ҳуқуқ
ЛАХШ. БАРАКАТИ ТАНЗИМ
Риояи қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар меҳвари таваҷҷуҳи кормандони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш қарор дорад. Имрӯзҳо кормандони бахш дар ҳудуди 9 ҷамоати деҳот ва 1 ҷамоати шаҳраки ноҳия назоратро дар самти риояи қонунҳои мазкур ва тартиби гузарондани ҷашну маъракаҳо дар доираи талаботи асноди зикршуда пурзӯр намудаанд.
Кормандони бахш давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо комиссияҳои доимии шаҳраку деҳот 31 семинару машварат ва суҳбату вохӯриҳо гузаронданд. Ҳамчунин, 286 маротиба рейдҳои муштарак дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 4 санҷиши фаъолияти комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо ва кумитаи маҳалҳо доир шуда, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои методию амалӣ дода шуд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ як маротиба машғулияти амалӣ оид ба омӯзиши қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ гузаронда мешавад. Мардуми ноҳияи Лахш моҳияти қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро хуб дарк намуда, имрӯзҳо аз ҳисоби камхарҷ гузарондани маъракаҳои худ ба корҳои ободонӣ, яъне дар маҳал ва деҳаи худ ба сохтмони роҳу пулҳо, ҳаммому сартарошхона, кашидани хати оби нӯшокӣ ва чароғон кардани кӯчаҳо иқдом гирифтаанд. Аз ҷумла, дар деҳаи Ҷиргатол аз ҳисоби даромадҳои худии оилаи Шомуродовҳо 2,3 километр роҳи асосии деҳа ҳамвор ва сангфарш гардида, дар шафати он чароғҳои равшанидиҳанда насб шуданд. Тоҷиддин Абдуллоев низ як километр роҳро сангфарш ва дар шафати он чароғҳои равшанидиҳанда насб намуд. Ҳамчунин, бо саҳми Умед Маҳмудов, сокини ҳамин деҳа, як километр ва аз ҳисоби Темирбой Носиров 500 метр роҳҳои байни деҳа сангфарш гардиданд. Бо саҳми Рақибулло Шарифов ба деҳаи Ҷиргатол як километр хати оби нӯшокӣ кашида шуд. Абдурасул Ташбеков бо хобондани 4 қубури обгузар дар чор гузари ҳамин деҳа ва сангфарш кардани 700 метр роҳ саҳми худро дар ободонии деҳа гузошт. Ҳамин тавр, Муродбек Ахмедов 500 метр, Тойчувай Ҷалилов 400 метр ва Илфонидин Забиров 300 метр роҳҳои байни деҳаро сангфарш намуданд, ки дар маҷмӯъ, 7 километр роҳи байни деҳа сангфарш гардида, 15 адад қубурҳои обгузар хобонда шуд. Ин тасмимот танҳо дар ҳудуди як деҳаи Ҷиргатол тавассути ҳашарҳои дастаҷамъона ва аз ҳисоби камхарҷ гузарондани тӯйю маъракаҳо ва хайрияҳо амалӣ гардидааст.
Дар деҳаи Қушайи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бошад, аз ҳисоби Тоҷиддин Ҳамидов 3 километр роҳи байни деҳа сангфарш гардида, сокинони ин ҷамоат тавассути ҳашарҳои дастаҷамъона канали Пиёзиро аз нав тоза намуданду барои обёрии заминҳо дар соли оянда омода сохтанд. Илова бар ин, бо саҳми сокинони Ҷамоати деҳоти Ваҳдат дар соҳили Дарёи Кабуд дар тӯли 500 метр симтӯрҳо хобонда шуда, соҳили дарё мустаҳкам гардид. Сокинони ин минтақаи дурдасти кишвар азм доранд, ки минбаъд низ аз ҳисоби камхарҷ гузарондани ҷашну маъракаҳо ҳар чи бештар дар корҳои ободонӣ саҳм гирифта, ин гӯшаи диёрро обод намоянд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.12.2018 №: 244 Мутолиа карданд: 829