, онро гирифта ба канор мегузорад,  то дилхоҳ кас аз он баҳра бардорад. Барои мардуми ниёзманд баҳри фароғату истироҳат сари ҳар чанд фосила ҷойгоҳҳои муҷаҳҳаз бо мизу курсӣ ва чатрҳои паноҳанда аз барфу борон ва офтоб сохта шудаанд. Барои одамони ҷангалдӯсту хилватҷӯ ҳам қад-қади ҷангалчаҳои шаҳру атрофи он минтақаҳое бо номи “Фитазона” - ҳо оростаанд, ки аҳён - аҳён холианд. Дар ин гӯшаҳо хоҳишмандон вохӯриҳо гузаронда, пеш аз рафтан он ҷоро тозаву озода мекунанд.
Дар аксари кӯчаву хиёбонҳо лавҳаву муҷассама ва гӯшаҳои арҷгузорӣ ба ниёкон ва фарзандони шуҳратёри кишварро дидан мумкин аст, ки аз фарҳангсолориву посдории арзишҳои миллӣ шаҳодат медиҳанд.
Меҳрубониву муҳаббати мизбонон ҳар сари қадам зуҳур мекунад. Дар ошхонаву тарабхона ҳатман таому машруботи хосси миллиро тавсия намуда, бо тамоми назокату лутф ва дар фосилаи кӯтоҳтарин ҳамаро муҳайё сохта, дар тарзи хӯрдану нӯшидан раҳнамои карда, аҷобати ҳар хӯришро бо завқ тавзеҳ медиҳанд. Хизматрасонӣ ниҳоят хушдилонаву дилсӯзона аст. Аҷибаш ин, ки тамоми нозу истиғнои мизоҷонро бо таҳаммули фавқулодаи саршор аз лутфу марҳамат истиқбол намуда, худро норизову нороҳат нишон намедиҳанд.
Як мисоли дигаре меорам, ки бароям ниҳоят омӯзандаву дилписанд намуд. Дар яке аз хиёбонҳои шаҳр ба чашмам зану марди ҷавоне афтод, ки бо писарбачаи тахминан 6 – 7 – солаи худ ба сӯям меомаданд. Вақте наздик шуданд, ба чашмонам бовар накардам. Дар дасти ин кӯдак ду салафан – яке бо тухми офтобпараст буду дувумаш барои ҷамъ кардани пӯчоқи он.
Аббос АФСАҲЗОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2018    №: 244    Мутолиа карданд: 1107
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед